logo

иқтисод

"БА ДЕҲАИ МО КАЙ ОБ МЕОЯД?"

Ҷавоб ба матлаби «Ба деҳаи мо кай об меояд?» - и рӯзноманигор Ҷовиди Аштӣ, ки 14 сентябри соли 2017 ( №193 – 194) дар нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон - «Ҷумҳурият» чоп шудааст.

Матлаби «Ба деҳаи мо кай об меояд?» дар Муассисаи давлатии «Сарраёсати Тоҷикобдеҳот» мавриди баррасӣ қарор гирифт.Мавриди зикр аст, ки Муассисаи давлатии «Сарраёсати Тоҷикобдеҳот» ҷиҳати ҳалли мушкили дар матлаб баёнгардида, соли 2015 лоиҳаи пешакии «Балоиҳагирӣ ва барқарорсозии иншооти обрасонии деҳаи Суфӣ Орифи Ҷамоати деҳоти Зарҳалоли шаҳри Истаравшанро таҳия намуда, ба КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ва ворид намудан ба Барномаи сохтмони асосӣ ва сармоягузорӣ барои солҳои 2016 – 2018 пешниҳод намуда буд. Дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 25 январи соли 2017, № 23 ва мувофиқи нақшаи бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқашуда барои татбиқи лоиҳаи мазкур дар соли ҷорӣ 400 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардид.
Фармоишгари татбиқи лоиҳа корхонаи фаръии «Сохтмони асосӣ ва таъмир» - и КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ», сарпудратчии он Муассисаи давлатии «Сарраёсати Тоҷикобдеҳот» ва пудратчии сохтмон Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тоҷикмеханизм» мебошанд.
Маблағгузории лоиҳа аз моҳи майи соли равон оғоз гардид. Дар муддати чор моҳ дар асоси шартномаи бо пудратчӣ басташуда дар ин самт корҳои зерин иҷро гардиданд:
1. Кандани чоҳи амудии оби нӯшокӣ ба чуқурии 120 метр ба маблағи 246683 сомонӣ.
2. Кашидани хати барқи 10 кВт ба насби трансформатори барқӣ ба маблағи 33831 сомонӣ.
Маблағи умумии корҳои тибқи шартнома иҷрошуда 378907 сомониро ташкил медиҳад ва дар ин сатм корҳо идома доранд.
Муассисаи давлатии «Сарраёсати Тоҷикобдеҳот» - и КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» барои бо оби нӯшокӣ таъмин намудани деҳоти ҷумҳурӣ ҳамаҷониба ҳавасманд буда, дар ин самт аз тамоми имкониятҳои мавҷуда босамар истифода мебарад. Дар ҳолати ҷудо гардидани маблағи зарурӣ барои иҷрои корҳои лоиҳакашию сохтмонӣ ва маблағгузории пурраи лоиҳаи номбаршуда деҳаи Суфӣ Орифи Ҷамоати деҳоти Зарҳалоли шаҳри Истаравшан бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин мегардад.
Б. САФАРОВ, сардори Муассисаи давлатии «Сарраёсати Тоҷикобдеҳот» - и КВД
«Хоҷагии манзилию коммуналӣ»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.09.2017    №: 203    Мутолиа карданд: 702
26.10.2020


Дар Қирғизистон интихоботи парламентиро мавқуф гузоштанд

Кремл шарти ҷалби Туркияро ба музокироти Қарябоғ гуфт

Ҷавоби Путин ба рақибоне, ки интизори фанои Россия ҳастанд

Табиби олмонӣ барои табобати беморони SARS-CoV-2 ба Тоҷикистон омад

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

СПИТАМЕН. БУНЁДИ МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНӢ ВА ЧОЙХОНАИ “РОҲАТ”

94 ҲАЗОРУ 262,2 ТОННА ПАХТА ҶАМЪОВАРӢ ШУД

ХУҶАНД. БОЗ ЯК ШУЪБАИ ТАБОБАТӢ ДАР ХИЗМАТИ МАРДУМ

22.10.2020


"РАВШАН" – ҒОЛИБИ ЛИГАИ ЯКУМ

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. СОЛИ ЧАРОҒОНКУНӢ

ПОМПЕО ИМА ВА РОССИЯРО БА ОҒОЗИ ҲАРЧИ ТЕЗТАРИ ГУФТУШУНИД ОИД БА МСС-3 ДАЪВАТ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.10.2020


90 СОЛИ ПУРБАРОР

САРАЗМ. АЗ ТАНТАНАҲОИ ҶАШНӢ ТО ТАНТАНАИ ЗИНДАГӢ

ҶАШНИ МЕҲРГОН ВА ФЕСТИВАЛИ ШОЛИЮ БИРИНҶ

19.10.2020


ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. "РАВШАН" БАРАНДАИ ОН ГАРДИД

16.10.2020


МОЛИЯЧИЁНИ ХАТЛОН: МО ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ!

ТАСАРРУФИ 430 000 ДОЛЛАР. ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ НИСБАТ БА ҚАЛЛОБЕ, КИ ДАР АВРУПО ПАНОҲ МЕБАРАД

14.10.2020


«ҲАБДАҲ ЧАМАН»

13.10.2020


ХАТЛОН. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ТОҶИКИСТОН. 88,7 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО – 2020 «БАРСЕЛОНА» ҚАҲРАМОНИ ОН

ОҒОЗИ МАШҚҲОИ СААД ДАР БЕЛАРУС

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛЕВАКАНТ. ТАҶДИДУ НАВСОЗИИ РОҲҲО

НОБОЛИҒОН. ҚОНУНШИКАНӢ ҲАНӮЗ АЗ БАЙН НАРАФТААСТ

ОЗАРБОЙҶОН ВА АРМАНИСТОН ОТАШБАС ЭЪЛОН НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФИЛМИ “ХИЁНАТ” АСРОРИ ДУШМАНИВУ ХОИНИРО ИФШО КАРД

12.10.2020


ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ - 2020. ФУТЗАЛБОЗОНИ ТОҶИК БАРОИ ИШТИРОК ОМОДАГӢ МЕГИРАНД

ХАЙКО МААС: "ИТТИҲОДИ АВРУПО МУКОЛАМА БО РОССИЯРО НАБОЯД ҚАТЪ КУНАД"

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.10.2020


БЕҲТАРИНҲО МУАЙЯН ШУДАНД

ҲАВЗАИ ИШКОШИМ БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ

ВОХӮРӢ БО НОМЗАДҲО


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед