logo

иқтисод

ХОБУРУБОТ. РОҲИ ЭҲТИЁТИИ АҒБА БОЯД ҲАМЕША КУШОДА БОШАД!

Чуноне ки хонандагони гиромӣ огоҳӣ доранд, бар асари сар задани офати табиӣ, фаромадани селҳои азими харобиовар аз ҳудуди  Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ду қитъаи  шоҳроҳи  байналмилалии автомобилгарди  Душанбе – Кӯлоб – Дарвоз – Хоруғ – Мурғоб - Қулма дар масофаи зиёда аз як километр   дар  оврингҳои Хостав ва Ширговади қаламрави Ҷамоати деҳоти Нулванди ноҳияи Дарвоз   бо сабаби баланд гаштани сатҳи дарёи Панҷ зери об монда, дар натиҷа тайи ду ҳафта  ҳаракати нақлиёти автомобилӣ дар ин қисмати шоҳроҳ муваққатан  баста шуда буд. 
Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири  мамлакат Қоҳир Расулзода, муовини Сарвазир Азим Иброҳим, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед, вазири нақлиёт Худоёр Худоёрзода, раиси ноҳияи Дарвоз Абдураҳмонзода Саидбурҳони Саидраҳмон ва дигар роҳбарони вазорату идораҳо фавран ба ҷойи ҳодиса омада, тайи ду ҳафта  ҳамроҳи роҳкушоён буданд.  Дастгириҳои Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва заҳмати шабонарӯзӣ имкон дод, ки дар кӯтоҳтарин фурсат оқибати офати табиӣ бартараф карда шавад. Ҳоло ҳаракати  нақлиёт  тавассути ин қисмати роҳ шабу рӯз хуб ҷараён  гирифтааст.  Хонаводаҳои бесарпаноҳмондаи рустоҳои Хостав ва Ширговад ба деҳаи Яхчисор кӯчонда, барои онҳо бо дастуру супоришҳои Пешвои миллат манзили нави зист сохта  мешавад.
Ба гуфтаи Сулаймон Муллоёров, сардори муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди  ноҳияи Дарвоз,    ҳоло коргарони ин муассиса ва роҳсозони муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди мавзеи Сафедорони Ҷамоати деҳоти Сағирдашт хатои кори худро дарк карда, бо кумаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва идораҳои ҷумҳуриявӣ ба тахту ҳамворкунии  пасту баландиҳои роҳҳо ва таъмиру мустаҳкамсозии  пулҳои мошингузари мавзеъҳои Ширг – Дударгӣ,  болои ағбаи Хобурубот, Қалъаи Ҳусайн ва Дашти Шер то ҳудуди ноҳияи Сангвор машғуланд. Тамоми тадбирҳо андешида мешаванд, то камбудӣ ва норасоиҳои ҷойдошта дигар такрор нашаванд, роҳи эҳтиётӣ тариқи ағбаи Хобурубот дар фаслҳои тобистону тирамоҳ  шабу рӯз кушода бошад.
Сабаби асосии зиёда аз ду ҳафта баста шудани ду қитъаи шоҳроҳ, таваққуф намудани садҳо нақлиёти автомобилӣ, вайрон шудани маҳсулот, сарсону саргардон гаштани ронандагону мусофирон он буд, ки  масъулини соҳа ба таъмиру тармими роҳҳои самти Қалъаи Хумб – Сангвор – Нуробод аҳамият надоданд. Рух додани офатҳои табиӣ дар ду қитъаи шоҳроҳи байналмилалӣ сабақи калонест барои роҳдорон. Роҳи эҳтиётии Қалъаи Хумб – Сангвор – Душанбе низ бояд ҳама вақт тахту ҳамвор ва дар ҳолати истифодабарӣ қарор дошта бошад.
Сироншоҳи ДИЛОВАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.09.2017    №: 202    Мутолиа карданд: 393

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед