logo

иқтисод

«ТОҶИКАГРОЛИЗИНГ» ҲАМКОРИРО БО КИШОВАРЗОН ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикагролизинг» дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ бо 150 хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) шарт-номаи иҷораи молиявӣ (лизингӣ) баста, тибқи талаботи онҳо 98  техника  ва  140 таҷҳизоти гуногуни кишоварзӣ дастрас намудааст. Дар 54 шаҳру ноҳияҳо марказҳои хизматрасонии техникӣ фаъоланд, ки  дорои 196 техника ва 919 таҷҳизоти ёрирасони кишоварзӣ мебошанд.

Дар ин муддат ба хизмати кишоварзон 21 трактор, 12 комбайни ғалладарав, аз ҷумла 10 комбайни тасмачархи шолидарав ва 97 ядаку испор, сафарбар карда шуд, ки заҳмати деҳқононро хеле осон намуд. Комбайне, ки ба ёрии ғаллакорони ноҳияи Дарвоз фиристода шуд, зиёда аз 400 гектар ҷаву гандум ва дигар зироатҳоро даравида, муҳлати корҳои саҳроиро кӯтоҳ намуд ва ғаллазор зери боришот намонд.
Ду сол аст, ки дар мавсими шудгору кишти зироатҳои ғалладона ва дарав техникаҳои корхона гурӯҳбандӣ шуда, дар асоси дархости хоҷагиҳои деҳқонӣ ба онҳо хизмат мерасонанд. Азбаски арзиши корҳои иҷронамудаи техникаю таҷҳизоти КВДҶ “Тоҷикагролизинг” нисбат ба техникаҳои шахсӣ то 20 дарсад арзон аст, кишоварзон ба хизмати онҳо бештар рӯ оварда истодаанд. Соли гузашта гурӯҳи зарбдори корхона дар мавзеи Олимтой фаъолият карда, ба кишоварзони ноҳияҳои Данғара, Восеъ, Муъминобод, Фархор ва Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ  дар шудгору кишти ғалла ёрии техникӣ расонд.
Аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ дар ҳашт моҳ 20 комбайни ғалладаравӣ, 72 трактори МТЗ ва аз ҳисоби маблағҳои фаъолияти хоҷагидорӣ 43 техника ва 298 таҷҳизот ворид шудааст. Ҳамзамон, баҳри интиқоли техника ва таҷҳизоти кишоварзӣ бо диллерҳои корхонаҳои истеҳсолкунанда: КВД “Мадад”, ҶСК “Мадади Турсунзода”, ҶСШП “Агротехсервис”, ширкати кишоварзи фаннии «Мозандарон», корхонаҳои комбайнсозии “Росселмаш” - и Федератсияи Русия, “Гомселмаш” ва тракторсозии “Минск”  - и Ҷумҳурии Беларус, ширкати “КLAAS” - и Олмон ҳамкории густурда ба роҳ монда, техника ва таҷҳизот сари вақт ба ҷумҳурӣ ворид карда мешаванд. Ҳангоми бастани шартнома бо корхонаҳои истеҳсолии ватанию хориҷӣ ба назар гирифта мешавад, ки техника ва таҷҳизоти истеҳсолӣ бояд бисёрсоҳа буда, чанд амалиётро иҷро карда тавонанд.

“Тоҷикагролизинг” бо мақсади солимгардонии вазъи истеҳсолоти ҷумҳурӣ ва бо супориши Ҳукумати кишвар ҳамкориро бо корхонаҳои ватанӣ, аз ҷумла бо КВД «Коргоҳи мошинсозӣ», густариш дода, барои истеҳсоли васеи  картошкашинонак, картошкаканак, испор, чизел, нармкунандаи пахта, мола, решаканак, лемех, гандумкӯбак ва дигар таҷҳизот ба маблағи зиёда аз 6 миллион сомонӣ шартнома бастааст.  
Мирзои ФИРӮЗ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.09.2017    №: 203    Мутолиа карданд: 480

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед