logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

АГАР  ИН «АГАР» - ҲОРО ХОНДА ИСТОДА БОШЕД!
Дар кураи Замин  беш аз 7 миллиард  одам зиндагӣ мекунад. Аз онҳо 57дарсад осиёӣ, 21 дарсад аврупоӣ, 14 дарсад амрикоӣ ва 7 дарсад африқоиҳоянд.  Боз ҳам 52 дарсадро  занҳо ва 48 дарсадро мардон ташкил медиҳанд, ки дар ин шумора мову шумо ҳам ҳастем. Агар ин субҳ аз хоб сиҳату саломат бедор шудед, аз як  миллион сокини рӯи дунё, ки то охири ҳафта мемиранд, хуштолеътар ҳастед. Агар дар давоми зиндагиатон ҷанг, ранҷи зиндон, шиканҷа ва гуруснагиро надида бошед, аз 500 миллион одами  ба ин ранҷҳо гирифтор хушбахттар ба шумор меравед. Агар  манзили зист, ғизо ва дар тан  либос дошта бошед, аз 45 дарсади сокинони сайёра доротаред. Агар дар хона пасандоз ва дар ҳамёнатон пули муайянро соҳибед, ба шумори 8 дарсади  одамоне, ки таъминоти хуб доранд, ворид мешавед. Агар шумо ин «агар» - ҳоро хонда истода бошед, толеи боз ҳам фаррухтаре доред. Зеро  шумо дар қатори як миллион одаме, ки  хондаву навишта наметавонанд, нестед.
Таҳияи Фарзона ФАЙЗАЛӢ


ИН АҶИБ АСТ
АНТАРКТИДА. ОФТОБ МУҚОБИЛИ  АҚРАБАКИ СОАТ ЧАРХ МЕЗАНАД
Табиати қитъаи шашум – Антарктида ғайриодӣ буда, фасли солаш ҳам хусусияти ба худ хос дорад. Баръакси Замини калон ҳавои сардтарин нимаи тобистон аст (моҳи июни соли 1983 дар пойгоҳи «Восток» сардӣ ба 89,2 дараҷа расида буд).
Ин ҷо барф намеборад, балки шамол онро «пешандоз» карда меорад (як сония шамол ду дараҷа сардӣ дорад).
Дар ин минтақаи сармо Офтоб ба муқобили ақрабаки соат ҳаракат мекунад. Аз сабаби сардии ҳаво фарсудашавии бармаҳали бадани инсон ба амал меояд. Бо ин сабаб қутбчиён 10 - 15 сол пеш аз муҳлат ба нафақа мебароянд.
Таҳияи Аъзам МӮСОЕВ


РОҲИ КАҲКАШОН Ё БАРОИ ЧӢ ИНСОН ДАР ДАҲР ТАНҲО НЕСТ
Шаҳодати он ки мо дар даҳр танҳоем он аст, ки  аз дигар сайёраҳо радиосигналҳоро намешунавем ва ҳеҷ кас ба бонгҳои мо ҷавоб намедиҳад. Вале агар шумо ба харитаи Роҳи Каҳкашон назар афканед, нодуруст будани ин далелро мефаҳмед. 
Харитаро Адам Гроссман офаридааст ва дар он метавон масофаро танҳо дар Галлактикаи худамон дид. Қутри Роҳи Каҳкашон вобаста аз ҷойи андозагирӣ ҳудуди 100 000 – 180 000 соли рӯшноиро ташкил медиҳад. Яъне ба радиосигнали аз як гӯшаи Галлактика озодшуда камаш 100 000 соли рӯшноӣ лозим меояд, ки ба гӯшаи дигар расад. Акнун бояд ба хотир овард, ки тамаддуни мо бо радио танҳо як аср боз шинос аст. Даврачаи хурди кабудранг бо қутри 200 соли рӯшноӣ, ки Заминро иҳота кардааст, ҳамон масофаи максималиро ташкил медиҳад, ки айни ҳол аввалин радиосигналҳо аз Замин расидаанд. Барои моро шунидан тамаддуни ғайр бояд дар ҳамин давра бошад. 
Агар мо некбин шавем ва пешниҳод кунем, ки ақли пешрафтаи сайёраи ғайр метавонад радиосигналҳои моро қайд кунад, пас сигналҳо айни ҳол аз Замин бисёр бошад, ба 100 соли рӯшноӣ дур рафтаанд. Барномаи ҷустуҷӯи тамаддунҳои ғайризаминӣ доимо радиосигналҳои аз кайҳон расидаро гӯш мекунад ва аз они худро равон месозад. Вале  ба  SETI (номи умумии барнома ва чорабиниҳо оид ба ҷустуҷӯи тамаддунҳои ғайризаминӣ) лозим меояд, ки боз даҳҳо ҳазорсолаҳо ба сигналҳо гӯш диҳад ва худ бонг равон созад, қабл аз он ки ба инсоният имкони барқарор кардани иртибот бо дигар тамаддун муяссар шавад. 
Таҳияи Ш. ҚУРБОН


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ ДАР ЮНОНИ ҚАДИМ
(Идома аз «Шоми шанбе»-и гузашта)
Варзишгарони маъруф
Бозиҳои антиқа низ чемпионҳои худро доштанд.
Ба шарофати натиҷаҳои нишондода номҳои варзишгарони шуҳратдору маъруф то ба замони мо омада расидаанд.  Маълумоти мухтасаре роҷеъ ба бархеи онҳо манзур мегардад.
Паҳлавони достонзеб Мило аз Кротон, чемпиони чандинкаратаи олимпӣ 26 соли умри хешро сарфи варзиш намуда, қаҳрамони воқеии замони хеш дониста шуд. Дар корномаи варзишии ӯ ғалабаҳои зиёде берун аз Олимп низ сабт гардидааст. Дар баробари доштани тавоноии ҳайратангез, инчунин, ӯ бо иштиҳои беандозааш ҳам, маъруф буд.
Леонидаси барҷаста аз Родес, қаҳрамони чоркаратаи Бозиҳои олимпӣ дар давидан, ки ҳамватанонаш ӯро ба Худо баробар медонистанд.
Боксгар Меланкомас аз Кария на танҳо бо ҷуссаву  бадани зебои баҳодуронааш, балки бо иҷрои  техникаи ғайриодӣ дар муҳориба маъруф буд. Меланкомас бар рақибон зарба намезад, аммо бар ивази он,  вайҳоро беҳолу бемадор мекард ва аз ҳамлаҳояшон устокорона канор мерафт.
Пас аз даргузашташон чемпионҳои маъруф ба таври махсус иззату эҳтиром мешуданд, то ки ғалабаҳои онҳо дар Бозиҳо аз ёдҳо  фаромӯш нагардад. Оромгоҳи онҳоро ёдгориҳои сари қабр, ки аз тасвири гулчанбарҳои дар ғалабаҳо ба даст овардаашон ҳаккокӣ шуда буд, оро медоданд.
(Идома дорад)
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ


СТАЛИН ВА НУҚСИ АДМИРАЛ
Адмирал И. Исаков аз соли 1938 муовини Комиссари халқии Флоти баҳрии ҳарбӣ буд. Соли 1946 Сталин дар суҳбати телефонӣ таъкид мекунад, ки ният дорад ӯро сардори Штаби асосии флот таъйин намояд.
Исаков аз ин пешниҳоди ғайричашмдошт ҳайрон шуда чунин мегӯяд:
-  Рафиқ Сталин, маҷбурам ба Шумо арз кунам, ки як камбудии ҷиддӣ дорам, баъди ҷароҳат бардоштанам дар амалиёт як поямро буридаанд.
- Ин ягона нуқси шумост?
- Бале, рафиқ Сталин.
- Сардори пешинаи штаб, ки чанд сол дар ҳамин вазифа кор мекард, калла надошт. Як пой надоштани шумо ба хайр аст, - мегӯяд Сталин.
Аз русӣ тарҷумаи М. ЗУВАЙДОВА


АЛОМАТИ НАВИ ҲАРАКАТ ДАР РОҲ
Шведҳо бо гузоштани аломатҳои роҳ ба гунаи аломати  роҳ  барои ҳайвонҳо ва парандаҳо ба ҳайрат овардани одамонро дар дунё идома медиҳанд.
Акнун онҳо аломати нави роҳ «Одамон бо телефони мобилӣ» - ро ихтироъ намуданд.
Аломати нави роҳ дар тамоми кишвар насб шудааст ва дар он акси марду зане, ки биниҳояшон ба экрани телефон расидаву кӯчаро убур мекунанд, тасвир шудааст. Ин аломат ронандаҳоро огоҳ мекунад, ки ҳангоми ҳаракат аз ҷои гузаргоҳи дӯстдорони шабакаҳои иҷтимоӣ боэҳтиёт бошанд. Аломатҳои аввалин дар Стокголм насб гардиданд.
Аломати нав аз тарафи шабакаҳои иҷтимоӣ ҷонибдорӣ шуд. Ширкати MRT  масъули метрои Шведсия дар «Твиттер» - и худ навиштааст: «Ин аломати роҳ дар метро низ зарур аст. Сайёҳон бо истифода аз он ба якдигар кумак мекунанд ва дар амали хеш бо диққат мешаванд».
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА


Хислатҳои наҷиби шахсиятҳои бонуфузи ҷаҳон
(Идома аз «Шоми шанбе»-и гузашта)

Табиб Элис Чейс,  муаллифи асари  «Ғизоҳои  солим»  ва муаллифи  чанд асари дигар оид ба тарзи дурусти ғизохӯрӣ, аз гушнагӣ фавтидааст. 
***
Ҳангоме ки шоҳдухтар  Елизавета 1 соли 1762 вафот мекунад, шумораи либосҳои  ҷевонаш  зиёда аз 15000 ададро ташкил медод.
***
Леонард да Винчи   қобилияти бо як даст расм  ва бо дасти дигар навиштанро дошт. 
***
Аввалин  калимаи ба забон-овардаи  рассоми машҳури ҷаҳон Пикассо «қалам»  мебошад.
Таҳияи Нигина РАҲМОН


14 МАВЗЕЕ, КИ БА НОМИ ҶАҲОНГАРДОНИ БУЗУРГ ГУЗОШТА ШУДААСТ
9. Халиҷи Гудзон
Он дар қисми шимолии Канада ҷойгир буда, ба уқёнусҳои Яхбастаи Шимолӣ ва Атлантика тааллуқ дорад. Дар баробари ин, халиҷи Гудзонро  баҳри дохилии Канада низ мегӯянд.
Аввалин маротиба онро дар ибтидои садаи XVI Себастян Кабот фатҳ менамояд. Баъдан, пас аз гузашти як аср – соли 1611 Генри Гудзон халиҷро дубора кашф мекунад. Вале ҳангоми гузарондани таҳқиқот қисми зиёди маллоҳон ошӯб бардошта, киштиро ғасб менамоянд ва  Генри Гудзон, писараш ва тарафдорони ӯро бо қаиқе дар ин халиҷи бузург гузошта, роҳи ватанро пеш мегиранд. Пас аз ин ҳодиса, дар бораи тақдири ӯву ҳамроҳонаш маълумоте пайдо намешавад. Тахмин меравад, ки онҳо бар асари сардиҳои шадид ба ҳалокат расида, бедарак шудаанд. Ин воқеаи фоҷиабор сабаб мегардад, ки халиҷро ба номи Генри Гудзон гузоранд.
Тарҷумаи Ш. ШОКИР


Як панд
Вақте уқоб хомӯш аст, тутӣ булбул мешавад.


МУЪҶИЗА ДАР БОРАИ ДИКТОФОН
Соли 1877 Томас Эдисон мошинеро ихтироъ кард, ки он садои инсонро сабт мекард ва дубора мехонд. Ин асбоб ӯро машҳур гардонд. Вале ҳанӯз овози сабтшуда  пурра фаҳмида намешуд.
Соли 1885 Александр Белл, Чичестер Белл ва Чарлз Тейнтер низ мошини сабти овозро ихтироъ карданд. Пас аз як сол Тейнтер онро такмил дода, дастгоҳеро таҳия намуд ва онро ба мизи мошини дарздӯзие насб кард. Пояи мошини дарздӯзиро ба мисли дучарха гардиш медод, ки аз он неруи барқ ҳосил мешуд ва зимнан он ба кор медаромад. Ин дастгоҳро «графофон» гуфтанд. Барои он графофон,  ки ба воситаи ин суханро сабт намуда, бознависӣ кардан, яъне ба график даровардан мумкин буд. Он  дар ҳар ду палати Конгресс барои сабти суратҷаласа ва гуфтугӯҳо ба кор мерафт.
Соли 1897 ширкати «CoIumbia Phonograph Co» як навъ графофоне таҳия намуд, ки он ҳам бо батарея ва ҳам бо барқ кор мекард. Эдисон бошад, аввалин дастгоҳеро бо номи фонограф ба бозор баровард. Соли 1907  ҳамон дастгоҳ бо нишонаи «Диктофон» ба фурӯш бароварда шуд, ки он ҳаҷман калон буд.
То охири асри XX   ба воситаи диктофон овозро то  12 - 15 соат бидуни фосила сабт кардан мумкин буд. Имрӯзҳо воситаҳои техникӣ хеле пеш рафта, диктофонҳои рақамӣ ба вуҷуд омадаанд.
Таҳияи Сарвиноз ШОДМОНОВА


(Идома аз «Шоми шанбе»-и гузашта)
Аз Диарра то Озил
Шурӯъ аз соли 2009 пироҳани рақами 10 насиби Лассана Диарраи фаронсавӣ гардид. Ҳамин тариқ бар хилофи таомулҳо акнун соҳибони ин пироҳан на футболбозони хати ҳамла, балки бозикунони маркази майдон буданд. Бори гарони даста дар китфони Диарра буд, ҳамлаҳои рақибонро дар маркази майдон бармегардонд, вале монанди Снейдеру Фигу мухлисонро ба ваҷд оварда наметавонист.
Дар мавсими 2011-12 ин пироҳан ба Месут Озил, боз як футболбози хати марказу бозисоз расид. Тӯли ду сол Озил таҳти ин рақам бозӣ кард, вале муҳаббати мухлисонро ба даст оварда натавонист. Соли 2013 Озил ба «Арсенал» гузашт ва пироҳани рақами 10 як мавсим «бесоҳиб» монд. Тааҷҷубовар аст, ки маҳз дар ҳамин мавсим, «Реал» бори даҳум Ҷоми  Лигаи чемпионҳоро ба даст оварда буд, вале бе футболбози рақами 10.
(Идома дорад)
Таҳияи Р. КАРИМӢ


БОНУ МИЛЛИАРДЕРҲО
Аз миёни миллиардерҳои олам, ки шумораашон ба 1645 нафар мерасад, 172 нафарашон занҳо мебошанд. Чанд бонуеро номбар мекунем, ки мероси зиёди волидайн ба онҳо гузаштааст. Масалан, Кристи Уолтон зани пулдортарини олам ҳисоб шуда, дороии ӯ, ки аз падараш ба мерос гирифтааст, дар маҷмӯъ 36,7 миллиард доллари ИМА-ро дар бар мегирад. Вай роҳбарии ширкати First Solor ва Wal Wart- ро ба уҳда дорад.
Лилиан Беттанкур, ки дар соли 2014 дуюмин зани пулдортарини олам дониста шудааст,  соҳиби 34,5 миллиард доллар буда, роҳбарии ширкати бонуфузи «LOreal» - ро ба уҳда дорад. Ширкати мазкур на танҳо ба истеҳсоли маҳсулотҳои косметикӣ  машғул мебошад, балки барориши ҳамёнҳои гуногунро низ ба роҳ мондааст. Ҳамчунин, ӯ роҳбари ширкати дигари бонуфузи дунё «Lancome»  ва  «POLO by Ralph Louren» мебошад.
Таҳияи Н. РАҲМОН


17 ПУЛИ НОДИРИ ДУНЁ
Диққат! Мо, аллакай одат кардаем, ки муштариёни «Шоми шанбе» маводи боз ҳам навтару ҷолибтар хондан мехоҳанд. Маҳз ба ҳамин хотир, бароятон дар бораи нодиртарин пулҳои ҷаҳон маълумот хоҳем дод, ки воқеан аҷиб аст. Инак:
1. Пули Бруклин
Он аз куҳантарин пулҳои қантараи ИМА, рамзи Ню - Йорк мебошад. Сохтмонаш 2 январи соли 1870 шурӯъ шуда, пас аз 23 сол анҷом ёфтааст. Муҳандиси лоиҳакаш Чон Роблинг дар бунёди пули Бруклин бори нахуст аз таноби оҳании кашида истифода бурд.  Зимнан маҳз ба ҳамин сабаб муосиронаш мегуфтанд, ки ин пули пайвандгари Манхеттен ва Бруклин дер намепояд. Бо вуҷуди ин, пул то ба ҳол «фаъолият дорад». Соли 1964 он ба Феҳристи сарватҳои таърихии миллӣ ворид карда шуд.
Соли 2006 ҳангоми таъмир коргарон дар девори яке аз пояҳои пул паноҳгоҳи махфӣ аз бомбаро ошкор карданд. Дар ин ҷойи пинҳонӣ барои рӯзи мабодо 350 ҳазор бонкаи металлӣ,  галет (фатиркулча), ба миқдори зиёд дастгоҳҳои ҳавополоӣ, кампалҳои гарм ва дорую таҷҳизоти ёрии тиббӣ  оварда будаанд.
Таҳияи Хуршеди ҶОВИД


Ҳодисаҳои асроромез, сарбаста, пурмуаммо ҳамеша шавқи инсонҳоро бармеангезанд
МУАММОИ  «БЭТМЕН»
Ҳамроҳи рафиқи хабаровиам Дмитрий Никонов дар дарёи Бикин, ки ба Уссури мепайваст, саёҳат доштам. Ва боре шабона фиғони дилхароши дурударозе ба гӯшамон расид. Аҷибаш дар он буд, ки шахси уллосзананда дар як ҷой намеистод, дар ҳаракат буд, зеро шевану нулааш аз ҳар куҷо шунида мешуд. Аз тарс дили сайёҳон, чи тавре ки Дмитрий иқрор гашт, ях баст. 
Баъдтар, дар Владивосток, онҳо таърихи «одами парвозӣ» - ро, ки гӯё дар тайгаи Уссури, дар қисми ҷанубии Примория, мезистааст, шуниданд. Ин махлуқи пурасрори тайга кӣ ё чӣ бошад? Таҳқиқгари маъруфи минтақаи Уссури В. К. Арсенев низ ба худ ҳамин саволро додааст. Ана ӯ дар яке аз китобҳояш менависад: «Сагчаам аз паям меомад. Рӯи роҳ пайи хирсро дидам, вале он бештар ба пои одам шабоҳат дошт. Алма вингос зад, мӯйҳояш сих шуданд. Аз тарс ба ман худро часпонд. Ба гӯшам садои қанотзанӣ расид. Шохчаҳои дарахтон шарақ – шарақ мешикастанд. Ин вақт ҳодисае рӯй дод, ки ман тамоман интизораш набудам. Аввал овози кашишдори ғамолуда танин андохт. Сипас аз зери пардаи тунуки туман як ҷисми сиёҳи бадвоҳима баромада дар рӯи дарё қанот афшонда парида рафт… Шаб удэгейҳо бо ҳарорат дар хусуси одаме, ки ин ҷо мезистааст ва ҳам метавонистааст парвоз намояд, хеле ҷоғ заданд».    
Ба ин шаҳодаи Владимир Клавдиевич танҳо метавонад скептики ашаддӣ бовар накунад. Арсенев обрӯи илмии худро беҳад ба қадр медонист ва ба он чизе, ки бовар надошт ё надида бошад, наменавишт. Президенти ассотсиатсияи уфологҳои Примория Александр Ремпел дар рӯзҳои мо низ чанд далел овардааст оид ба «одами парвозӣ». Масалан, нақли пайшинос, сайёҳи маъруфи Шарқи Дур Ен Ван Шан хеле аҷиб аст. Боре ӯро чанд лаҳза «фиғони занона» пайгирӣ намудааст. Худи махлуқро надида бошад ҳам, аз тарс чанд километр давидааст ва дигар ба он макон қадам нагузоштааст. Шояд вай аз садои ҷондоре ё парандае тарсида бошад? Аз чунин саволҳо сайёҳ меранҷад ва мегӯяд: «Ман якумр дар тайга зистаам, овози ҳама ҷондорҳоро мешиносам, ун садо тамоман ноошно буд, соҳибаш низ».  
Шикорчиён низ дар тайга борҳо «одами парвозии садои гиряолуди занонадошта» - ро дидаанд. Ин далел ҳам ҳаст. Дар соли 1944 шаш аскар шабона аз деҳае ба қисми ҳарбӣ бо ароба ғизо мекашонд. То хоҷагиашон 3 километр монда буд, ки аз осмон пуфаки дурахшон ба замин фуромад. Ҳангоми фуромадан фиғони дилхароши «занона» вуҷуди аскарбачаҳоро ба ваҳму ҳарос овард. Бачаҳо аробаро партофта гурехтанд, баъди ин ҳодиса онҳо аз торикӣ мурданивор метарсидагӣ шуданд. Вақте ки дар бораи «одами парвозӣ» нақл мекарданд, чун барги бед меларзиданд.
Инесса Григореваи хабаровӣ охирҳои моҳи январи соли 1997 ба деҳаи Анисевк барои истироҳат омад. Дар канори деҳа қадам мезад, ба дуриҳо менигарист ва яке парандаи бузургеро дар ҳаво дид, ки ба тарафаш мепарид.  Синчакорона нигарист, то муайян намояд, ки чӣ гуна ҷонварест. Ва шах шуда монд. «Ман ду пои овезонро дидам, ки ба пойҳои одамизод монанд буд, - нақл кард занак,- қанотҳояш ноҷунбон буданд, махлуқ бесадо мепарид. Рӯяш ҳам ба чеҳраи одам монанд буд, ба ҳар ҳол даҳон ва чашмонашро ман ба хубӣ мушоҳида намудам».
Кӣ ё чӣ бошад он? Махлуқе, ки аз дунёи қадим боқӣ мондааст ё мутан аст ё аз дигар сайёра омадааст, ё ҳар вақт аз кайҳон омада аз мо хабар мегирад? Шояд ягон вақт ин асрори ниҳон низ ошкор гардад.
Қурбон МАДАЛИЕВ,
тарҷума аз русӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.09.2017    №: 205    Мутолиа карданд: 371

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед