logo

фарҳанг

АЗ "АГАР" ТО "АММО". ДАР БОРАИ КИТОБХОНАҲОИ АЗ МАДДИ НАЗАРИ МАСЪУЛОН ДУР

Китобхонаҳои кишвар ҳоло  дар тобеияти мақомоти  маҳаллианд. Аз ин рӯ, маблағгузорӣ барои таъминоти китоб, дастрасии матбуоти даврӣ,  маоши кормандон, таъмири биноҳо, хариди васоити техникии муосир, ташкили курсҳои такмили ихтисос  ба мақомоти маҳаллӣ вогузор шудааст. Аммо аз рӯи маълумотҳо, ғайр аз маош ва қисме аз хароҷоти китобхонаҳои марказии ноҳиявӣ ба фаъолиятҳои дигари китобхона, хусусан барои харидани китобҳои нав аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ қариб ки маблағ ҷудо намегардад.

Масалан, аз рӯи ҳисоботи Вазорати фарҳанг дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ  мақомоти иҷроияи   маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои  Истаравшан, Истиқлол, Конибодом, Исфара, Зафаробод, Кӯҳистони Мастчоҳ, Спитамен, Шаҳристон, Ҷаббор Расулови вилояти Суғд барои хариди китобҳои тозанашр маблағ  ҷудо накарданд. Танҳо  мақомоти иҷроияи  маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бустон барои китобхонаҳо  58 адад  китоби тозанашр харидорӣ намуд. Аз шумораи умумии китобхонаҳо  дар вилояти Суғд 128 адади он таъмирталаб буда, 3 бино  дар ҳолати садамавӣ, 5 – тои дигар дар хонаҳои шахсӣ ҷойгиранд.
Дар вилояти Хатлон дар ин муддат ба  ҷуз аз ноҳияҳои Муъминобод, Хуросон, Вахш ва шаҳри Қӯрғонтеппа, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии дигар шаҳру ноҳияҳо  барои хариди китоб умуман  маблағ ҷудо накардаанд. Ҳарчанд дар ин муддат дар шаҳри Норак ва ноҳияҳои  Хуросон, Ховалинг, Абдураҳмони Ҷомӣ китобхонаҳои нав сохта ба истифода дода шуданд. Аммо ҳолати китобхонаҳои минтақа ҳанӯз беҳбудиро тақозо дорад. Ҳоло аз шумораи умумии китобхонаҳои вилояти Хатлон  57 - тои он таъмирталаб буда, 13 ададаш дар ҳолати садамавӣ қарор дорад.
Мутаассифона, бештари бинои  китобхонаҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ  ҷавобгӯи талаботи рӯз нестанд. Аз ҷумла, дар китобхонаи вилоятии  ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ  барои ҳифзу  нигаҳдории китобҳо шароити зарурӣ ва барои кормандон  ҳуҷраҳои корӣ  мавҷуд нест. Барои хариди китобу маҷаллаҳои тозанашр  низ ба китобхонаҳо маблағи  зарурӣ ҷудо намегардад.
Бо сабаби ҷудо нашудани маблағ барои хариди китобҳои  нав қисми бештари адабиёт дар китобхонаҳои навоҳии кишвар бо забони русӣ буда, талқинкунандаи ғояҳои замони имрӯза нестанд.
Дар бораи  компютеру телевизорҳои рақамии бо шабакаи интернет пайваст, тахтаҳои электронӣ, ки ҳангоми зарурат хонанда ва ё корманд аз онҳо бояд истифода намояд, ҷойи гап ҳам нест.
Ба гуфтаи мутахассисони соҳа  бо ин сабаб ҳоло  ин ниҳоди муҳим, ки дар рӯҳияи хештаншиносиву худогоҳӣ ва донишандӯзӣ тарбия намудани наврасони деҳот  нақши муҳим дошта бошад, дар иҷрои вазифаи аслии худ ба таври кофӣ муваффақ нест.
Агар мақомоти маҳаллии шаҳру навоҳии кишвар вазифаҳои дар ин самт ба зимма доштаашонро сари вақт ва бо масъулияти баланд иҷро менамуданд, китобхонаҳои  маҳаллӣ ҳамасола бо китобҳои чопи нав таъмин мешуданду то имрӯз сафи китобхонаҳои таъмирталаб кам мегардид. Аз китобхонаҳои садамавӣ нишоне ҳам намемонд. Аммо…
Фарзона ФАЙЗАЛӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.09.2017    №: 203    Мутолиа карданд: 386

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед