logo

иҷтимоиёт

ДЕВАШТИЧ. ОБОДКОРИҲО ИДОМА ДОРАНД

Бо мақсади беҳгардонии шароити хизматрасонии тиббӣ дар миқёси ноҳияи Деваштич бо ташаббусу дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёдкориҳои зиёде амалӣ гашта истодаанд.
Ҳар сол дар миқёси ноҳия марказҳои саломатӣ сохта шуда, нуқтаҳои табобатӣ таъмир карда мешаванд. Соли ҷорӣ низ масъалаи сохтани 5 маркази саломатӣ, ҳар яке бо маблағи 1 миллиону 200 ҳазор сомонӣ дар назар аст. Сохтмони марказҳои саломатӣ дар деҳаҳои Хӯҷатоҳири Мухлон, Далёни Боло дар арафаи анҷомёбӣ буда, дар деҳаҳои Метк, Хишекат, Даштикон сохтмони чунин марказҳо оғоз ёфтааст. Дар деҳаи Анбарин тавассути ҳашари умумӣ ва дар деҳаи Каҷровут бо маблағгузории раёсати тандурустии вилоят бунгоҳҳои тиббӣ бунёд ёфта, имрӯзҳо дар хидмати мардум қарор доранд. Бинои комплексии беморхонаи марказии ноҳия, ки як бахши онро таваллудхона ташкил медиҳад, солҳои 70 - уми асри гузашта сохта шуда буд ва бо сабаби афзоиши шумораи аҳолӣ имрӯзҳо ба мушкилиҳои бисёр рӯбарӯст.
Яке аз иқдомҳои зарурӣ ҳар чи зудтар мавриди истифода қарор гирифтани бинои нави таваллудхона аст. Зеро саломатии модару кӯдак ба ояндаи ҷомеа рабт дорад. Сохтмони бинои нави таваллудхона дар ноҳия ҳанӯз дар замони шӯравӣ оғоз шуда буд. Минбаъд бо сабаби норасоии маблағ муваққатан сохтмони он ба қафо партофта шуд. Гарчанде ки дар давоми 27 сол ба идомаи сохтмони бинои мазкур чанд маротиба кӯшишҳо ба харҷ дода шуд, аммо боз ҳам масъалаи пулӣ сади роҳ мегашт. Хушбахтона санаи 21 апрели соли равон раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ҳангоми ташриф ба ноҳия бинои нотамомро дида, иқдоми ташаббускорона зоҳир намуд. Бо ҷудо шудани маблағи зарурӣ ва ҷалби ташкилоти сохтмонӣ корҳо дар бинои нотамоми таваллудхона ҷон гирифт. Масоҳати умумии бино 3 712 метри мураббаъ    буда, барои 100 нафар ҷои хоб шароит муҳайё мегардад.
Бунёди ошхона, ҳавзи об, системаи гармидиҳии марказондашуда, боғ дар атрофи бино барои сайругашти беморон ба нақша гирифта шуда, сохтмон ҳоло идома дорад. Дар канори шаҳраки Ғончӣ ҷойгиршавии бинои таваллудхона низ мувофиқи мақсад аст. Зеро поликлиникаи марказӣ, дорухонаҳо, роҳи калон ва истгоҳи мошинҳо дар наздикии ин бино ҷойгиранд.
Раъно АҲМАДҶОНОВА, собиқадори меҳнат,
ноҳияи Деваштич


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.09.2017    №: 204    Мутолиа карданд: 742

22.07.2019


МЕЪМОРӢ ВА СОХТМОН. Қонуншиканиҳо ҳанӯз зиёданд

ТАҲСИЛОТИ САЛОҲИЯТНОК ТАТБИҚ МЕГАРДАД

ЗАМИН. Камбуди оби полизӣ мушкили ҳалталаб боқӣ мемонад

Гилерми: «Тоҷикон соҳиби кишвари афсонавианд»

Швейтсария дар Тоҷикистон бонк мекушояд

Ҷаҳон дар як сатр

19.07.2019


ПАЛАТАИ ҲИСОБ. 88,З миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гашт

УМЕД БОБОЗОДА: "Аксари муроҷиатҳо оид ба адолати судиянд"

Кӯдакони аз Ироқ овардашуда ба зиндагии муқаррарӣ бармегарданд

"EXPO 2019 BEIJING". Гӯшаи Тоҷикистонро беш аз як миллион нафар тамошо кард

НИГАРОНӢ. Ҷудошавии 6065 оила дар ним сол

18.07.2019


ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ. Болоравии нархи барқ ба қарзи он марбут аст

Азим Иброҳим Ким Тэ Сонгро ба ҳузур пазируфт

Ба ташкили корхонаҳои муштарак ҳавасмандӣ зоҳир гардид

Ҳамоиши «Ваҳдат – омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа» доир шуд

Ҳамкорӣ бо Қатар густариш меёбад

Саридораи геология. 2810 харитаи геологӣ рақамӣ шуд

121 шахси масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд

Роҳи нави сесатҳаи Душанбе ба истифода дода мешавад

Президенти Қазоқистон Шӯрои миллии эътимоди ҷомеаро созмон дод

Дар Ӯзбекистон аввалин IT-технопарк бунёд мегардад

Ҷаҳон дар як сатр

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд.

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед