logo

иҷтимоиёт

ЛАХШ. ДАСТИ ХАЙРИ МАРДУМ ДАРОЗ ШУД

Сокинони ноҳия Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вобаста ба амалисозии он бо хушнудӣ истиқбол намуданд. Баҳри ташвиқу тарғиби аҳамияти ин санади зиндагисоз дар байни аҳолӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия низ чораҳои назаррас андешида шуда, гурӯҳҳои таблиғотӣ бо шумули намояндагони  мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҷамоатҳои деҳот ҳамарӯза амал менамоянд.
Вохӯрии судманди гурӯҳҳои корӣ дар ноҳия бо мардум аллакай дар самти ободонии роҳу гузаргоҳҳо ва марказҳои фарҳангию фароғатии ноҳия натиҷаҳои назаррас бор оварданд. Бошандагони деҳаи Сафеддара бо роҳнамоии Мавлон Ризвонов аз ҳисоби сарфаи маблағи ҷашну маросимҳо ба мумфаршсозии 5 километр роҳи маҳаллӣ оғоз намуданд, ки ин масир дер боз таъмирталаб буд. Дар Ҷамоати деҳоти Пилдон бошад, шаҳрванд Ривоҷиддин Абдураҳимов бар ивази маъракаи бодабдаба дар ҳаққи гузаштагонаш барои ободсозии беморхона ва маркази фарҳангу фароғатии ҷавонони  деҳот қариб 15 ҳазор сомонӣ сарф намуд, ки намунаи ибрат аст. Дар деҳаи Питовкӯл низ бархе сокинон ба ҷойи харҷ дар маъракаҳои чил ва сари сол дар кори таъмири роҳҳои маҳаллӣ саҳми назаррас  гузоштанд.
Олим Акобир, сардори бахши оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои ноҳия, изҳор дошт, ки ин ташаббуси сокинон дар доираи дастуру супоришҳои Сарвари давлат оид ба сарфакорӣ ва аз ин ҳисоб саҳм гузоштан дар корҳои ободонӣ сурат гирифта, аз қадамҳои аввалин дар ҷодаи амалисозии қонун мебошад.
- Ба  ғайр аз корҳои таблиғотии рӯзҳои гузашта, дастурамали махсуси гузарондани ҷашну маросимҳо ба сокинони ноҳия дастрас ва ба воситаи он тартиби нави гузарондани маъракаҳо дар байни аҳолӣ фаҳмонда мешавад. Бовар аст, ки дар оянда  бар ивази маросимҳои серхарҷ аз ҷониби мардуми меҳнатдӯсти диёр созандагию ободкориҳо вусъат хоҳанд гирифт, - гуфт ӯ. 
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.09.2017    №: 204    Мутолиа карданд: 572

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!

08.11.2018


ШАҲРИСТОН. Бунёди 68 иншооти нав

ГУЛИСТОН. Бунёди майдони Парчами давлатӣ ва навсозии кӯдакистони “Дилноз”

Вусъати созандагӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

ХУҶАНД. Ифтитоҳи маҷмааи фитнеси занона

НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. Муассисаҳои таълимӣ ба фасли сармо омодаанд

“АРБОБОНИ ИЛМИ ТОҶИК”

Бо хоҳиши Макрон вохӯрии муфассали Путин ва Трамп баргузор намешавад

Толибон нияти иштирок дар музокироти сулҳи Москваро доранд

Дар 40 соли ислоҳот савдои берунаи Чин 670 маротиба афзуд

Деҳлӣ ҳавои ифлосро бо борони сунъӣ тоза карданист

Ҷаҳон дар як сатр

МАРҲИЛАИ ИНТИХОБИИ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2020. Ҳарифони мунтахаби Тоҷикистон (U-23) муайян шуданд

07.11.2018


Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия

Мулоқоти Рамазон Раҳимзода бо Абдулазиз ибни Сауд

Пулҳои миллӣ бо такмили унсурҳои ҳимоя


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед