иқтисод
СУҒД. БОЗ 150 НАФАР БО ҶОЙИ КОР ТАЪМИН ГАРДИДАНД
Дар доираи Соли ҷавонон аз ҷониби бахши хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Бӯстон дар ҳамкорӣ бо МД «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Хуҷанд, сохторҳои зертобеи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва филиалҳои МД «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» дар шаҳри Бӯстон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ доир гардид.
Тибқи иттилои хадамоти матбуоти вилояти Суғд, дар он аз ҷониби ташкилоту муассисаҳо ба шаҳрвандони корҷӯ 544 ҷойи нави кории холӣ пешниҳод гардид. Дар маҷмӯъ дар ин ярмаркаҳо наздики 150 корҷӯ, аксаран собиқ муҳоҷирони меҳнатӣ бо ҷойи кор таъмин гардиданд. Ба онҳое, ки касби муайян надоштанд, барои касбомӯзӣ роҳхат дода шуд.
Дар рафти ярмарка ҷойҳои корӣ дар Федератсияи Русия низ пешниҳод гардиданд. Ҳамзамон, ба шаҳрвандон қоидаҳои муҳоҷирати бехатар фаҳмонда шуд.
Тавассути ин чорабиниҳо, ки дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои ҷумҳурӣ гузаронда мешаванд, корҷӯён, бахусус ҷавонон ва занону духтарон, дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ҷумҳурӣ бо ҷойи кор таъмин мегарданд.
Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 28.09.2017 №: 204 Мутолиа карданд: 476