logo

фарҳанг

МИЛЛАТЕ, КИ КИТОБ МЕХОНАД...

Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Абдусалом Мирализода гуфт, ки таблиғи китобу китобхона бояд ҳамарӯзӣ бошад, зеро ҷомеаи кишвар набояд ба буҳрони маънавӣ  гирифтор шавад. Дурии мардум аз китоб таъсири амиқ ба ахлоқи ҷомеа дорад.

- Ба назари ман, муҳимтарин масъалае, ки ба китоб ва китобхона иртибот дорад, ин баргардондани хонанда ба мутолиа аст. Бар асари рӯйдодҳои маълуми солҳои аввали истиқлолият, буҳронҳои ҷаҳониву минтақавии иқтисодӣ мардум аз китобу китобхона дур шуданд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои қобили мулоҳизаеро рӯйи даст дорад, ки ба рушди илму маърифат равона гардидааст. Худи бунёди ҳамин китобхонаи боазамат, ки назираш дар минтақа вуҷуд надорад, баёнгари ин нукта аст, ки Ҳукумати мо ва  пеш аз ҳама Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба китоб таваҷҷуҳи аввалиндараҷа медиҳанд. Ин китобхона ҳама шароитҳоро барои ҷалби хонанда дорад ва толорҳои мукаммалу муҷаҳҳази он метавонанд ниёзҳои хонандаро бароварда созанд. Садҳо ҳазор адад китоб дорад, садҳо китобҳо дар шакли электронӣ омода шудаанд, ки хонанда метавонад онро дар толорҳои китобҳои электронӣ мутолиа намояд.
Имрӯз ҳам китобхонаҳо беҳтарин макони мутолиа барои донишомӯзонанд. Бойгонии китобхонаҳоро намешавад ба китобҳои электронӣ қиёс кард.
Китобхонаҳо бояд тавони онро дошта бошанд, ки эҳтиёҷоти мизоҷонашонро бароварда созанд. Китобхонаи миллӣ солона даҳҳо ҳазор сомониро сарфи он мекунад, ки китоби нав харад, аз мардум китобҳоеро харидорӣ кунад, ки дар бойгонӣ надорад. Даҳҳо нусха дастнавис, нусхаҳои қаламӣ ва чопи сангии асрҳои куҳан, ки харидорӣ шудаанд, гувоҳи онанд, ки эҳтиёҷ ба китобҳои қадим зиёд аст. Инҳо китобҳое мебошанд, ки ҳоло электронӣ нашудаанд.
Аз ҷониби дигар мутахассисон ҳам бояд ҷӯё бошанд. Дигар шеваҳои қадимии хизматрасонӣ ба кор намераванд. Имрӯз китобдор наметавонад китобдори ҳаддиақал даҳ соли пеш бошад. Бояд донишҳои худро пайваста такмил диҳад ва барои ҳамин Китобхонаи миллӣ маркази такмили ихтисос дорад, ки пайваста дар мавриди боло бардоштани донишҳои китобдорон ва ошноии онҳо бо шеваҳои нави кори китобдорӣ кор мекунад. Ҳоло омӯзиши барномаи Таснифоти даҳгонаи универсалӣ шурӯъ шудааст, курсҳои компютерӣ ва ғайра роҳандозӣ гардидаанд, ки тозатарин ва навтарин шеваҳои корбурди китобҳо мутобиқ ба мизони замон омӯзонда мешавад, барномаҳои ҷолибу муосири кор бо китобҳо мавриди омӯзиш қарор мегиранд. Ва мо ният дорем ин равишро минбаъд низ густариш диҳем, то китобдор  дониши ҷавобгӯи талаботи замонро дошта бошад. Ахиран 25 нафар корманди китобхона бо ширкат дар дарсҳои “Таснифоти даҳгонаи универсалӣ” мутобиқ ба тақсимоти даҳгона омӯзиши рақамҳои таснифотӣ илмҳои табиӣ, риёзӣ, ахтаршиносӣ, геодезия, физика, кимиё, маъданшиносӣ, геологияро омӯхтанд. Дар бораи илмҳои геологӣ ва геофизикӣ, полеантология, илмҳои биологӣ, ботаника, зоология маълумоти муфассал дарёфт карданд. Ин танҳо як давраи омӯзишист, ки маркази такмили ихтисос роҳандозӣ намудааст. 
Мо саъю талош меварзем, ки ҷомеаи мо, махсусан насли ҷавон китобхон бошад, зеро маҳз ҷомеаи китобхон метавонад дар рушду такомули доимӣ бошад. Миллати китобхон соҳибмаърифату соҳибнусрат аст. Миллати бомаърифат ватандӯст ва бунёдкор мебошад. Мо бояд миллатро ба мутолиаи самаранок баргардонем. Ин ҳадафи асосии Китобхонаи миллии Тоҷикистон аст. Барои ин аз ҳамаи имкониятҳо истифода мебарем.
Китобхона ҳоло танҳо ҷойе нест, ки дар он китоб хонанд. Даҳҳо номгӯ маҳфилҳо амал мекунанд, ки ҳар шуъба ва ҳар толор вобаста ба вижагии худ роҳандозӣ менамояд. Маҳфилҳои эҷодӣ дорад, ки эҷодкорони ҷавону наврас истеъдоди худро месанҷанд ва онҳоро устодони варзида раҳнамоӣ мекунанд. Кӯдакон маҳфили созандагӣ доранд. Теъдоде аз ин маҳфилҳо аз тариқи телевизиони “Баҳористон” намоиш дода мешаванд.
Дарсҳои омӯзишии забонҳои русӣ, олмонӣ, инглисӣ, чинӣ, арабӣ амал мекунанд, ки хатмкунандагонаш соҳиби шаҳодатнома мешаванд. Хулоса, хеле гуфтаниҳое ҳастанд, ки намешавад дар як суҳбати кӯтоҳ аз он ҳама гуфт. Аз ин рӯ, аз хонандагон даъват мекунем, ки узви китобхона бошанд, то ин ҳамаро бо чашмони худ бинанд.
Мусоҳибон Абдулқодири РАҲИМ,
Бобоҷони ШАФЕЪ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.09.2017    №: 202    Мутолиа карданд: 321

21.01.2019


Фестивали байналмилалии «Наврӯз – мероси фарҳангии сайёҳӣ» баргузор хоҳад шуд

"Парасту - 2019" – ҷашнвораи ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Баргузории ҷашнвораи байналмилалии «Рӯзи барф» дар Калуга

Дар Арабистони Саудӣ ҷалби бонувон ба корҳои ҷамъиятӣ меафзояд

Соли 2018 прокуратураи Қазоқистон ба буҷети кишвар $90 миллион талофӣ кард

Дар Тошканд хазинаи қадима ёфт шуд

Дороии 26 шахси сарватмандтарини дунё ба даромади 3,8 миллиард ниёзманд баробар аст

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед