logo

фарҳанг

ДАР САРХАТИ ДЕВОНИ МИЛЛАТ

Муҳаққиқон бар ин назаранд, ки забони форсии тоҷикӣ бо ҷаззобият, шевоӣ, гӯйиши зебо ва савтиёти шоирона асрҳои аср дили орифону мутафаккирони оламро тасхир гардондааст. Бо ин нубувват ва нубуғ ва перояи зарбофти мубарро лафзи модарии мо дар раванди ҷаҳонишавӣ низ лағв нахоҳад шуд.
Жарфтар нигарем, забони форсии тоҷикӣ сайри қитъаву қораҳои бешумор намуда, девону давлатдории соири мамолики ҳамҷавор дар заминаи фавқ сурат мебандад. Аз файзи ин каломи гуҳарбор маскунини Мовароуннаҳру Хуросон, билхосса, Самарқанду Бухоро, Ҳинду Чин ва Покистону Афғонистон бархӯрдор буданд. Мутаассифона, бар асари тохтутозу истилои  аҷнабиён қисмати бештари порсигӯён ба шаҳрҳои гуногуни олам кӯч бастанд. 
Бунёдгузори адабиёту фарҳанги навини тоҷикӣ устод Садриддин Айнӣ   дар маҳв нагаштану эҳёи забони модарии мо хидмати арзишмандеро анҷом додааст. Замоне ки ҷамоҳири Осиёи Миёнаро ошӯбҳои сиёсӣ фаро мегирифт, ин шермарди қаламрави сухан бо таълифоти пурмӯҳтаво аз боби таъриху адабиёт оммаро ба гароиши хештаншиносӣ тавассути забон ҳидоят кардааст. Мавсуф дар рӯзномаи «Бухорои шариф» аз фазилати фитрӣ доштани миллати куҳанбунёд, забони полудаву хушоҳанги тоҷикона, такя бо асноди қотеъ, мақолоти саршор аз худшиносиву худогоҳии миллӣ интишор намуда, пантуркистонро ҳушдор дод, ки дар ҳошияи мавҷудияти халқи тоҷик санҷида сухан  гӯянд. 
Устод Айнӣ бо шоҳкори илмӣ ба ақоиди муғризонаи муддаиёни камхирад хати бутлон кашид. Вай дар қофилаи гирудорҳои сиёсӣ шери жаёнро мемонист, ки бо сарафрозӣ, нангу номус ва ҳамияти тоҷикона ҳарфи ватанхоҳӣ задааст. Ин дар ҳолест, ки бархе аз ҳамсафонаш дар нимароҳи хештаншиносӣ ҷониби пантуркистон гузашта буданд. 
Айнии донишманд аркони муқаддаси забони тоҷикиро сорбонӣ мекард ва намегузошт, ки як сари мӯ рахна ворид шавад. Вай дар таҳияи осори классикон, аз қабили Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Сино, Ҳофиз, Бедил ва ҳошияи асарҳои «Лайлӣ ва Маҷнун» - и Низомӣ, «Бӯстон» - и Саъдӣ ба тахти забарҷади забон эътибори вижа додааст. Устод мефармояд, ки   нависандагон ҳини иншои ин ё он асар аз хирвори марворидгунаи забони зиндаи халқ, бо истифода аз таъбиру гӯйишҳои тоза содаву оммафаҳм нависанд, вожаҳоеро корбаст намоянд, ки ба ҳар як музофоти тоҷикнишин маъмул бошад. Худи ишон дар асарҳои бадеӣ ба калимаҳои халқии кор фармудааш дар поварақ ё дар матн батафсил эзоҳ медод. 
Садриддин Айнӣ дар анҷуманҳои умумииттифоқи адибони шаҳри Москва ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (май, августи соли 1934) ширкат варзида, роҷеъ ба рисолати адабиёт ва тамаддуни бостон ба забони фасеҳи тоҷикӣ суханронӣ намудааст. Мактубҳои дилсӯзона навиштаи устод ба адибон А. Лоҳутӣ, А. Деҳотӣ, С. Улуғзода ва П. Толис нисбати софкории забон  нуктаи зайлро тақвият мебахшад. Айнӣ аз эҷодиёти нависандагони Аврупо ва Шарқ ҳамвора бохабар буд. Шарқшиносони маъруфи шӯравӣ Е.Э. Бертелс, Т. Зингер, И. Брагинский ва дигарон устод Айниро аз ҳамтои мутафаккирони барҷастаи ҷаҳонӣ пазируфтаанд. 
Сардори давлатамон ба адабиёти ҳазорсолаи форс - тоҷик ва суханварони мумтози он дилбастагии беандоза дошта, заҳматашонро пайваста қадрдонӣ менамоянд. Шоҳиди барҳақем, ки дар мавриди арҷгузорӣ ба осори донишмандону нобиғаҳои форс - тоҷик, минҷумла поягузори мазҳаби ҳанафӣ - Нуъмон ибни Собит Абуҳанифа, (мутахаллис ба Имоми Аъзам), Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Одамушшуаро Рӯдакӣ, Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино, Ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ, аллома Бедил, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Шайх Саъдӣ, Хоҷа Ҳофиз, Абдураҳмони Ҷомӣ, афзун бар ин, ба нишони эътибори сухан исми донишмандони фарзона устодон Садриддин Айнӣ ва Мирзо Турсунзодаро намуна меоваранд. 
Мояи ифтихори тамоми тоҷикони дунёст, ки Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз минбари баланди Маҷмаи умуми Созмони Милали Муттаҳид Раисӣ кардаву бо забони ноби модарии мо сухан гуфтааст. Дар зимни фуроварди ҳар пораи пурмӯҳтавои  маърӯзаашон дар толори пуршукӯҳ намояндагони ақсои олам каф кӯфтаанд. Ҳамзамон, ба раъси Пешвои тоҷикони ҷаҳон шинохтани ин сиёсатмадори тавонманд сари моро ба Каҳкашон мерасонад. Ин аст нишонае аз пойдориву ҳастии миллати тоҷик!
Президенти мардумӣ Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафарҳои расмӣ ба ҳар мулке ташриф бибарад, аз хирвори илму фарҳанг ва иқтисоди мардумонаш бар суди оммаи кишварамон тӯша барчида, ақоиди ҷаҳоншумулро дар шакли хӯшаҳои хелмахел бо ҳазору як ормони миллӣ бозтоб медиҳад. Ин шахсияти таърихӣ чӣ дар кунгураҳои байналмилал ва чӣ дар миёни халқи одӣ садоқатмандӣ ба ватандорӣ мепарварад. Бо рамзи эҳтиром аз давлати Сомониён, шукргузорӣ аз марзу буми аҷдодӣ, таъкид медорад, ки забони нобу муқаддаси модариямонро тозаву беолоиш нигоҳ бидорем.        
Дар таҷлили 10 - умин солгарди Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» Президенти мамлакатамон баробари ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ, ҷилавгирӣ аз хурофоту таассуб, исрофкориву зиёдаравӣ, риояи тарзи либоспӯшии миллӣ, махсусан, ба масъалаи забони давлатӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, иҷрои бечунучарои онро аз аҳли ҷомеа талаб карданд ва афзуданд, ки миллати тоҷик миллати фарҳангӣ буда, зебоипарастӣ асрҳо инҷониб дар миёнашон роиҷ будааст. «Дар шароити ҷаҳонишавӣ агар хоҳанд давлатеро аз миёна бибаранд, аввал забон, баъд фарҳангашро нест мекунанд…» - бо таассуф изҳор медоранд Президенти мамлакатамон Эмомалӣ Раҳмон.
Бо мақсади татбиқи забони давлатӣ роҳбарони босалоҳияти сохтори болоиву поёнии роҳбарикунандаи ҷумҳурӣ вазифадор гардидаанд, ки амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар бораи забон ва иҷрои муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» - ро ба таври муназзам таҳти назар гирифта, ин сарвати нодири миллиро парасторӣ ва ҳифз намоянд.
Ҷоннисориҳои созандагони Ватан мардуми моро ба ояндаи неку дурахшон хушбин мегардонад, ки ба сархати девони миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳнамост. Пойдории ҳамраъйии сартосарӣ дар кишварамон амну суботи ҷомеаро рушду нумӯ бахшида, дар ин моваро забони тоҷикӣ ҳам таровиши тоза ва парвози нав мегирад. 
Ҳар кӣ бо меҳру вафо бар халқ хидмат мекунад,
Номи худро сархати девони миллат мекунад. 
Сипеҳри Абуабдуллоҳи ҲАСАНЗОД,
нависанда


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.09.2017    №: 204    Мутолиа карданд: 277

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед