logo

сиёсат

ОБ. ТОҶИКИСТОН ПЕШОҲАНГИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ ҶАҲОНИИ ВОБАСТА БА ОН

Қабули Қатъномаи Маҷмаи умумии СММ дар бораи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» (солҳои 2018 - 2028), ки аз ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад, аз боло рафтани эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ дарак медиҳад.

Бо тасдиқи коршиносон қабули қатъномаи мазкур дар пасманзари оқибатҳои хатарноки ивазшавии иқлим, хушкшавӣ ё биёбоншавӣ дар баъзе аз минтақаҳои ҷаҳон, обхезиҳои шадид ва дигар офатҳои табиӣ, ки аз вайрон шудани низоми табиат дар тамоми ҷаҳон сар мезананд, дастрасӣ ба об, паҳн шудани бемориҳои сирояткунанда ба воситаи ифлос шудани он ва дигар масоили ба об марбут ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, саривақтию зарурӣ буда, аҳамияти умумибашарӣ дорад.
Тавре коршиносон арзёбӣ мекунанд, шумораи аҳолии сайёра то соли 2050 зиёда аз 9 миллиард нафарро ташкил дода, ба афзоиши истеъмоли об боис мегардад. Бар асари таъсири тағйирёбии иқлим дар давраи зикршуда аллакай зиёда аз 50 фоизи аҳолии ҷаҳон бо мушкили норасоии об рӯ ба рӯ мегардад. Бар замми ин, раванди биёбоншавӣ, афзудани офатҳои табиии вобаста ба об, урбанизатсия ва ғайраҳо, ки ба захираҳои обӣ ва сифати он таъсири манфӣ мерасонанд, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ татбиқи чораҳои фаврӣ ва амалиро талаб мекунанд.
Дар Қатъномаи эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», барои солҳои 2018 - 2028 махсус қайд шудааст: «Татбиқи барнома бо таъкиди он, ки манбаъҳои обӣ барои рушди устувор ва аз байн бурдани камбизоативу гуруснагӣ дорои аҳамияти ҳалкунандаанд,  барои рушди захираҳои инсонӣ, таъмини саломатию бурдбории инсон комилан заруранд,  барои расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор ва дигар ҳадафҳои марбут ба соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ дар сатҳи байналмилалии мувофиқашуда аҳамияти аввалиндараҷа доранд».
Зарурати қабули Қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», барои солҳои 2018 - 2028-ро СММ ба он нигарониҳои умумибашарие асоснок менамояд, ки барои ҳамаи кишварҳои олам дахл доранд. Дар қатънома зикр шудааст, ки «афзоиши аҳолию раванди шаҳрнишинӣ, биёбоншавӣ, хушксолӣ ва тағйири иқлим, инчунин, набудани имконот барои таъмини истифодаи мақсадноки об ва дар оянда авҷ гирифтани мушкилоти марбут ба набудани дастрасӣ ба оби нӯшокии бехатар ба офатҳои гидрологӣ ва норасоии об оварда мерасонад».
 Тибқи қатънома, ҳадафҳои даҳсола таваҷҷуҳи хосса ба рушди устувор ва идоракунии ҳамоҳангшудаи захираҳои об барои расидан ба ҳадафҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳифзи муҳити зист, амалигардонӣ, пешбурди барномаҳо ва лоиҳаҳои дахлдор, инчунин, густариши ҳамкорӣ ва шарикӣ дар ҳамаи сатҳҳо барои мусоидати татбиқи ҳадафҳо ва вазифаҳои дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқашудаи марбут ба захираҳои об, аз ҷумла Ҳадафҳои рушди устуворро дар бар мегиранд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари роҳбарони 10 кишвари дигари аъзои Созмони Милали Муттаҳид узви Гурӯҳи сатҳи баланд оид ба об мебошад. Муовини аввали вазири энергетика ва захираҳои оби кишвар Намояндаи махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Гурӯҳи сатҳи баланд оид ба об таъйин шудааст.
Пас аз соли нав раванди омодагӣ доир ба гузарондани муколамаи кории Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид оғоз мегардад. Дар ин раванд ҳамкории бештару зичтари давлатҳо дар соҳаи об барои ноил гаштан ба дигар ҳадафу мақсадҳои дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқашуда мусоидат менамояд.
Дабири кулли СММ Антониу Гуттерреш ба ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои марбут ба об баҳои баланд дод. Ба андешаи Дабири кулли СММ, Тоҷикистон дар ин ҷода ниҳоят ташаббуси хуб нишон дода, ҷомеаи ҷаҳониро ба таври зарурӣ ба ҳаллу фасли масъалаҳои мазкур водор намуд ва ҷамъ овард.
Қабули қатъномаи мазкур боиси ифтихори тоҷикистониён буда, мардуми кишвар моҳияти ин амали бузургро бояд ба наврасону ҷавонон фаҳмонанд. Ҳанӯз аз остонаи кӯдакистон ба бачаҳо дӯст доштани табиат, ҳифз ва сарфакоронаю оқилона истифода бурдани обро бояд талқин намуд.
Илҳом ДАВЛАТОВ,
корманди Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.09.2017    №: 202    Мутолиа карданд: 669

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед