logo

иқтисод

СОҲИБКОРӢ. ИМКОНИЯТҲОИ РУШД ФАРОВОНАНД

Таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ аз фаъолияти босамари соҳибкорони ватанӣ вобаста аст.  Махсусан, рушди соҳибкории истеҳсолӣ яке аз омилҳои  фаровонии бозорҳои кишвар бо маҳсулоти баландсифати ватанӣ ба шумор меравад.

Бо беҳбудӣ ёфтани фазои соҳибкории истеҳсолӣ тайи солҳои охир дар мамлакат шумораи корхонаҳои азими саноатӣ афзуда, ба зиёд гардидани маҳсулоти ватанӣ мусоидат намуд. Бунёди корхонаҳои бузурги семент, амсоли «Хуаксин – Ғаюр  семент», «Чунгтсай - Моҳир семент», «Билол - Суюлин семент» ва «Хуаксин – Ғаюр - Суғд  семент» Тоҷикистонро аз кишвари воридкунандаи маҳсулоти сохтмонӣ ба содиркунандаи он табдил дод. Давоми 8 моҳи соли равон дар кишвар 1,9 миллион  тонна семент истеҳсол гардид, ки нисбат ба соли гузашта 603 ҳазор тонна ва нисбат ба 5 соли пеш  10 баробар зиёд аст.  Дар ин давра қариб 600 ҳазор тонна семент, аз ҷумла ба Ҷумҳуриҳои Афғонистон  беш аз 400 ҳазор,  Ӯзбекистон 88,8 ҳазор ва Қирғизистон 54 ҳазор тонна, содирот шуд. Чунин дастовард дар самти истеҳсоли ангишт, коркарди металлҳо ва меваю  сабзавот низ назаррас мебошад.  Тавассути тадбирҳои андешидаи Ҳукумати кишвар  ҳиссаи бахши хусусӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ  сол аз сол боло меравад. 
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти нақши калидӣ доштани соҳаи номбурда дар пешрафту шукуфоии мамлакат зимни вохӯрӣ бо доираи васеи соҳибкорони ватанию хориҷӣ соли 2014 соҳибкориро муҳаррики иқтисодиёт номида, таъкид доштанд:
 «Тавассути  соҳибкорӣ, пеш аз ҳама, шуғли аҳолӣ, афзоиши истеҳсолоти рақобатнок, рушди устувори иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ таъмин карда мешавад. Ҳамзамон бо ин, рушди соҳибкорӣ сарчашмаи асосии даромад ва воситаи инкишофи қобилияти эҷодиву зеҳнии одамон буда, табақаи миёнаҳоли аҳолиро, ки неруи асосии тараққиёти иқтисодӣ мебошад, ташаккул медиҳад».
Айни замон бо мақсади рушди соҳибкории хурд ва таъмини дастгирии
давлатии соҳибкорӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қонун ва қарорҳои махсус қабул намуда, тавассути онҳо  имкониятҳои рушди соҳаро фароҳам овардааст. Дар доираи ин санад-ҳо  дастгирии давлатӣ ва  рушди озоди соҳаи соҳибкории кишвар муайян гардида, шаклу усул-ҳои ҳавасмандгардонию танзими дурусти фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ муқаррар карда шудааст.  Ҳамчунин, барои татбиқи лоиҳаю барномаҳои  рушди соҳибкорӣ дар мамлакат соли 2013 муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкорӣ»  таъсис ёфт, ки ҳаҷми маблағҳои қарзии имтиёзноки ин фонд то соли 2020 як миллиард сомонӣ пешбинӣ гардид. Ҳоло дар заминаи имкониятҳои фаровон истеҳсоли  маҳсулоти воридотивазкунандаи ватанӣ ва роҳ ёфтан  дар бозори ҷаҳонӣ бо бренди «Made in Tajikistan» барои соҳибкорони ватанӣ вазифаҳои навро пеш гузоштааст.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.09.2017    №: 204    Мутолиа карданд: 797
22.10.2020


"РАВШАН" – ҒОЛИБИ ЛИГАИ ЯКУМ

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. СОЛИ ЧАРОҒОНКУНӢ

ПОМПЕО ИМА ВА РОССИЯРО БА ОҒОЗИ ҲАРЧИ ТЕЗТАРИ ГУФТУШУНИД ОИД БА МСС-3 ДАЪВАТ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.10.2020


90 СОЛИ ПУРБАРОР

САРАЗМ. АЗ ТАНТАНАҲОИ ҶАШНӢ ТО ТАНТАНАИ ЗИНДАГӢ

ҶАШНИ МЕҲРГОН ВА ФЕСТИВАЛИ ШОЛИЮ БИРИНҶ

19.10.2020


ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. "РАВШАН" БАРАНДАИ ОН ГАРДИД

16.10.2020


МОЛИЯЧИЁНИ ХАТЛОН: МО ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ!

ТАСАРРУФИ 430 000 ДОЛЛАР. ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ НИСБАТ БА ҚАЛЛОБЕ, КИ ДАР АВРУПО ПАНОҲ МЕБАРАД

14.10.2020


«ҲАБДАҲ ЧАМАН»

13.10.2020


ХАТЛОН. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ТОҶИКИСТОН. 88,7 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО – 2020 «БАРСЕЛОНА» ҚАҲРАМОНИ ОН

ОҒОЗИ МАШҚҲОИ СААД ДАР БЕЛАРУС

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛЕВАКАНТ. ТАҶДИДУ НАВСОЗИИ РОҲҲО

НОБОЛИҒОН. ҚОНУНШИКАНӢ ҲАНӮЗ АЗ БАЙН НАРАФТААСТ

ОЗАРБОЙҶОН ВА АРМАНИСТОН ОТАШБАС ЭЪЛОН НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФИЛМИ “ХИЁНАТ” АСРОРИ ДУШМАНИВУ ХОИНИРО ИФШО КАРД

12.10.2020


ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ - 2020. ФУТЗАЛБОЗОНИ ТОҶИК БАРОИ ИШТИРОК ОМОДАГӢ МЕГИРАНД

ХАЙКО МААС: "ИТТИҲОДИ АВРУПО МУКОЛАМА БО РОССИЯРО НАБОЯД ҚАТЪ КУНАД"

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.10.2020


БЕҲТАРИНҲО МУАЙЯН ШУДАНД

ҲАВЗАИ ИШКОШИМ БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ

ВОХӮРӢ БО НОМЗАДҲО

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ 56 654 ТОННА ПАХТА

ЗАРКОРОНИ ЛЕВАКАНТ АВВАЛИН ШУДА НАҚШАРО ИҶРО КАРДАНД

ММВЗО «СОЛОР» – ЧЕМПИОНИ ТОҶИКИСТОН БАЙНИ НАВРАСОНИ ТО 14 - СОЛА

07.10.2020


МОИ “СУҒД”. КОРХОНАИ КОРКАРДИ МЕВАИ ХУШК БУНЁД МЕГАРДАД

ҶАМЪОВАРИИ 2660 ТОННА ПАХТА ДАР НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ

ДАНҒАРА. ОМОДАГИҲО МУТАШАККИЛОНА ИДОМА ДОРАНД

06.10.2020


ЛИГАИ ОЛӢ. КМВА ҶОИ СЕЮМРО ГИРИФТ ВА «ЛОКОМОТИВ – ПОМИР» БА ЛИГАИ АВВАЛ РАФТ

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИИ ТОҶИКИСТОН: 122 НОЗИР ВА 258 РӮЗНОМАНИГОР АККРЕДИТАТСИЯ ГИРИФТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед