logo

иқтисод

БАДАХШОН. УСУЛҲОИ ПАРВАРИШИ САБЗАВОТ ДАР ШАРОИТИ КӮҲИСТОН

Ба мо зарур аст, ки барои таъмини амнияти озуқаворӣ ба ояндаи соҳаи кишоварзии Тоҷикистон дурбинона ва бисёр ҷиддӣ муносибат намоем. Мо бояд фаъолона соҳаро бо татбиқи дастовардҳои илму техникаи муосир ва технологияи навтарин тақвият бахшем».
 Эмомалӣ РАҲМОН
Бо ибтикори Стансияи таҷрибавии кишоварзии Помири Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон чанде пеш дар маркази ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар мавзӯи «Усулҳои парвариши сабзавот ва картошка дар шароити кӯҳистони Бадахшон» семинари илмию амалии минтақавӣ баргузор гардид. Дар он намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ВМКБ, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон,  Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, деҳқонон ва соҳибкорони соҳаи кишоварзӣ  иштирок намуданд.
Дар доираи ҳамоиш масъалаҳои мубрами илмию амалӣ, ки аз дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеоянд, баррасӣ шуданд.
Баҳсу мунозираҳо бештар атрофи проблемаҳои рӯз, аз ҷумла вазъи кунунӣ ва ҳиссаи соҳаи сабзавоткорӣ дар таркиби сабади истеъмолии аҳолӣ, арзёбии умумии таназзулёбии заминҳои киштшаванда, натиҷаҳои корҳои илмӣ -тадқиқотии соҳаи  сабзавоткории манотиқи кӯҳистони Бадахшон ва дурнамои он, усулҳои парвариши зироатҳои сабзавотӣ дар шароити минтақаҳои баландкӯҳи Тоҷикистон, сурат гирифтанд.
Олимону мутахассисон ва хоҷагидору зироатпарварони муваффақ ҷиҳати боз ҳам самаранок гардондани раванди истифодаи заминҳои корам ва баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои сабзавотӣ дар шароити баландкӯҳ тавсияҳои зеринро пешниҳод намуданд: мустаҳкамсозии робитаи воқеии илм бо истеҳсолот, васеъ намудани майдони кишти зироатҳои сабзавотӣ аз ҳисоби навъҳои сабзавоти ватанию хориҷӣ, сари вақт ва хушсифат гузарондани маҷмӯи чорабиниҳо дар самти мубориза бар зидди касалиҳои хатарнок ва ҳашароти зараррасон, вусъат бахшидан ба кишти барвақтӣ дар минтақаҳои баландкӯҳ бо мақсади зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли зироатҳои сабзавотӣ ва таъмини бозори дохилӣ бо ин намуди маҳсулот, истифодаи усулҳои сарфакоронаи об дар парвариши зироатҳои сабзавотӣ, ташкили корхонаҳои коркард ва нигаҳдории маҳсулоти сабзавот, кушодани мағозаҳои фурӯши нуриҳои минералӣ ва заҳрхимикатҳои баландсифат.
Ҳамзамон, олимону мутахассисони соҳа таъкид намуданд, ки бояд навъҳои серҳосил ва ба шароити кӯҳистон мутобиқи сабзавот интихоб карда, баъди  дар мавзеъҳои коллексионӣ мавриди омӯзиш қарор ёфтан  беҳтарини онҳо барои кишт ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ва аҳолӣ пешниҳод шаванд. 
Савлатшоҳи ХОВАРӢ,
Рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.09.2017    №: 203    Мутолиа карданд: 589

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед