logo

фарҳанг

ШАШМАҚОМ ДАР КОНИБОДОМ

Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом, академияи мақом ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом Фестивали байналмилалии Шашмақом баргузор гашт. Ин фестивали бошукӯҳ дар маҷмааи «Қаҳрамонони шаҳр» оғоз гашта, беҳтарин мақомсароёни кишварро ҷамъ овард.

Дар чорабинӣ муовини вазири фарҳанг Зевар Давлатзода, муовини раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ ва раиси шаҳри Конибодом Ғайбулло Боҳирӣ иштирок намуда, перомуни аҳамият ва рушди санъати Шашмақом дар замони соҳибистиқлолӣ сухан гуфтанд.
Ҳунарпешаҳои халқии Тоҷикистон Ҷӯрабек Набиев ва Абдувалӣ Абдурашидов насли ҷавонро ба  гиромидошти мероси мусиқии миллии тоҷикон ва рушду тарғиби он талқин намуданд.
-  Шашмақом мактаби бузурги фарҳангию таърихист. Ин мероси гаронбаҳоро, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун падидаи умумибашарӣ пазируфтааст, посдорӣ намуда, бо ҳамин асолату наҷобаташ ба ояндагон интиқол додан аз мо – мақомсароён низ масъулияти бузург мехоҳад, - изҳор дошт Ҷӯрабек Набиев. 
Ансамблҳои мақомсароён аз шаҳрҳои Конибодом, Панҷакент, Истаравшан, Исфара, Бӯстон, ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулов истеъдоди навозандагӣ ва сарояндагии худро намоиш доданд. Рӯзи дуюми фестивал консерти гурӯҳҳои ҳунарии шаҳрҳои Душанбе, Турсунзода, Ҳисор ва ноҳияҳои Рӯдакӣ, Дарвоз, Рашт ва мақомсароён аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардида, аз тарафи мардум истиқболи хуш ёфт.  Ғайбулло Боҳирӣ, ба ҳайати ансамблҳои Шашмақом сертификат ва дипломҳои ҷашнвораро супурд.
Меҳмонон дар доираи фестивал ба шаҳри Хуҷанд сафар намуда, аз Қасри Арбоб, маҷмааи Истиқлол, боғи Камоли Хуҷандӣ ва дигар мавзеъҳои таърихӣ дидан карданд.
Фестивали байналмилалии Шашмақом баҳри рушди ин санъати асил, дарёфти мақомсароёни ҷавон, таҳкими дӯстию рафоқат бо ҳамсоякишварҳо, мубодилаи таҷриба ва донишу малака байни мақомсароёни манотиқи гуногун ва дастрасии ин шоҳкории  нотак-рор ба наслҳои оянда мусоидат хоҳад кард.
Парвина АБДУЛЛОЕВА, рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.09.2017    №: 205    Мутолиа карданд: 365

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед