logo

фарҳанг

«ТОҶИКОН ВА ЗАБОНИ ТОҶИКӢ»

Зери чунин сарлавҳа дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» аз 26 июли соли 2017 мақолаи Мирзои Фирӯзро  хондам. Писандам афтод. Махсусан, самимияташ хонандаро бештар ҷалб мекунад. Пас аз он беихтиёр чунин мисраъҳои шеърӣ ба хотирам омад:
Кист тоҷик? Он ки дар олам Авасторо бидод,
Оли Сомонро ба тахт оварду Дороро бидод.
То набошад зиндагӣ бе рангу бе нуру сафо,
Рӯдакию Саъдию Ҳофизу Синоро бидод.

Воқеан, тӯли ҳазорсолаҳо ин забон арзи ҳастӣ дошту соҳибонаш шеър мегуфтанду асарҳо эҷод мекарданд. Миллати тоҷику забони онро ба оламиён муаррифӣ менамуданд. Таърихнависону котибони дарбори ҳама амирону хонҳои Осиёи Миёна ва Ҳиндустон муддати мадиде тоҷикон буданд. 
Ҳарчанд ин миллат ва ин забони тамаддунофар дар масири таърих борҳо зери ҳуҷуму фишорҳои гӯшношунид ба танг омада бошад ҳам, ҳамеша ба по шудаву гом ба пеш ниҳодааст.
Аз ҷумла, пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва оғози кашмакашиҳои дохилӣ хавфи парокандашавии миллати тоҷик ва аз байн рафтани забони ӯ ба миён омада буд. Дар чунин як марҳилаи ҳассосу тақдирсоз  шахсияти бузурги таърихӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо талошҳои пайваставу пайгиронаи худ миллату забони тоҷикро аз парокандагиву нестшавӣ наҷот доданд. Пешвои муаззами миллат ба тамоми ҷаҳониён  тоҷиконро ҳамчун миллати соҳибзабону тамаддунсозу соҳибфарҳанг муаррифӣ намуданд. Ба ҷаҳониён собит сохтанд, ки ин забону ин миллат пуштибону ҳомии худро пеш аз ин низ дошт ва имрӯз ҳам дорад.
Ман, ҳамчун як фарди ҷомеа, оид ба ин масъалаи муҳиму рӯзмарра андешаҳои хешро иброз дошта, ҳамзамон афзуданиям, ки рӯйи коғаз овардани хизматҳои шоистаи фарзандони фарзонаи миллат, ашхоси миллатдӯсту пуштибон аз забон, нисбати нигоҳ доштан, ҳифз намудани забони модарӣ вазифаи ҷонии ҳар нашрия мебошад. Месазад, ки ҳамаи мо баҳри ҳифзи минбаъдаву пок нигоҳ доштани забони тоҷикӣ талош варзем ва ба қадри  хидматҳои  шахсиятҳои бузург бирасем.
Наҷмиддин РАҶАБОВ,
номзади илми кишоварзӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.09.2017    №: 204    Мутолиа карданд: 300

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед