logo

иқтисод

ГУЗАРИШ БА СИСТЕМАИ ИДОРАКУНӢ. ГУФТАНИҲОИ НОГУФТА

Яке аз проблемаҳои муҳими ҷомеаи рӯ ба тараққӣ гузариш ба системаи худидоракунӣ мебошад. Дар самти истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва бартараф сохтани вобастагӣ аз маҳсулоти воридотӣ ҷорӣ намудани сиёсати худидоракунӣ ва худтаъминкунӣ тавассути равнақ додани истифодабарии замини кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал, баланд бардоштани ҳосил ва рушди истеҳсолот аҳамияти махсус пайдо мекунад. Албатта, солҳои охир дар соҳаи саноати хӯрокворӣ истеҳсолот тамоюли мусбӣ гирифта истодааст. Вале, ба назари мо, тағйироти мусбат барои гирифтани нишондиҳандаи баланди истеҳсолӣ ва гузариш ба марҳилаи нави саноатӣ – аграрӣ, ҳамчунин, рушди такрористеҳсолкунӣ камсуръат ҷараён мегирад. Сабаби иқтидори баланд надоштани истеҳсолоти кишоварзӣ дар он аст, ки фаъолияти баъзе аз муассисаҳои дахлдор барои беҳтар намудани вазъи иқтисодӣ ва идоракунии он номусоид мебошад. Сабаби набудани рақобатпазирии маҳсулоти кишоварзӣ низ ба содироти ашёи хоми кишоварзӣ ва воридоти маҳсулоти хӯрокаи тайёр ва баста аст. Дар робита ба ин, зарурати пурзӯр намудани ҳамкории илм бо иқтисод ва истеҳсолот пеш омадааст. Рушди иқтидори нави истеҳсолӣ ба беҳбудии сиёсати  институтҳои молиявӣ ва сармоягузорӣ сахт алоқамандӣ дошта, ба молистеҳсолкунандаи ватанӣ барои пешрафт ва раҳоӣ аз муфлисшавӣ имконият фароҳам меоварад. Сарчашмаи ба амал омадани бенизомӣ пас аз фурӯпошии давлати шӯравӣ канда шудани риштаҳои пайвандии иқтисодӣ мебошад, ки тавонмандии худидоракунии иқтисодиёти ватаниро солҳои аввал коҳиш дод.  Аз тарафи дигар, дар давоми ин солҳо сиёсати иқтисодии давлат дар шароити норасоии дониши иқтисодии мутахассисон нисбатан коста гардид. Аммо танзими дурус-ти иқтисод дар натиҷаи тадбирҳои  босамари андешидаи давлату Ҳукумат ба таъмини кафолати ҳалли тамоми масъалаҳои вобас-та ба истеҳсолот ва мушкилоти иқтисодии ҷомеаи муосир, хусусан дар соҳаҳои кишоварзӣ қодир мебошад. Дар робита ба ин, гузариш ба рушди самтҳои афзалиятноки бахши воқеии иқтисодиёти молиявии он мебошад. Масалан, бисёре аз кишварҳо роҳи иқтисоди бозориро интихоб карда, ба натиҷаҳои дилхоҳ нарасиданд, ба мисли Чин ва Ҷопон. Дар ниҳоят, ин кишварҳо ба идоракунии иқтисодӣ гузашта, тавонистанд ба пешрафт ноил шаванд ва ба буҳрони молиявӣ тавони мутобиқат пайдо кунанд. Барои рушд дар таъмини озуқавории мардуми кишвар омӯзиши таҷрибаи байналмилалӣ ва амалияи солҳои охир  (бо омӯзиши илмӣ) зарурияти калон дорад. Таъмини амнияти озуқавории мамлакат талаб менамояд, ки ба равишҳои иқтисодӣ тавассути таҳияи стратегия барои суръат бахшидан ба афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ аҳамияти даркорӣ дода шавад. Таҳияи равишҳои стратегӣ, аз ҷумла сиёсати макроиқтисодӣ, устувории нархҳо, нигоҳ доштани интизоми молиявӣ бо тавозуни пардохт, тағйир додани муносибатҳои иқтисодӣ тавассути таъсиси субъекти мукаммал фароҳам овардани шароит барои нигоҳдории захираҳои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва пешгирии талафотро фаро мегирад.
Фаррух АБДУВОСИЕВ, 
корманди илмӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.09.2017    №: 205    Мутолиа карданд: 559

18.07.2019


ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ. Болоравии нархи барқ ба қарзи он марбут аст

Азим Иброҳим Ким Тэ Сонгро ба ҳузур пазируфт

Ба ташкили корхонаҳои муштарак ҳавасмандӣ зоҳир гардид

Ҳамоиши «Ваҳдат – омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа» доир шуд

Ҳамкорӣ бо Қатар густариш меёбад

Саридораи геология. 2810 харитаи геологӣ рақамӣ шуд

121 шахси масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд

Роҳи нави сесатҳаи Душанбе ба истифода дода мешавад

Президенти Қазоқистон Шӯрои миллии эътимоди ҷомеаро созмон дод

Дар Ӯзбекистон аввалин IT-технопарк бунёд мегардад

Ҷаҳон дар як сатр

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд.

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад

ЭНЕРГЕТИКА. 2,5 миллиард сомонӣ қарзи дебитории "Барқи тоҷик" муаммои ҳалталаб боқӣ мемонад

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд

11.07.2019


Шиносоии Қоҳир Расулзода бо сохтмон ва навсозии шоҳроҳи Душанбе – Бохтар

10.07.2019


Нодиртарин "Девон" - и Навоӣ дар Хуҷанд

Бунёди нахустин пойгоҳи ҷаҳонии шабакаи атмосферии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ

Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ 72 миллион евро ҷудо мекунад

Матвиенко: "Дар бозори Россия қариб тамоми об қалбакӣ будааст"


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед