logo

иҷтимоиёт

САМАР. ДАР БОРАИ ВОХӮРИЮ МУЛОҚОТҲОЕ, КИ БО СОКИНОНИ ШАҲРИ РОҒУН АНҶОМ ГИРИФТАНД

Ҷиҳати тарғибу ташвиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва шарҳи қонуни мазкур дар маркази шаҳри Роғун, деҳаи Ҷавонӣ ва Ёли Гармобаи Ҷамоати деҳоти Қади Об, деҳаи Шоҳи Арслони Ҷамоати деҳоти Сичароғ мулоқоту вохӯриҳо баргузор гардиданд. Ҳамзамон, оид ба дастовардҳои Тоҷикистон дар тӯли 26 соли Истиқлолияти давлатӣ, таъмини сулҳи пойдор, суботи сиёсиву иҷтимоӣ дар кишвар ва арзиши таърихии онҳо, рушди иқтисодиёт, бунёди пояҳои давлатдории муосир ва дар низоми байналмилалӣ соҳибмақом, фароҳамсозии фазои озоди бунёдкориву созандагӣ, иқдому ташаббусҳои фарогиру ҷаҳоншумул, заҳматҳои шабонарӯзӣ ва нақши калидии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар  равандҳои мазкур баромаду суҳбатҳои гарму самимӣ доир шуд.
Дар  радифи ибрози дастовардҳои даврони истиқлолият, аъзои гурӯҳи тарғиботӣ таваҷҷуҳи сокинони шаҳру деҳоти Роғунро ба нуктаи муҳим - нақши Истиқлолияти давлатӣ дар эҳё ва рушди анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, ки ҳамчун мероси гаронбаҳои маънавӣ то ба замони мо расидаанд, ҷалб намуданд. Аз ҷумла, қайд гардид, ки ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ як силсила ҷашнҳои бостонӣ, аз қабили Наврӯз, Меҳргон ва Сада эҳё гардида, идҳои Рамазону Қурбон расман ба фазои фарҳангии мамлакат ворид шуда, дар кишвар низоми ягонаи гузарондани ҷашну идҳои милливу динӣ ба расмият даромаданд.
Барои он ки мардум аз хурофоту таассуб ва бори гарони хароҷоти нолозим озод гашта, натиҷаи меҳнати хешро ба нафъи фарзандон ва таълиму тарбияи онҳо равона созад, 10 сол муқаддам бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахустин қонуни миллии кишвар - Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид. Бо гузашти айём собит шуд, ки иқдоми Пешвои миллат саривақтӣ ва ногузир буд, чунки он аз воқеияти рӯзгори мардуми мо сарчашма гирифта, барои даво бахшидан ба бемории иҷтимоӣ ва ислоҳоти маънавӣ дар ҷомеа оғоз бахшид.
Ҳамин тавр, қонуни мазкур барои ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ асос гузошт, суннатҳои диниву мардумиро ба танзим даровард, анъана ва маросиму  ҷашнҳои миллиро мушаххасу дақиқ намуд ва дар натиҷа гузариш аз татбиқи стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ ба татбиқи стратегияи баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ имконпазир гардид.
Аъзои гурӯҳи тарғиботӣ моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» - ро дар заминаи моддаҳои дахлдор, тавассути далелҳои мушаххас шарҳу эзоҳ доданд. Зикр шуд, ки ба қонуни мазкур як қатор тағйироту иловаҳои нав, аз ҷумла  дар рӯзҳои идҳои Рамазон ва Қурбон оростани дастархони маънавӣ ва хоксорона, роҳ надодан ба исрофкорӣ ва зиёдаравӣ, тартиби гузарондани хатнасур, маъракаҳои номгузорӣ, гаҳворабандон, чиллагурезон, мӯйсаргирони тифл, танзими тӯйи арӯсию домодӣ, маросими дафну азодорӣ, ҳаҷ, баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандон ва шахсони мансабдори давлатӣ ҷиҳати иҷрои муқаррароти қонун ворид гардиданд, ки онҳо барои ҳимояи манфиатҳои аҳолӣ мебошанд.
Дар рафти вохӯриҳо вобаста ба татбиқи амалии дастуру нишондодҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, инчунин, татбиқи самарабахши нишондоди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», зарурати роҳандозии чорабиниҳои мухталиф бо мақсади тарбияи маънавӣ, меҳанпарастӣ, ифтихори миллӣ, дарки масъулиятшиносӣ байни тамоми қишрҳои ҷомеа, бахусус ҷавонону наврасон, сабабу омилҳои ба фарҳанги бегона тақлид намудани баъзе аз занону ҷавонон, гароиши онҳо ба ҷараёну равияҳои ифротгаро ва тарғиби тарзи ҳаёти солим таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.
Дар ҷараёни суҳбату вохӯриҳо  ҳайати гурӯҳи корӣ ба саволҳои сершумори сокинони шаҳру деҳоти Роғун ҷавобҳои муфассалу қаноатбахш дода, ба масъулони мақомоти танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, бахши ҷавонон ва варзиш, шуъбаи маориф, раисони ҷамоатҳои деҳот, имомхатибон, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ китобу ҷузваҳои ба тозагӣ интишорёфтаи «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Шарҳи тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Тартиби гузарондани маросими азодорӣ» - ро тақдим намуданд.
Маҳмадулло РАҶАБЗОДА,
роҳбари гурӯҳи корӣ, ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон
ба номи Сотим Улуғзода


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.09.2017    №: 202    Мутолиа карданд: 475

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед