logo

иҷтимоиёт

ИЛМУ МАЪРИФАТ ЯКЕ АЗ СЕ УНСУРИ ҲАСТИИ МИЛЛАТ

Ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ имрӯз Ватани азизамон - Тоҷикистон осудаву ором, миллатамон муттаҳид, диёри арҷманд ободу шукуфон аст.
Имрӯз ҳар як фарди солимфикр ва худшинос бояд аз гузашта сабақ гирифта, ба қадри Истиқлолияти давлатӣ бирасад ва ин муқаддастарину азизтарин неъматро мисли гавҳараки чашм ҳифз намояд. Ба ҳеҷ ваҷҳ нагузорад, ки бадхоҳони миллат моро бо ваъдаҳои дурӯғин ба доми фиреби худ кашида, ниятҳои ғаразнокашонро амалӣ гардонанд.

Ба андешаи бузургон миллатро се унсур аз нестӣ нигоҳ медорад. Якум, нобиғагону донишмандон, фарзандони содиқ ва пешвоёни сарсупурдаи миллат. Дуюм, илму маърифат, ки дар меҳвари он адолат, имон, инсоф қарор дорад. Сеюм, китобдорӣ ва китобдӯстӣ, ки инъикосгари муҳофизи мероси ғановатманди маънавии миллист. Ҳар миллате, ки аз ин се рукни фарҳангсолорӣ бархӯрдор аст, бегазанд хоҳад буд.
Миллати куҳанбунёди мо нобиғаҳои нотакрори худро ҳам дар соҳаи дин ва ҳам дар илми дунявӣ дорад, ки ҳувияти беназири онҳо ҷаҳониёнро ба ҳайрату шигифт андохтааст. Дар густариши дини мубини Ислом ва иттиҳоди мардум  шахсиятҳое, чун Имоми Аъзам дар бахши ақидаву фиқҳ, Абумансури Мотуридӣ, Ҳакими Самарқандӣ дар ақида, Имом Бухорӣ, Имом Тирмизӣ дар илми ҳадис нақши босазо гузоштаанд.
Мутаассифона, тайи чанд соли охир ҳизбу ҳаракатҳои террористию  ифротие зуҳур карданд, ки бо суиистифода аз номи дини мубини Ислом мусулмононро ба ҳамдигар душман сохта истодаанд.  Чунин як равия дар асри XII ҳиҷрӣ хуруҷ карда, худро «Ал - Муваҳҳидун» номид. Таълимоти онҳо бо исломи аслӣ, ки аз чаҳор мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоат маншаъ мегирифт, созгор набуд. Аз ин рӯ, мардум онҳоро «Ваҳҳобӣ» ва баъдан «Салафӣ» ном ниҳоданд. Омили асосии ихтилофоти Салафия бо мазҳабҳои чаҳоргона ин эътироф накардани қиёс, урф, истеҳсон ва бидъат хондани анвои ибодат, ки бо далели возеҳ тасдиқ нашуда бошад. Аз ҷумла, салафиҳо «ломазҳабият», яъне бемазҳабиро авло донистанд.
Сарвари давлат чунин тафриқаандозӣ ва фитнаангезиро маҳкум намуда, аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид қотеона иброз доштанд, ки терроризм ва экстремизм ба ислом ягон муносибат надошта, хосси онҳоест, ки аз асли ислом ва умуман дин дур ҳастанд. Пешвои муаззами миллат зикр сохтанд, ки «Экстремизм ва терроризм ба ҳеҷ дин иртибот надорад, аз ҷумла ба дини мубини Ислом».
Имрӯзҳо дар як қатор кишварҳои мусулмонӣ таҳти шиорҳои исломӣ мардуми бегуноҳро бераҳмона ба қатл мерасонанд, шаҳру деҳаҳоро ба оташ мекашанд.  Ин фиребхӯрдагон ба ин андешаанд, ки дар роҳи Худо меҷанганд, бехабар аз он ки кайҳо ба доми фиреби гурӯҳҳои тахрибкору моҷароҷӯ афтидаанд. Ин гумроҳон ба ин андешаанд, ки шаҳид мешаванд ва ба ин васила биҳишти ҷовидонро дар меёбанд. Аммо ҳамаи ин дурӯғи маҳз мебошад.  Дини мубини Ислом қатлу ғорат, рехтани хуни ноҳақро қатъиян маҳкум менамояд.
Дар чунин вазъи ҳассоси ҷаҳони муосир мо бояд беш аз ҳар вақти дигар эҳтиёткор бошем, воқеияти ҳаводиси пурмоҷарои ҷаҳонро ба дурустӣ шиносем ва барои ҳифзи арзишҳои милливу дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ талош варзем.
Наҷмиддин БОБОҶОНОВ, 
сокини ноҳияи Деваштич


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.09.2017    №: 203    Мутолиа карданд: 525

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад

Форуми байналмилалии сармоягузории «Кӯлоб – 2019» баргузор мегардад

Ёқубҷон Абдуманнонзода - соҳиби дипломи озмуни «Килки тиллоӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

29.05.2019


Путин бо нахустпрезиденти Қазоқистон вохӯрд

Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск ба Тоҷикистон меояд

Мусофири ҳавопаймо аз фурӯбарии 1,5 кг кокаин ба ҳалокат расид

Ҷаҳон дар як сатр

28.05.2019


Дар Қазоқистон ба бунёди ширкатҳои давлатӣ мораторий ҷорӣ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед