logo

ҳукумат

ИТТИЛОИЯ

28 сентябр дар Қасри миллат таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори маҷлис нахуст “Дар бораи Низомномаи мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ” гузориши раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон ва “Дар бораи Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ - коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 - 2022” гузориши вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ шунида шуд.
Лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Низомномаи мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ” бо мақсади таъмини талабот ва таҳти назорати доимӣ қарор додани талаботи меъёрҳои қонунгузории соҳаи сохтмон, такмил додан ва мукаммал намудани онҳо, инчунин, татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ, таҳия шудааст.
Мақсади таҳияи лоиҳаи қарори Ҳукумат “Дар бораи Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ - коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 - 2022” бошад, баланд бардоштани  сатҳу сифати таҳсилот мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ ва рушди заминаҳои муосири моддию техникии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ мебошад.
Дар бораи нақшаи генералии шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд ва дар бораи нақшаи генералии деҳаи Айнӣ - маркази ноҳияи Айнии вилояти Суғд раисони шаҳру ноҳияи номбаршуда ҳисобот доданд.
Таъкид гардид, ки нақшаи генералии шаҳри Панҷакент ва нақшаи генералии деҳаи Айнӣ - маркази ноҳияи Айнии вилояти Суғд бо мақсади муайян кардани стратегияи рушди иҷтимоӣ - иқтисодӣ ва ҳудуди маҳалҳои номбаршуда, таҳия шудаанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки аз ҷониби Ҳукумати кишвар бо мақсади дар амал татбиқ кардани нақшаҳои генералӣ дар асоси бандҳои алоҳидаи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон қитъаҳои замин ҷудо карда шудаанд. Президенти мамлакат ба роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент, ноҳияи Айнӣ ва дигар вазорату идораҳои дахлдор супориш доданд, ки барои амалӣ кардани ин барномаҳои ояндадор аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода баранд. Ҳамчунин, таъкид шуд, ки ҳадафи асосӣ аз андешидани ин тадбирҳо беҳтар кардани шароити иҷтимоию иқтисодии мардуми кишвар мебошад.
Дар кори маҷлис лоиҳаҳои як қатор қонунҳо, аз ҷумла «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» ва «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» муҳокима гардида, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуданд.
Барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, ҳамчунин, 6 хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла «Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, «Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии ҳаракат дар роҳ» ва «Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон» “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» пешниҳод гардид.
Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб дар хусуси ба категорияи деҳа мансуб донистани маҳали аҳолинишини Работи деҳоти Варзоб - Қалъаи ноҳияи Варзоб, «Дар бораи Низомномаи Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон», «Дар бораи Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои  солҳои  2018 - 2022», «Дар бораи Талаботи умумӣ ба тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии кормандон дар ташкилотҳои давлатӣ» аз масъалаҳои дигари рӯзномаи маҷлис буданд, ки вобаста ба татбиқи онҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
Дар охири кори маҷлис Президенти мамлакат, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои Ҳукумати ҷумҳурӣ, роҳбарони вазорату кумитаҳо ва дигар идораҳои давлатӣ барои иҷрои ҳатмии масъалаҳои дар маҷлис баррасишуда, инчунин, вобаста ба омодагии ҳамаи бахшҳои хоҷагии халқ ва ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017 - 2018, захираи маводи сӯхту озуқаворӣ ва сабзавот дар ҳама шаҳру ноҳияҳо, рушди бахши энергетика, таъмини муназзами гармӣ ва неруи барқ ба аҳолӣ ва дигар истеъмолкунандагон, тезондани суръат ва ҷамъоварии беталафи ҳосил, зиёд кардани майдони кишти сабзавоту ғалладонагӣ, истеҳсоли молу маҳсулоти воридотивазкунанда ва содироти он супоришҳои мушаххас доданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.09.2017    №: 204    Мутолиа карданд: 5501

15.11.2019


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Вохӯрии Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо ҳайати Фонди қарзии кафолатии Тоҷикистон

Хонандагони тоҷик дар озмуни «Роботтехника» сазовори ҷойи дуюм шуданд

Талаби Си Ҷинпин аз ҳукуматдорони Ҳонконг

Фоҷиа. 90 дарсади Венетсия зери об монд

Дар Франсия таҷдиди Нотр - Дам боиси ҷанҷол шуд

Дар Ӯзбекистон лоиҳаи маърифатии «Як миллион барномасоз» роҳандозӣ мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2019


Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндагони «Moody’s Investors Service»

Оид ба имконоти рушди кӯдакон форуми байналмилалӣ доир мешавад

Тақвияти робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо музофоти Ҳубэй

Таэквондо. 22 медали варзишгарони тоҷик аз Бухоро

"Тулӯи ҳақиқат" дар Рӯзи Президент

Шумораи сайёҳон дар Россия беш аз 20 дарсад афзудааст

Ашқобод мизбони нишасти зиддитеррористии ниҳодҳои дипломатии кишварҳои ҳамсуд

Сарвазири Ҳиндустон вохӯрияш бо Путинро олиҷаноб номид

Сесад ҷангии «Давлати исломӣ» дар Афғонистон таслим шуд

Коломойский ба Украина рӯ ҷониби Россия оварданро пешниҳод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

13.11.2019


Дар Осетия пайкараи Абулқосим Фирдавсӣ гузошта шуд

Назарбоев: "Зеленский ба мулоқот бо Путин дар Қазоқистон ризоият дод"

Дания аз бозгашти террористони «худӣ» ба кишвар шод нест

Ҷаҳон дар як сатр

“Бункер” ба Фаронса меравад

12.11.2019


Ифтитоҳи маҷмааи тиҷоратии «Масири олӣ»

Таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ матраҳ гардид

Баррасии масоили рушди қонунгузорӣ оид ба моликияти зеҳнӣ

САЙЁҲӢ. Баргузории Форуми II илмии донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимӣ

Ҷаҳон дар як сатр

Теъдоди қурбониёни тӯфони «Булбул» дар Бангладеш ба 26 нафар расид

Туркия ба истирдоди ҷангиёни «Давлати исломӣ» шурӯъ намуд

Нигаронии Лигаи кишварҳои араб аз идомаёбии зӯроварӣ дар Ироқ

Ҳиндустон дар 10 - 15 сол ММД - ро 4 маротиба боло бурданист

11.11.2019


Фаронса ба «ТАЛКО» таҷҳизот ва ба «Сомон Эйр» панҷ чархбол таҳвил медиҳад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед