logo

фарҳанг

АСРИ ТЕХНИКА ВА МАВҚЕИ КИТОБ ДАР ОН

Бузургони гузашта китобхониро «умри дубора» номидаанд. Суқрот ба ин бовар будааст, ки ҷомеа вақте ба фарзонагию саодат мерасад, ки хондани китоб машғулияти ҳамешагии фард - фарди он бошад. Монтескйе таъкид кардааст, ки ҳеҷ лаззате дар олам гуворотар аз лаззати китобхонӣ нест. Уилям Шекспир, шоири беназири англис, китобро бузургтарин ихтирои башар хондааст.

Мо ҳамвора ба соҳибтамаддуну соҳибкитоб буданамон таъкид меварзем ва аз абармардони илму фарҳанги тоҷик бо ифтихор сухан мегӯем, аммо дар ин росто камтар коре анҷом медиҳем, то пайравони суннатҳои қадима будани хешро амалан исбот намоем. Хуб мебуд, агар омилҳои рӯ ба пастшавӣ ниҳодани фарҳанги китоб ва китобхонӣ мавриди таҳқиқу омӯзиши олимони соҳаи марбута қарор бигиранд ва дар натиҷа  барномаи давлатии дар амал ҷорӣ намудани он таҳия шавад.
Тоҷикон миллати соҳибкитобанд. Андешамандони олам, аз ҷумла, нависандаи барҷастаи муосири тоҷик Темур Зулфиқоров китобхонаро дорухонаи рӯҳи инсон номидаанд. Таъсири китобхонии ҳадафманд бар андешаву ахлоқ ва зиндагии инсон камтар аз доруву табобат нест. Китобро бояд беҳтарин доруи рӯҳ ва фикр донист. Ба ҳар шахс ва ҷомеае, ки бемори камхонист, бояд чун ба бемор муносибат кард ва ба дармонаш пардохт.
Пеш аз ҳама, донишҷӯ  бояд ишқу алоқаи зиёд ба китобу дониш дошта бошад.  Аз донишҷӯе, ки шавқу рағбат ба илму китоб ва хонишу пурсишу ковиш надорад ва хондан ҷузъи  асосии зиндагияш нест, ҳеҷ фоидае ба миллату давлат нахоҳад расид. Аз ин рӯ, дар танзими барномаҳои соҳаи маориф замина ва авлавиятҳо барои китобхонӣ бояд ҷудо карда шавад.
Дардовар аст, ки дар замони мо китобҳое низ чоп мешаванд, ки хонандаи ноогоҳро ба гумроҳӣ мебаранд ва бешак, зиён ба андешаи ҷомеа мерасонанд. Мушкил дар он аст, ки камсаводону ноогоҳону шахсони тасодуфӣ қаламбадасту нависанда шудаанд. Иддае ҳар он чизе, ки нӯги забонашон ояд, менависанд ва онро пажӯҳиши илмӣ менигоранд, дар сурате, ки аз тарзу услуб ва равиши нигориши мақолаи илмӣ ё таҳқиқу баррасии масъала огоҳӣ надоранд.
Китоби бепоя монанди ғизои гандидаву пӯсида, ки одами тандурустро гирифтори бемориҳои хатарнок ва марговар мекунад, метавонад андешаи инсонро ба бемориҳои ҷиддию сирояткунандае гирифтор кунад. Аз ин рӯ, ба хотири аз маводи мавриди мутолиа баҳраи саҳеҳу дуруст гирифтан  бояд дар интихоби китоб ва ё манбаи иттилоотӣ хеле ҳушмандона рафтор кунем ва беҳтарин китобҳоро барои хониш ва истифодаи хеш баргузинем. Бо роҳ додани китобҳои суст ба муҳити хона, мактаб, донишкада ва донишгоҳҳо муҳити хатарзое ба вуҷуд меояд, ки андеша ва афкори наврасону ҷавононро ба осонӣ метавонанд ба гирифтории фикрию ахлоқӣ гирифтор кунанд. Муолиҷаи ин заҳролудшавӣ хеле душвор буда, аз назари молию ҳолӣ барои ҷомеа хеле гарон тамом хоҳад шуд. Бар ин асос,  назорати падару модар, масъулони ниҳодҳои таълимию илмӣ ва адабию фарҳангии кишвар бар дарунмоя ва мазмуну матолиби китоб боиста аст, зеро аз ин роҳ андешаву ақидаи наврасону ҷавононро аз айбу офатҳо мешавад эмин нигоҳ дошт. Идора кардани як ҷамъияти огоҳу бофаҳму китобхондаву таълимгирифта бамаротиб осонтар аз ҷамъиятест, ки аз илму дониш ва фарҳангу хирад дур аст. Пас, бояд ҳама корро кард, то мардум ҳамвора машғули дониш ва такмили андӯхтаҳои хеш бошанд.
Пиёда кардани барномаи мазкур барои Тоҷикистони соҳибистиқлол хоссатан дар даврони ҷаҳонишавӣ ва рушди мудовими технологияҳои навини иттилоотӣ хеле фоидаовар мебошад. Бисёр возеҳу равшан аст, ки масъалаи неруманд гародондани афроди ҷомеа бо роҳи боло бурдани сатҳи китобхонию донишандӯзии он ниҳоятан бар тавоноии фарҳангу забони миллӣ афзуда мешавад ва аз таҳоҷуми фарҳангҳои бегона солим берун меояд.  Дар барномарезиҳои давлатӣ дар соҳаи маориф роҳҳои ба вуҷуд овардан ва парвариш намудани ишқу алоқа ба китобу китобхонӣ бояд бо истифода аз таҷрибаи кишварҳои дигар дар заминаи дастовардҳои назарию амалӣ роҷеъ ба ин масъалаи муҳим тарҳрезӣ карда шаванд.  Бо вусъат бахшидан ба таълифу нашри китоб ва таблиғу тарвиҷи фарҳанги китобхонӣ метавонем миллатро бо иттилооти фоидаовар ва донишҳои муосири мавриди ниёзи ҷомеа таъмин намуда, бад - ин васила шамъи бовар ва умед ба ояндаи дурахшонро дар дили аҳли ҷомеа  фурӯзон нигоҳ дорем.
Имсол Соли ҷавонон аст. Бо фароҳам намудани шароити муносиб барои хониш ва дониш барои сокинони кишвар, бавижа қишри ҳассосу ҷӯянда ва пурэнерҷию пӯёи ҷавон, ки аз воситаҳои ҳозиразамони иттилоотӣ  фаровон истифода мебарад, баҳрабардорӣ аз фарҳангу суннатҳои бегона дар шакли мусбаташ сурат хоҳад гирифт, зеро бо доштани заминаҳои қавии миллӣ, ки бо китобхонии мудовим дар одамон табиатан пайдо мешавад, авлавият бахшидан ба фарҳанги хеш амре зарурӣ мегардад.
Яке аз роҳҳои боло бурдани фарҳанги китобхонӣ созмон додани мусобиқаҳои китобхонӣ  аст. Метавон чунин мусобиқаҳоро дар тамоми минтақаву ноҳияҳои кишвар гузаронд.   Ба ғайр аз ин, бояд мутолиаи ҳатмии теъдоди муайяне аз китобҳои ғайридарсиро ба унвони яке аз шартҳои асосии қабули довталабон ба мактабҳои таҳсилоти олии касбӣ эълом кард.
Хулоса, китоб ва китобхонӣ дурусттарин роҳи расидан ба хушбахтӣ ва оромию осудагии рӯзгор аст.
Шодимуҳаммад СӮФИЗОДА,
директори Китобхонаи марказии илмии АИ ҶТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.09.2017    №: 205    Мутолиа карданд: 377

21.06.2019


Мулоқоти Хайринисо Юсуфӣ бо Валериу Кивер

Ҳамоиш бахшида ба таъмини устувории макроиқтисодӣ

Муаррифии натиҷаҳои фаъолият дар самти безараргардонии башардӯстонаи минаҳо

20.06.2019


Гумерова: «Омӯзгорони рус дар Тоҷикистон мондан мехоҳанд»

СММ: «Ҳиндустон дар нуфуси аҳолӣ баъди 8 сол аз Чин мегузарад»

Пекин тавсеаи ёрии иқтисодӣ ва башарӣ ба Сурияро зарур мешуморад

Дар Ҷопон ҷазои ҷисмонии кӯдаконро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед