logo

фарҳанг

ХОКРО ЗИНДА КУНАД ТАРБИЯТИ БОДИ БАҲОР

Оре, тарбияи насли наврас яке аз вазифаҳои муҳимтарини ҷомеа буда, ба он Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста таваҷҷуҳ зоҳир месозад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як суханрониашон дар шаҳру ноҳияҳо зимни мулоқотҳо бо мардум ба ин масъалаи муҳим диққати ҳозирон, алалхусус омӯзгорону волидонро ҷалб месозанд. Зеро ояндаи кишвар аз тарбияи дуруст гирифтани ҷавонон вобастагии зиёд дорад.
Тарбияи тифл ҳанӯз пеш аз таваллудаш оғоз меёбад ва давраи аз ҳама душвору пурмасъулияташ зинаи наврасист. Синни наврасӣ аслан хонандагони синфҳои аз 5 то 9-ро дар бар мегирад, яъне аз 11 то 14 - 16 - солагӣ. Ин зина дар адабиётҳои психологӣ ҳамчун «давраи гузариш» ва «пойдоргардии ҳаёти инсон» қаламдод шудааст. Наврасон на шахси баркамоланду на бачаи хурдсол. Онҳо дар «зинаи  гузариш» буда, тағйироти куллии анатомию физиологӣ, психологӣ ва биологиро аз сар мегузаронанд. Аз ин рӯ, душвории овони наврасӣ, пеш аз ҳама, дар тағйирёбии имконоти маънавӣ, иҷтимоӣ ва шаклҳои нави муоширати байниҳамии онҳо бо ҳамсолон ва атрофиён зоҳир мегардад. Инчунин, дар ин айём вобаста ба таъсири шароити зист, фаъолияти таълимӣ ва бозиҳои коллективӣ шуури наврас рушд ва ҳам тағйир меёбад. Ин яке аз масъалаҳои муҳими ҷомеаи имрӯза ба шумор меравад ва дар атрофи  ин масъала бояд ҷиддӣ андеша ронд.
Азиза Маматова, равоншинос, омӯзгори калони кафедраи психологияи умумидонишгоҳии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ перомуни «давраи гузариш» иброз дошт, ки тағйироти синнусолӣ асосан дар системаи асаб, фаъолияти психикӣ дар ҷараёни таълим бо муаллим ва муошират бо атрофиён ба вуҷуд меояд. Наврас худро дарк мекунад, ки ӯ дигар кӯдак нест ва тайёр будани худро ба ҳаёти калонсолон ҳамчун узви баробарҳуқуқи оила эҳсос месозад. Маҳз ана ҳамин ақида наврасро водор менамояд, ки аз чаҳорчӯбаи синнаш берун шуда, ба қавли худ бояд бузург буданашро ба атрофиён нишон диҳад. Бино бар ин, наврас аз калонсол талаб мекунад, ки бо ӯ ҳамчун узви баркамол муносибат карда, дар ҳалли масъалаҳо ақида ва нуқтаи назари ӯро ба эътибор гиранд. Агар дар ин давра рӯҳияи наврас ба маҷрои ахлоқу одоби ҳасана, ватандӯстиву худшиносӣ нигаронда нашавад, дар он сурат ӯ дар рӯҳияи саркашӣ, кибру ғурур ва тундмиҷозӣ тарбия меёбад. Маҳз чунин ҳисси психологӣ баъзе наврасонро ба оворагардӣ, нописандӣ ва ҷанҷолҳои кӯчагӣ мекашад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 15-уми феврали соли равон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони пойтахт аз афзоиши ҷинояткорӣ миёни ҷавонону наврасон нигаронӣ намуда, гуфтанд, ки дар панҷ соли охир 14 ҳазор ноболиғ беҳудагардӣ кардааст ва ин равандро «ташвишовар» баҳо доданд.
Зинаи гузариши синнусолӣ ва таълиму тарбияи наврасонро дар муассисаҳои таълимӣ директори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 30 ноҳияи Ёвон Сулҳия Иззатуллоева чунин шарҳ дод:
- Дар замони муосир муносибат ва муошират бо хонандагони наврас дар таълимгоҳҳо бисёр душвор гаштааст. Имрӯз муаллим кӯшиш мекунад бо хонанда ҳамчун равоншинос муносибат кунад. Зеро онҳо мехоҳанд монанди ашхоси баркамол нуқтаи назари худро чӣ дар доираи хонавода ва чӣ дар таълимгоҳҳо гуфта бошанд. Аммо як паҳлуи мушкилӣ он аст, ки аксари волидон фикру ақидаи фарзандони худро ба назар намегиранд ва бо ибораи «ту ҳоло хурд ҳастӣ» ё «ақлат ба ин корҳо намерасад» рӯҳияи худшиносии наврасро шикаста мегардонанд. Ин ҷост, ки наврас худро нороҳат ҳис намуда, ҳолати асабоният дар ӯ пайдо мегардад ва дар чунин ҳолат аз доираи ахлоқи ҳамида берун шуданаш мумкин аст. Бисёр муҳим аст, агар дар ҳар шаҳру навоҳии кишвар марказҳои равоншиносӣ (психологӣ) таъсис дода мешуд, то мардум сари мушкилиҳои худ дар тарбияи «ҷавонони саркаш» ба равоншиносон муроҷиат мекарданд.
Вобаста ба ин, илми тиб собит сохтааст, ки аз беаҳамиятӣ дар давраи гузариши синнусолӣ, наврас ба бемориҳои ҷиддӣ гирифтор мегардад.
- Ҳамасола аз моҳи сентябр то декабр бо фармони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар байни наврасон муоинаи тиббӣ гузаронда мешавад. Натиҷаи муоинаҳо нишон медиҳад, ки миёни наврасон аз ҳама бештар аломати асабхастагӣ дида мешавад, ки ин зиёда аз 80 дарсадро ташкил медиҳад. Яке аз омилҳои ин аломат ҷудо шудани оилаҳо мебошад. Ин метавонад ба кӯдак зарари моддиву рӯҳӣ расонад. Надоштани сарулибоси хуб ва дигар ашёҳои зарурӣ барои як кӯдаки аз падар маҳрум буда, метавонад ба сис-темаи асаби ӯ таъсири манфӣ расонад. Сабаби дигар, риоя накардани реҷаи рӯз буда, истифодаи аз ҳад зиёди телефонҳои мобилӣ, сари вақт хоб накардан, дар назди компютер ва дигар техникаву технологияҳо зиёд нишастани наврас низ ба асабхастагӣ оварда мерасонад. Бемориҳои дигаре, ки дар тағйироти синнусолӣ ба вуҷуд меоянд, ин бемориҳои чашм, дандон ва ҷоғар мебошад, ки 28,6 дарсадро дар миёни нав-расон ташкил медиҳанд. Аз сабаби зуд инкишоф ёфтани организми наврас, норасоии микроэлементҳои зарурӣ дар бадан ба вуҷуд меояд,- гуфт Соҷида Солиева, табиби наврасони маркази саломатии №10 шаҳри Душанбе.
Ғамхорӣ нисбат ба ҷавонону наврасон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон  қарор дорад. Аксарияти аҳолии кишварро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки давомдиҳандаи фаъолияти насли калонсол, неруи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса ояндаи миллат ва давлат мебошанд. Аз ин рӯ, мутобиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ҳуқуқу вазифаҳои падарӣ ва модарӣ доштани худро фаромӯш насозем.
Қурбон АҲМАДЗОД, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.09.2017    №: 203    Мутолиа карданд: 288

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед