logo

иқтисод

НОРАК. АВЛАВИЯТ БА КАСБОМӮЗИИ ДЕҲОТИЁН

Бозори меҳнат дар раванди босуръати ҷаҳонишавӣ сайқал додани донишу маҳорат ва такмили ихтисоси корҷӯёнро тақозо менамояд. Шаҳрванди соҳибкасбу боҳунар дар ҳама ҷо роҳи зиндагиашро пайдо карда, бомуваффақ соҳиби даромади беминнат мегардад.
Дар шаҳри Норак филиали корхонаи воҳиди давлатии «Маркази касбомӯзӣ» - и шаҳри Душанбе фаъолият мекунад, ки дар он хоҳишмандон бо сайқал додани дониш ва қобилияти корӣ соҳиби шуғли доимӣ мешаванд. Марказ омӯзишро аз рӯйи ихтисосҳои қолинбофии дастӣ, бофанда, дӯзанда, қаннод, қуроқдӯз, зардӯз, муҳосиб бо донистани кор дар компютер, кафшергари барқӣ, челонгар, барқчӣ, адрасбоф ва гулдӯз ба роҳ мондааст. 
Шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Норак бо маркази мазкур ҳамкории зич дорад. Дар асоси шартномаи тарафайн шаҳрвандони корҷӯйи дар қайди шуъбаи агентӣ буда ба омӯзиш фаро гирифта, бо кор таъмин карда мешаванд. Муҳлати таҳсил вобаста ба ихтисос аз ду то се моҳ идома меёбад. Ба касбомӯзон барои ҳар моҳи таҳсил ба маблағи 50 сомонӣ идрорпулӣ муқаррар шудааст.
Шаҳрвандоне, ки шаҳодатномаи тахассусӣ надошта, дар ташкилоту корхонаҳои шаҳр ва берун аз он кору фаъолият мекунанд, низ ба воситаи маркази мазкур баъди касбомӯзӣ соҳиби шаҳодатнома мегарданд.
Дар шаҳри Норак бештар аҳолии деҳаҳои дурдаст ба касбомӯзӣ ниёз дорад. Бинобар зиёд будани талаботи аҳолии деҳот ба  ҳунарҳои мардумӣ, тасмим гирифтем, дар ҳудуди деҳоти Дуконӣ ва Пули Сангин синфхонаҳои муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосир кушода, занону духтарони хонашинро ба касбомӯзӣ фаро гирем, - иброз дошт Суҳроб Набиев, сардори шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳри Норак.
Айни замон таъминоти филиали КВД «Маркази касбомӯзии шаҳри Душанбе» дар шаҳри Норак аз ҷиҳати моддӣ - техникӣ ба талаботи бозори меҳнат, ки дар шаҳр заруранд, ҷавобгӯ бошад ҳам, бинои марказ ба таъмири асосӣ ниёз дорад. Синфхонаҳои таълимӣ аз рӯйи ихтисос бо таҷҳизот ва дуконҳои адрасбофию қолинбофӣ таъминанд, вале ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ нестанд. 
Навсозии бинои маркази касбомӯзӣ бо дастгирии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ - техникӣ ва омӯзиш» - и Бонки осиёии рушд ба нақша гирифта, иловатан боз чор синфхонаи касбомӯзӣ аз рӯйи ихтисосҳои дӯзандагӣ, ороиши мӯй, кафшергари барқӣ ва барқчӣ бо таҷҳизоти замонавӣ ҷиҳозонда мешавад. Татбиқи лоиҳа аз аввали соли нави 2018 оғоз меёбад.
Қобили қайд аст, ки дар шаҳри Норак моҳии марти соли 2016 бинои нави замонавии «Маркази таълимии касбомӯзӣ» мавриди истифода қарор дода шуд, ки синфхонаҳои таълимии касбии он аз рӯйи ихтисосҳои қолинбофии дастӣ, атласу адрасбофӣ, қаннодӣ, ороиши мӯй, муҳосиб бо донистани кор дар компютер, ошпаз, гулдӯз, зардӯз, кафшергари барқию газӣ, барқчӣ, фурӯшанда бо тамоми таҷҳизотҳои замонавӣ ҷиҳозонда шудаанд.
Ҳам дар КВД «Маркази касбомӯзӣ»  ва ҳам «Маркази таълимӣ – касбомӯзӣ»,  таълим аз рӯйи стандартҳои сифати таълим, барномаҳои «Мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар шаҳри Норак барои солҳои 2016 – 2017» ва «Паст намудани сатҳи камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  ба роҳ монда шудааст. Касбомӯзон ба ғайр аз барномаи касби интихобкардаашон боз аз фанҳои ҳуқуқ, забони русӣ ва ҳифзи меҳнат таълим мегиранд. Соли гузашта 235 нафар шаҳрвандон, аз ҷумла занону духтарони хонашин ва 498 нафар тариқи худмаблағгузорӣ соҳиби касбу ихтисосҳои ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ гардида, ба ташкилоту корхонаҳо ва кори хонагӣ равон карда шуданд. Ин нишондиҳанда дар ҳашт моҳи соли 2017 мутаносибан 180 нафар ва тариқи касбомӯзии худмаблағгузор 277 нафарро ташкил медиҳад.
Қисми бештари касбомӯзони хатмкарда аз рӯйи ихтисосҳои кафшергари барқию газӣ, челонгар, барқчӣ дар иншооти муҳими аср, - сохтмони Неругоҳи барқи обии Роғун фаъолият карда истодаанд.
О. ВАФОБЕК, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.09.2017    №: 203    Мутолиа карданд: 377

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед