logo

сиёсат

ТОҶИКИСТОН ДАР МАСИРИ ТАҚВИЯТИ СИЁСАТИ ХОРИҶӢ

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист дар даврони соҳибистиқлолӣ на танҳо равобити судманде бо ҷаҳони хориҷ барқарор созад, балки бо пайдо намудани равиши хосси дипломатияи худ, ки бар ҳифзи манофеи миллӣ ва эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ асос ёфтааст, ҳамчун як кишвари фаъол ва таъсиргузор дар ҳалли масоили байналмилалӣ шинохта шавад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли 26 соли Истиқлолияти давлатӣ тавонист, бо барқарор намудани муносибатҳои дӯстона бо кишварҳои дунё, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ марҳила ба марҳила мавқеи сиёсии худро дар арсаи ҷаҳонӣ мустаҳкам гардонад. Кишвари мо дар ин марҳилаи начандон тӯлонии таърихи муосири хеш бо ҳидояти роҳбарияти олии мамлакат ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, обрӯ ва эътибори хешро боло бурд, ҳамкориҳои мутақобилан судмандро таҳкиму густариш бахшид ва то имрӯз бо аксари давлатҳои ҷаҳон равобити хубу манфиатовар ба роҳ мондааст.
Табиист, ҳар кишваре барои ҳузур ва нақшофарӣ дар саҳнаи ҷаҳонӣ ба заминаҳои ҳуқуқие ниёз дорад, ки ҳам манфиатҳои миллиро ҳимоят кунанд ва ҳам бо меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқат дошта бошанд. Ин аст, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввал то имрӯз заминаҳои ҳуқуқии робитаҳои хориҷиро  мувофиқ ба талаботи замон ва ниёзҳои Тоҷикистон ба вуҷуд оварда, тадриҷан мукаммал гардонданд.
Соли 2002 Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои равобити байналмилалии кишварамонро дар давраи нави баъди бозгашти сулҳу оромиш муайян кард. Пас аз сездаҳ сол, бо таваҷҷуҳ ба шароити нави ҷаҳонӣ ва хусусиятҳову афзалиятҳои муосири Тоҷикистон Консепсияи нави сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015 қабул гардид. Он санади асосии муайянкунандаи хати машйи сиёсати хориҷии кишварамон маҳсуб мешавад ва таъкид менамояд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи салоҳияти конститутсионии худ самтҳои асосии сиёсати хориҷии кишварро муайян намуда, чун Сарвари давлат Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар муносибатҳои байналмилалӣ намояндагӣ мекунад. Вазорати корҳои хориҷӣ мустақиман раванди сиёсати хориҷиро амалӣ намуда, нақши ҳамоҳангсози фаъолияти мақомоти давлатии ҳокимияти иҷроияи Тоҷикистонро дар дохил ва берун аз кишвар дар мавриди масъалаҳои сиёсати хориҷӣ ба уҳда дорад.
Пӯшида нест, ки даҳаи аввали истиқлолият дар Тоҷикистон асосан дар роҳи ба эътидол овардани вазъият ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ сарф шуд. Бо гузаштан аз ин марҳила, ки марҳилаи аввали пас аз истиқлол буд, Тоҷикистон дарҳои худро ба рӯи ҳамаи кишварҳои олам кушод. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо эълони сиёсати «дарҳои кушода» равобити байналмилалиро баҳри муаррифии Тоҷикистон дар ҷаҳон ва ҷалби сармояи хориҷӣ барои бозсозии кишвар оғоз намуданд, ки ин сиёсат имрӯз ҳам бомуваффақият идома дорад.
Дар оғоз баъзе сиёсатмадорон бар ин андеша буданд, ки дар шароити баъдиҷангӣ шояд сиёсати «дарҳои кушода» барои Тоҷикистон чандон мувофиқ набошад ва беҳтар аст, ки ба хотири ҳифзи суботу амният ва пешгирии дахолати бегонагон то чанд муддат кишвар каме баста боқӣ бимонад. Аммо Эмомалӣ Раҳмон, ки вазъи дохилӣ ва авзои ҷаҳониро беҳтар аз ҳар каси дигар медонистанд, дар ин мавқеъ устувор монданд ва сиёсати «дарҳои кушода» - ро идома доданд.
Ҳамакнун, бо гузашти солҳо собит шуд, ки барои Тоҷикистон, ба далели ҷойгир шуданаш дар яке аз минтақаҳои мураккаби олам, сиёсати «дарҳои кушода» беҳтарин равиш барои пешбурди фаъолият дар самти сиёсати хориҷист. Ин сиёсат ба маънои эъломи омодагии Тоҷикистон барои ҳамкорӣ бо тамоми давлатҳои ҷаҳон бар асоси баробарӣ ва манфиатҳои дуҷониба аст. Имрӯзҳо мо самараи чунин робитаи гуногунсамту гуногунҷанбаро дар арсаҳои мухталиф мебинем ва кишварҳои минтақа низ мантиқи сиёсати «дарҳои кушода» - ро эътироф мекунанду қобили пайравӣ медонанд. Зеро ин сиёсат боис шуд, то кишвари мо на танҳо мавқеияти худро қавитар созад, балки бо ёфтани равиши хосси дипломатияи худ, дар ҳалли масоили минтақавӣ ва ҷаҳонӣ фаъолона иштирок намояд. Айни ҳол кишвари мо ҳамкории мутақобилан судмандро бо созмонҳои иқтисодӣ ва ниҳодҳои молиявии байналмилалӣ васеъ ба роҳ монда, дар 57 созмони минтақавию байналмилалӣ узвият дорад ва ба беш аз 350 санади байналмилалӣ, ба мисли конвенсияҳо, хартияҳо ва эъломияҳои байналмилалӣ имзо гузоштааст.
Соли равон кишвари мо бистумин солгарди Ваҳдати миллиро дар ҳоле ҷашн гирифт, ки Созмони ҷаҳонии иқтисодӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро амнтарин кишвар аз назари сармоягузорӣ ва фаъолиятҳои иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ хонд. Соҳиб шудан ба чунин унвон дар ҳамсоягии Афғонистон, ки аз нигоҳи ҳамин созмон ноамнтарин кишвар аз назари сармоягузорӣ ва фаъолиятҳои иқтисодӣ хонда шудааст, гӯёи он аст, ки Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон барои таъмини суботу амнияти худ ва минтақа чӣ талошҳое ба харҷ медиҳанд.
Имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масири тақвияти сиёсати хориҷӣ ва боло бурдани обрӯву нуфузи худ дар арсаи ҷаҳонӣ бомуваффақият пеш меравад. Тавсеаи равобит бо кишварҳо ва созмонҳои олам бо ҳифзи манофеи миллӣ ва риояи манфиати шарикон асоси сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил дода, кишвари мо бар асоси сиёсати «дарҳои кушода» робитаҳои гуногунсамтро бо тамоми кишварҳо ва созмонҳое, ки ба манофеи миллии мо эҳтиром мегузоранд, густариш медиҳад.
Абдуғаффор  КАМОЛОВ,
мушовири раёсати иттилоот, матбуот,
таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.09.2017    №: 203    Мутолиа карданд: 670

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед