logo

иқтисод

ТОҶИКОБОД. ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛГАРОН ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ

Кормандони сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод ахиран якҷо бо роҳбарияти минтақавии Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соҳибкорони маҳаллӣ мулоқот доир намуданд, ки дар он масъалаҳои вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон матраҳ шуд.
Директори маркази ташхиси минтақавии «Тоҷикстандарт» Аскаралӣ Соҳибназаров иброз дошт, ки ҳадаф аз дидору гуфтугӯ бо соҳибкорон ба онҳо додани маълумоти зарурӣ оид ба сатҳу сифати хизматрасонӣ дар амри  ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон мебошад. Ба гуфтаи ӯ, ин мавзӯъ дар ҷаласаи чоруми Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар водии Рашт, ки 2 августи соли равон бо иштироки раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони навоҳии водии Рашт ва  намояндагони ташкилотҳои давлатию ҷамъиятӣ дар ноҳияи Тоҷикобод баргузор гардид, мавриди таҳлилу баррасӣ  қарор гирифта буд.
Ба иттилои Раҷабалӣ  Идибеков, намояндаи маркази ташхиси минтақавии «Тоҷикстандарт» дар ноҳияи Тоҷикобод, кормандони марказ дар ҳайати комиссияи муштарак якҷо бо  кормандони сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баҳри баланд бардоштани сатҳи маърифати истеъмолкунандагон корҳои таблиғотию ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳиро роҳандозӣ намуда истодаанд. Дар самти ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия маркази машваратӣ оид ба ҳимояи истеъмолгарон амал мекунад, ки шаҳрвандон метавонанд дар ҳолати харидани маҳсулоти пастсифат арзу шикояти худро расонда, ҳамзамон маслиҳату машварат ва маълумоти зарурӣ пайдо намоянд. Дар марказҳои машваратӣ ва ташхис  ба сокинон фаҳмонда мешавад, ки пеш аз харидани молу маҳсулот ба таърихи истеҳсол, муҳлати истеъмол диққат диҳанд, зеро истифодаи маҳсулоти бесифат ва муҳлаташ гузашта метавонад боиси сар задани  ҳар гуна бемориҳо гардад.  Харидор ҳуқуқ дорад, ҳангоми харид аз фурӯшандаҳо чеки хазинавии маҳсулот ва сертификати мутобиқати онро талаб намояд. Дар сурати сар задани мушкилот ӯ метавонад ба  маркази ташхиси минтақавӣ муроҷиат намояд.
Дар ҷамъомад зикр гардид, ки имрӯзҳо сифати хизматрасонӣ дар ноҳия беҳтар гардида, намудҳои нави хизматрасонӣ, аз ҷумла мағозаҳои навъи супермаркет ба фаъолият оғоз намудаанд, ки ба мардум дар сатҳи баланд хизмат мерасонанд. Боиси зикр аст, ки айни замон дар ноҳияи Тоҷикобод шумораи соҳибкорон ба 191 нафар расида, аз ин 83 нафар бо патент, 108 нафар бо шаҳодатнома фаъолият менамояд.  Ба андешаи директори марказ дар натиҷаи беҳтар ба роҳ мондани ҳамкории муштараки мақомоти давлатӣ  ва соҳибкорон сатҳу сифати хизматрасонӣ ва молу ашё беҳтар  шуда, ин тадбирҳо ба рушди бонизоми  соҳибкорӣ мусоидат менамоянд. Дар вохурӣ, ҳамчунин, ба соҳибкорон  аз ҷониби роҳбарияти маркази ташхиси минтақавӣ дар ноҳияи Лахш  моҳияти қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба стандарти давлатӣ ва ваколатҳои мақомоти стандарт шарҳ дода шуд.
Дилшод АМИРОВ,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.09.2017    №: 202    Мутолиа карданд: 411

24.06.2019


Президенти Филиппин моҳи октябр ба Россия меояд

Трамп бо Эрон омодаи гуфтушунид буданашро тасдиқ намуд

Дар Ҳиндустон афтидани хайма боиси марги 14 нафар шуд

СУҒД. Оғози мусобиқаи байналмилалӣ

"ФИЛОСОФИЯ ОТДЫХА" имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро таҳлил намуд

Ҷаҳон дар як сатр

21.06.2019


Мулоқоти Хайринисо Юсуфӣ бо Валериу Кивер

Ҳамоиш бахшида ба таъмини устувории макроиқтисодӣ

Муаррифии натиҷаҳои фаъолият дар самти безараргардонии башардӯстонаи минаҳо

20.06.2019


Гумерова: «Омӯзгорони рус дар Тоҷикистон мондан мехоҳанд»

СММ: «Ҳиндустон дар нуфуси аҳолӣ баъди 8 сол аз Чин мегузарад»

Пекин тавсеаи ёрии иқтисодӣ ва башарӣ ба Сурияро зарур мешуморад

Дар Ҷопон ҷазои ҷисмонии кӯдаконро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед