logo

ҳуқуқ

ТАКМИЛИ ҚОНУН НИЁЗИ ЗАМОН ВА ХОСТАҲОИ МАРДУМ

Мушоҳида  мегардад,  ки дар  замони соҳибистиқлолӣ сатҳи маърифати  ҳуқуқии аҳолии кишварамон торафт боло рафта, фаъолнокии сиёсии онҳо афзуда истодааст, ки натиҷаи тадбирҳои андешидаи роҳбарияти олии мамлакат ва ниҳодҳои дахлдор дар самти демократисозии ҳаёти ҷамъиятӣ  ба шумор меравад. Исботи ин гуфтаҳо иштироки фаъолона ва сартосарии мардум дар ҷараёни баррасиҳои озоду шаффофи такмили муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  мебошад.

Аслан, ин санади қонунӣ ба ҳайси аввалин қонуни миллӣ дар таърихи қонунэҷодкунии замони соҳибистиқлолии ҷумҳуриамон ба як падидаи арзишманди ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷати тақдирсози ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии аҳли ҷомеа табдил ёфта, аҳамияти сиёсии он низ барҷаста ва намоён аст.
Ҳақиқати яқин аст, ки андешаи таҳия ва қабули чунин қонуни роҳнамову чорасоз маҳсули  тафаккури хирадмандона ва оянданигаронаи Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Зеро Пешвои миллат  бо назардошти мушкилоти зоҳирпарастӣ ва зиёдаравию  исрофкорӣ  дар баргузории ҷашну маросимҳо, ки бори зиндагии иҷтимоии мардумро сангин намуда буд, роҳи ислоҳи ин вазъ ва сабук сохтани рӯзгори мардумро дар танзими ин бахши ҳаёти ҷамъиятӣ тавассути истифодаи василаи қонунии он диданд.
Гузашти даҳсолаи ин иқдом ва ташаббуси  бузургу қисматсози Пешвои муаззами миллат нишон дод, ки як  масири оқилонаи танзими қонунии мушкилоту печидагиҳои анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш гирифта шудааст, ки на танҳо дар дохили мамлакатамон ҳамраъйиву ҳамовозии пурра пайдо намуд, балки дар сатҳи кишварҳои хориҷӣ низ мавриди омӯзишу пайравӣ қарор гирифт. Зеро идеяи роҳандозии ин санади миллӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мансуб аст. Аммо ҳар ҳарфу сатри қонуни танзим садои қалбу хоставу писандидаи мардуми бедордилу огаҳназари Тоҷикистон мебошад, ки даъвати Сарвари хешро бо нишони ҳамдилӣ содиқонаву самимона пазируфтанд ва онро роҳи наҷот аз вартаи бенизомиву хатокорӣ дар ташкилу гузарондани ҷашну маросимҳои миллӣ қабул намуданд.
Таҷрибаи маъмул аст, ки ҳар санади қонунӣ вобаста ба гузашти давр, тағйироту таҳаввулоти ҳаёти ҷамъиятӣ ва ниёзи замон такмил ёфта, посухгӯи эҳтиёҷоти рӯзмарра ва ояндаи мардум мегардад.  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  низ дар доираи ҳамин назарияи илмӣ бо сипарӣ шудани муҳлати даҳ сол аз қабулу мавриди амал қарор доштани он бо назардошти пешниҳоду  мулоҳизаҳои нави аҳолӣ ба такмил зарурат пайдо намуд. Хусусан,  мутобиқи тағйироти ба наздикӣ воридшуда нисбат ба баргузории маросими дафну азодорӣ сабукии хеле назаррас мавриди амал қарор гирифт. Чунки қаблан оилаҳои  гирифтори мусибат, ки  ягон шахси наздики худро аз даст дода буданд, бар замми таҳаммули мотаму андуҳи ба сарашон омада, бори сангини дигар - ташкили маъракаву додани таомро ба дӯш мегирифтанд, ки ба ягон қолаби фаҳмишу муносибати ахлоқӣ ва инсонӣ рост намеояд. Аз диди равонӣ низ шахси мотамзада бештар ба таскину таслият ва ҳамдардиву ғамшарикӣ эҳтиёҷ дорад, на ин ки мурдаву  азодории худро монда, дар фикру ташвиши  дарёфти  маблағу  хариди  бозору оростани хони маъракаҳои «се», «чил», «сол»  ва ғайра бошад.
Дар таҷрибаи  фаъолияти  хизматии судӣ низ  борҳо шоҳиди он будем, ки ҳангоми ташкилу гузарондани маъракаҳои хонадоршавӣ  харҷи зиёдатӣ ва бемеъёр, ки гоҳо бо маблағҳои қарзӣ анҷом дода мешаванд, сабабгори барҳамхӯрии оилаҳои ҷавон, баҳсҳои судӣ сари тақсими моликият, маблағҳои пулӣ, маскун намудан дар манзили истиқоматӣ ва ғайра мегардиданд. Бинобар ин, тағйиру иловаҳои воридгардида зарурати ҳаётӣ ва тақозои замон буда, аслу  решаи онҳо  роҳ надодан ба исрофкорӣ ва зиёдаравӣ ҳангоми баргузории ҷашну маросимҳо, манъи баъзе маросимҳо бо мақсади беҳбудии вазъи иҷтимоӣ, пешгирӣ ва кам кардани хароҷоти барзиёд ва ба ин восита баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми Тоҷикистон мебошад.
Рӯ овардан ба қудрати қонун дар ҳалли мушкилоти мубрами  зиндагии аҳли  ҷомеа  шеваи  амали  хосси  мардуми накузамир  ва поктинат аст. Шаҳрвандони сарфарози Тоҷикистони соҳибистиқлол  бо ин роҳ боз як қадами ҷиддӣ барои раҳоӣ аз чанги таассубу хурофот гузошта, азм намуданд, ки бо навҷӯиву тозакорӣ ба сӯи саодати фарогиртари миллӣ ҳаракат хоҳанд намуд.
Суҳроб  РӮШАНЗОДА,
раиси  суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.09.2017    №: 203    Мутолиа карданд: 421

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед