logo

ҳуқуқ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. ДАЪВАТ БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ОҒОЗ ШУД

Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Мирзо бо мақсади дар сатҳи баланди омодагӣ ба роҳ мондани  мавсими тирамоҳии даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 1 октябр шурӯъ мешавад, бо иштироки комиссарони ҳарбии шаҳру навоҳии мамлакат ҷаласа доир намуд.
Дар ҷамъомад вазири мудофиа изҳор дошт, ки дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд ин маъракаи муҳим ва чорабиниҳои вобаста ба даъват дар сатҳи баланди ташкилӣ ба роҳ монда шаванд. Ба як қатор масъалаҳои муҳим, аз ҷумла муайян намудани теъдоди мушаххаси даъватшавандаҳо, баланд бардоштани масъулият ва вазифаву уҳдадориҳои иштирокчиён дар замони осоишта ва ҳолати ҷанг, сафарбарии техникаҳои хоҷагии халқ, дар пойгоҳи комиссариатҳои ҳарбӣ таҷҳизондани нуқтаҳои идоракунӣ, тақвият бахшидани мудофиаи ҳудудӣ, ташкили дарсҳои соҳавӣ, риояи тартиби дурусти пӯшидани либоси низомӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Тибқи иттилои маркази матбуоти Вазорати мудофиа, Шералӣ Мирзо таъкид намуд, ки ҳамкориро бо мардум ва аҳли ҷомеа боз ҳам ҷоннок намуда, дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори шаҳриву ноҳиявӣ ба масоили омӯзиши даъватшавандаҳо, дуруст муайян кардани маҳали хизматии шаҳрвандони оиладор, ки ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ шомил мешаванд, таъмири бинову иншооти комиссариатҳои ҳарбӣ, пешгирии ҳар гуна қонуншиканӣ, бахусус, ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта диққати ҷиддӣ дода шавад.
Баъд аз анҷоми ҷаласа бо ҷалби комиссарони ҳарбии шаҳру ноҳияҳо ҷамъомади таълимӣ доир гардида, аз ҷониби сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, муовинони вазир ва дигар афсарони масъул дар мавзӯъҳои гуногун машғулиятҳо гузаронда шуданд.
Ёдрас мешавем, ки 13 сентябри соли ҷорӣ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1990-1999 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ», ба имзо расид. Дар асоси ин фармон Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони комиссияи даъвати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо муваззаф шудаанд, ки даъвати шаҳрвандонро аз ҳисоби даъватшавандагони ба таври дақиқ интихобшуда ба Қӯшунҳои сарҳадӣ, Гвардияи миллӣ ва қисмҳои ҳарбии таъйиноти махсус, бо таваҷҷуҳ ба хусусиятҳои хосси хизмат дар ин воҳидҳо ва дар навбати аввал пуррагардонии онҳо бо иштироки намояндагони мақомоти амният ва корҳои дохилӣ амалӣ намоянд.
Лашкар ШАРИФ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.09.2017    №: 205    Мутолиа карданд: 625

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед