logo

ҳуқуқ

ҶИНОЯТ ва ҶАЗО

Масъулони ширкатҳои истисморгар ба ҷавобгарӣ кашида шуданд
Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон алайҳи кормандони ширкатҳои «Абдулкарим», «Ҷамол-2012», воқеъ дар шаҳри Душанбе ва «Имкон-2015», воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ, бо ҷурми харидуфурӯши одамон, бо мақсади суиистифодаи кор ё хизматрасонии маҷбурӣ, ғуломӣ ё расму одатҳои ба ғуломӣ мушобеҳ тибқи моддаи  1301 қисми 2, бандҳои «г» ва «ё» - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз намудааст.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ, дар пайи санҷишҳои прокурорӣ муайян шудааст, ки ин ширкатҳо ба таъмини муҳоҷирон бо ҷойи кор машғул буда, дар соли 2016 ва нимаи аввали соли равон даст ба ҷиноят задаанд. Аз ҷумла, шаҳрвандон Ш. Асаналишоева, С. Сироҷова, Д. Келдиев, Р. Делаева ва дигаронро ба Шоҳигарии Арабис-тони Саудӣ ба муҳоҷирати корӣ фиристода, дар манзилҳои истиқоматии шаҳрвандони ин кишвар ба корҳои маҷбурӣ ҷалб намуда, музди маошашонро  пардохт накардаанд.

Билети ҳарбии қалбакӣ корманди комиссариатро ба суд бурд
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Авазхон Шайховро баъд аз анҷоми тафтишоти пешакӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол намуд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти агентӣ, Авазхон Шайхов, ки дар вазифаи сардори зершуъбаи даъват ва тайёрии ҷавонон ба хизмати ҳарбии комиссариати ҳарбии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ фаъолият менамуд, бо суиистифода аз мақоми хизматӣ барои тайёр намудани билети ҳарбии ғайри қобили хизмати ҳарбӣ аз шаҳрванд С. Орифов 400 доллари амрикоӣ ва 250 сомонӣ гирифта, ба номбурда билети ҳарбии қалбакӣ тайёр карда додааст.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.09.2017    №: 203    Мутолиа карданд: 499

03.05.2019


 ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲОИ СОХТОРҲОИ ГЕОЛОГИИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕ-КИСТОН

 МУЛОҚОТИ ИСМАТУЛЛО НАСРЕДИН БО МЕҲР ХОЛИД

 ФИЛМИ «ТАНГНО» АЗ ҚАЗОН БО ҶОИЗА БАРГАШТ

 ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ФАЪОЛИЯТИ ОПЕРАТОРИ НИЗОМИ ПАРДОХТӢ

 ЁВОН. БУНЁДИ 341 ИНШООТ ТО ҶАШНИ ФАРХУНДА

 ВАРЗОБ. ФАРДО АЗ ИМРӮЗ ЗЕБОТАР ХОҲАД ШУД

 ОЛМОН ЗИДДИ ВУРУДИ НИЗОМИЁН БА ВЕНЕСУЭЛА

 ДАР ҲИНДУСТОН АЗ ХАТАРИ ТУНДБОДИ «ФАНИ» БЕШ АЗ 800 ҲАЗОР НАФАР КӮЧОНДА ШУД

 ПАРЛАМЕНТИ ҚИРҒИЗИСТОН КОРКАРДИ КОНҲОИ УРАНРО БОЗДОШТ

 ДАР ТУРКМАНИСТОН НАРХИ ЧИПТАИ ҲАВОПАЙМОҲО ДУ БАРОБАР БОЛО РАФТ

ТУРКИЯ СЕЮМ КИШВАРИ САБЗТАРИНИ ДУНЁ ЭЪТИРОФ ШУД

02.05.2019


 Ҳадияи раиси шаҳр ба ифтихори 74 – умин солгарди Рӯзи Ғалаба

 Мулоқоти Хусрав Нозирӣ бо Муҳаммад ибни Абдураҳмон

 Баррасии фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ дар кишвар

 ҶОМИ КФО. Пирӯзии «Истиқлол» бар «Дордой»

 Баргузории мизи гирд доир ба дипломатияи мардумӣ дар Тошканд

 Ҷонибҳои тақобули Сурия қисме аз масоили баҳсиро ҳал намуданд

 ЮНИСЕФ: "Беш аз 2 миллион нафар мардуми Ангола аз хушксолӣ дар азоб аст"

Дар Ҷопон давраи нави Рэйва оғоз ёфт

 Ҷаҳон дар як сатр

01.05.2019


Ноболиғони тоҷик ба Ватан баргардонда шуданд

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҳамад Солим

Рушди иҷтимоиву иқтисодии минтақаҳои кишвар матраҳ гардид

Се собиқадори тоҷик дар паради Ғалаба дар Москва ва Санкт - Петербург ширкат мекунанд

Дар Венесуэла исён зидди ҳукумат бебарор анҷом ёфт

Дар Либия 345 нафар қурбони бархӯрди мусаллаҳона гашт

Истеҳсоли рекордии чой дар Кения

Дар Париж ба барҷастатарин занҳои олим арҷгузорӣ намуданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.04.2019


ДЗЮ – ДО. Медали нуқраи Темур Раҳимов аз Чемпионати Осиё

Тиб. Муваффақияти камназири ҷарроҳони рус

Пирӯзии Зеленский дар интихоботи Украина

Фоҷиа дар Шри-Ланка Теъдоди қурбониён ба 300 нафар расид

Лукашенко Россияро ҳомии истиқлолияти Беларус номид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед