logo

иҷтимоиёт

РӮШОН. ВОХӮРИҲО БОСАМАРАНД

Дар асоси дастури Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳҳои таблиғотӣ дар шаҳру навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар мулоқот бо мардум моҳияти тағйиру иловаҳои ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» воридшударо  фаҳмонда, ба пурсишҳои сершумори сокинон посухҳои қаноатбахш доданд.
Чунин вохӯриҳои судманд бо иштироки аъзои гурӯҳи таблиғотӣ, намояндагони вазорату идораҳо, корхонаю ташкилотҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшон, прокуратура, корҳои дохилӣ ва амнияти миллии ноҳия бо ҷалби доираи васеи сокинон баргузор гардиданд. Дар ин дидору гуфтугӯҳо аъзои гурӯҳи таблиғотӣ бештар дар хусуси аҳамият ва ҳадафҳои қабули тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» изҳори назар намуда, ба масоили риояи фарҳанги либоспӯшӣ дар тӯю маросимҳои миллӣ, ба зиёдаравӣ роҳ надодани масъулон ҳангоми иҷрои вазифаҳои хидматӣ, пешгирии худсарона гузарондани маъракаҳои дабдабанок ва вайрон намудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо, сарфаю сариштакорӣ, фаъолияти комиссияҳои доимии шаҳраку маҳаллаҳо, комиссияи ҷамъиятии корхонаву ташкилот ва ваколату вазифаҳои онҳо, вақту муҳлати баргузории ҷашну маросимҳо ва дигар унсурҳои фарҳанги миллӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд.
Иштирокдорони чорабиниҳо оид ба ҳар як ҷузъиёт ва банду моддаҳое, ки ба онҳо тағйиру иловаҳо ворид шудаанд, аз ҷумла  маросими дафну азодорӣ, тӯйи домодию арӯсӣ, хатнасур, уҳдадории шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми гузарондани тӯю маъракаҳо ва дигар масоили марбут ба ин қонуни миллӣ маълумоти мушаххас гирифтанд.
Шариф КОМИЛЗОДА,
Диловар ШАРИФЗОДА,
Зафар САФАРОВ,
 аъзои гурӯҳи таблиғотӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.09.2017    №: 204    Мутолиа карданд: 702

21.11.2018


Аз таркиш дар Кобул беш аз 50 нафар ҳалок шуд

Ӯзбекистон нахустин намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии содиротӣ мегузаронад

Могерини: «Иттиҳоди Аврупо «артиши аврупоӣ» ташкил карданӣ нест»

Табобати гепатити С дар Беларус аз арзонтарин дар Аврупост

Ҷаҳон дар як сатр

ДУШАНБЕ. Таҷлили нахустин ҷашни занони соҳибкор

ДЕВАШТИЧ. Тантанаи Рӯзи Президент

Иштироки мунтахаби футболи бонувон дар CAFA

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед