logo

фарҳанг

КОРИ ХУД КУН, КОРИ БЕГОНА МАКУН

Чанд андешае дар бораи ақлгароӣ ва худшиносӣ дар таълимоти Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ
Донишманди бузурги тоҷик, шоири тавоно ва файласуфу орифи оламгир Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ (1207-1273) на танҳо дар шеъру адаб ва фалсафаву тасаввуф, балки дар масъалаҳои динӣ низ як шахсияти барҷаста дар олами исломӣ эътироф шудааст. Ин аст, ки мазори ӯ дар шаҳри Қунияи Осиёи Сағир то кунун ҳам чун зиёратгоҳи мусулмонони кишварҳои гуногуни олам аз тамоми қитъаҳои сайёра қарор дорад. Вале ногуфта намонад, ки дар байни ин зиёраткунандагон аксарияти куллро аҳли илму фарҳанг ташкил медиҳанд. Ин нукта водор месозад, ки сабабҳои маҳбубияти шахсият ва осори Мавлоноро дар байни мардуми соҳибфарҳангу соҳибилм, ки садсолаҳо боз идома дорад, амиқтар ҷустуҷӯ намоем.
Дар чунин фаҳмиши моҳияти ақли инсонӣ мутафаккир ба ҳадиси паямбари ислом такя мекунад, ки дар он ақл барои инсон беҳтар аз тақлиди ғайриоқилона ба талаботи дин ҳисобида шудааст:
Бас накӯ гуфт он расули хушҷавоз:
«Зарраи ақлат беҳ аз савму намоз».
З-он ки ақлат ҷавҳар аст, ин ду араз,
Ин ду дар такмили он шуд муфтараз.

Бо овардани суханони боло аз «Маснавӣ»-и Мавлоно таъкид карданием, ки мутафаккир дину ақлро бо ҳам омезиш дода, инсонро ба ду нуктаи муҳим ҳидоят менамояд: аввалан, инсон бояд дар ҳама корҳо, аз  ҷумла дар масъалаҳои динӣ танҳо ба ақлу заковат такя кунад; сониян, инсони соҳиби ақли расо бояд дар ҳама амалҳои хеш мустақилона рафтор карда, ҳаргиз ба тақлиди кӯр - кӯрона ба дигарон роҳ надиҳад. Бо ҳамин сабаб, мутафаккир пайваста хотиррасон месозад, ки «Бори худ бар кас манеҳ, бар хеш неҳ», «Ҷурми худро бар каси дигар манеҳ», «Чашм дорӣ, ту ба чашми худ нигар», «Гӯш дорӣ, ту ба гӯши худ шунав» ва амсоли он.
Такя ба ақли хеш дар тамоми намудҳои фаъ-олияти инсонӣ, дурӣ ҷустан аз роҳнамоиҳои мардуми аз ақлу матниқ фарсахҳо дур, махсусан аз бегонагон, як ҷавҳари ақидаи Мавлоно дар бораи худшиносист. Худшиносӣ бошад, барои мутафаккир ин, пеш аз ҳама, масъулияти инсон дар назди хештан буда, беҳтар аз донистани усули дин аст, зеро чун инсон дар маърифати хештан муваффақ гардад, дигаронро низ медонаду мешиносад.
Ҷони ҷумла илмҳо ин аст, ин, 
Ки бидонӣ, ман киям дар явми дин.

Инсони худшинос аз назари Мавлоно инсони мустақилест, ки ба худ ва ақли хештан эътимод дорад. Чунин инсони худшинос, ки палла-палла бо нардбони ақлгароӣ ва худшиносӣ ба сӯи камолот қадам мениҳад, тамаъ бар дигарон надорад ва чунонки ба молу мулки мардуми бегона дастдарозӣ намекунад, кору рафтор ва кирдору пиндори бегонагонро низ қабул надорад:
Дар замини мардумон хона макун,
Кори худ кун, кори бегона макун.

Чунин фаҳмиши Мавлонои Балхӣ таълимотеро дар фалсафаи муосир ба ёд меорад, ки онро бо истилоҳи «бегонашавӣ» (бо завбони русӣ «отчуждение», бо забони англисӣ «alienation») ифода мекунанд. Асосгузорони ин таълимот Карл Маркс (1818 - 1883), Эрих Фромм (1900 - 1980) ва дигар файласуфони ғарбӣ буда, ақидаҳои онҳо ба мутафаккирони шарқӣ низ таъсир гузоштаанд. Аз ҷумла, Муҳаммад Иқбол дар ибтидои асри ХХ оид ба чунин бегонашавӣ дар назди худ савол гузошта – «Мешиносӣ, асри мо бо мо чӣ кард?» ва ба он ҷавоб гуфтааст: «Асри мо моро зи мо бегона кард».
Раванди фавқуззикр ба тамоми соҳаҳои фаъолияти инсонӣ - аз иқтисодӣ то иҷтимоӣ, аз гурӯҳӣ то инфиродӣ хос аст. Вале дар замони ҷаҳонишавӣ беш аз ҳама бегонашавии инсон дар соҳаи фарҳанг хатари зиёд дорад. Баъзе нишонаҳои ин раванд, ки дар ҷомеаи имрӯзаи мо низ таҳти омилҳои гуногун, хусусан бо дастгирии кишварҳо ва ташкилоти маълуми хориҷӣ, дар байни гурӯҳе аз бехабарон мушоҳида мегарданд, маҳз натиҷаҳои ҳамин зуҳуроти бегонашавиянд. Бо суханони донишманди бузурги тоҷик Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ  ба чунин ашхос ва хоҷагони онҳо, ки ба роҳи хато рафтаанд, муроҷиат намуда, таъкид бояд кард:
Диди худ магзор аз диди хасон,
Ки ба мурдорат кашанд ин каргасон.

Дар анҷоми сухан хотиррасон месозем, ки маҳз ба ҳамин аҳамияти беназири эҷодиёти Мавлоно ва роҳнамоиҳои ӯ, ки муддати зиёде ба мардум хидмат намуда ва солиёни тӯлонӣ боз хидмат хоҳанд кард, ишора карда, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд: «Инсонияти гирифтори мушкилоти рӯзафзуни маънавӣ, ахлоқӣ, экологӣ, иқтисодӣ ба ин иршодҳо бештар ва бештар ниёзманд хоҳад гардид ва аз ин рӯ, бо эътимоди комил метавон гуфт, ки паёми Мавлоно роҳнамои васли матин ва шикастнопазири инсоният ва рамзи камоли ҳақиқии он хоҳад буд».
Хуршед ЗИЁӢ,
доктори илми фалсафа, профессор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.09.2017    №: 205    Мутолиа карданд: 397

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед