logo

сиёсат

ПЕШВОИ МИЛЛАТ: "АҲЛИ МАОРИФ ДАР РУШДИ НЕРУИ ИНСОНӢ САҲМИ БЕВОСИТА ДОРАНД"

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати худ соҳаи маорифро дар мақоми аз ҳама баланд ҷой додаанд ва пайваста мо - омӯзгоронро таъкид менамоянд, ки давлати мо яке аз вазифаҳои муҳими  ҷомеа - ҳалли масъалаи таълиму тарбияи ҷавононро бо боварии комил ба дасти омӯзгор месупорад ва омӯзгор дар навбати худ алоқамандии ҷомеаро бо насли наврас таъмин менамояд. Сарвари давлат дар яке аз паёмҳояшон бори дигар хотирнишон намудаанд, ки «Дастгирии соҳаи маориф ва баланд бардоштани мақоми омӯзгор, дар навбати аввал,  аз он ҷиҳат муҳим мебошад, ки аҳли маориф дар рушди неруи инсонӣ саҳми бевосита дошта, яке аз қувваҳои пешбаранда ва фаъоли ҷомеаи имрӯза ба шумор меравад ва гузашта аз ин, пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат ба сатҳи рушди маориф вобастагии мустаҳкам дорад».

Пешвои миллат  ҳамчун як омӯзгори хирадманд, ҳар сол дар Рӯзи дониш, дар яке аз муассисаҳои таълимӣ оғози соли таҳсилро ба унвони Дарси сулҳ шахсан ибтидо мегузоранд.
Омӯзгор будан бахусус дар донишгоҳе, ки омӯзгорони ояндаро тарбияву омода месозад, рисолати дигаре низ дорад; ӯ танҳо бо саводомӯзии донишҷӯён маҳдуд намегардад, балки илова ба додани маълумот, омӯзгор хештанро бояд масъули ташаккули кирдору гуфтору рафтори шогирдон бидонад. Омӯзгори тоҷик бояд бидонад, ки вазифаи аслии ӯ омӯзондани донишҳои замонавӣ, интиқоли бинишҳои илмиву адабӣ ва ҳамзамон арзишҳои мероси фарҳангӣ ва маънавии миллати тоҷик, бар пояи меҳанпарастӣ ва худогоҳии миллӣ, мебошад.
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, ки бо ибтикори Сарвари давлат 1 сентябри соли 2015 ҷашни 70 - солагиаш дар сатҳи баланди сиёсӣ, фарҳангӣ ва илмӣ таҷлил гардид, аз ҷумлаи яке аз нахустин муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат мебошад. Донишгоҳ дар заминаи Институти дусолаи муаллимтайёркунӣ дар шаҳри Кӯлоб таъсис ёфта буд
Бояд ёдовар шуд, ки соли аввали фаъолияти Институти дусола (соли 1945) ҳамагӣ 48 нафар донишҷӯён қабул гардиданд ва ба онҳо ҳамагӣ 9 нафар устодони маълумоти олидошта таълим медоданд ва соли  1957  ин институтро беш аз 100 нафар хатм намуда, ба соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, асосан ба соҳаи маориф фиристода шуданд. Ҳоло дар донишгоҳ 9499  нафар донишҷӯ, аз ҷумла 4234 нафар духтарон таҳсил мекунанд, ки ба таълиму тарбияи онҳо 445 нафар омӯзгорону донишмандон машғуланд. Ҳар сол ин манбаи тайёркунии омӯзгорон 300 - 350  нафар муаллимони ҷавонро ба муассисаҳои таълимии навоҳӣ ва деҳоти кишвар мефиристад.  Аз ҷумла соли соли 2016   самти омӯзгориро  332  нафар донишҷӯён хатм намуданд, ки 87, 6 дарсади онҳо ба муассисаҳои таълимии кишвар ба кор фиристода шуда, боқимондаҳо ба сафҳои қувваҳои мусаллаҳ ҷалб гардидаанд.
Имрӯз дар назди омӯзгорони кишварамон масъулиятҳои баланд вогузошта шудааст. Омӯзгори замони нав набояд бо донишҳои дар мактаби олӣ андухтаи хеш иктифо намояд. Бисёр муҳим дониста мешавад, ки дар зеҳни омӯзгор маҳорату  қобилияти мунтазам тавсеа додани ҷаҳонбинии илмӣ ва педагогӣ ҷой дода шавад.
Чуноне педагоги овозаманди рус К. Д. Ушинский гуфтааст: «Омӯзгор то  замоне зиндагӣ хоҳад кард, ки дар пайи  омӯзиш бошад».  Ин андеша дар шароити кунунӣ моҳияти хоссеро ба худ касб кардааст. Зеро имрӯз  зиндагӣ худ масъалаи омӯзиши ногусастаниро ба миён овардааст.  Дар ҳақиқат, омӯзгор то ҳамон лаҳзае тавоноии омӯзондану тарбия карданро дорад, ки машғули тарбияву омӯзиши шахсии худ бошад. Ҷуз аз ин, ба омӯзгор лозим аст, ки ҳунари эҳтиром намудани шогирдони худро дошта бошад, дар ниҳоди ҳар кадоми онҳо шахсияти нотакрореро пай бурда тавонад.  Бесабаб нест, ки гуфтаанд: «Кӯдак зарфи нозуке мебошад, ки онро барои нигаҳдорӣ ба калонсолон додаанд».  Пас мебояд  ӯро ҳиссачаи ҷомеа дониста, бо муносибати таҳаммулпазирӣ  ва дили пур аз меҳр ба тарбияаш машғул шуд.
Яъне тамоми умр донишомӯз мондан, кунҷков будан, шинохтани ҷаҳони ҳар як шогирд, шинохти беҳтари худ ва инсону ҷаҳон як рисолати мактабии омӯзгор аст.
Омӯзгор ба худ иҷозат дода наметавонад, ки дар зеҳни шогирдон истеъдоду ҳунарро мушоҳида накунад. Дар ин маврид ёдкарде аз Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино гӯёи муносибати як устод бо навраси хушзеҳн мебошад. Рӯзе  Абуалӣ  Сино аз пеши дукони оҳангаре мегузашт. Кӯдакеро дид, ки аз оҳангар каме оташ мехоҳад. Оҳангар гуфт: зарфатро биёр, то оташ дар он бирезам. Вале чун кӯдак зарф наёварда буд, бедиранг хам шуд ва миқдоре хокистар бардошт ва рӯи кафи дасти худ паҳн карда гуфт: бирез! Ибни Сино аз тезҳушии ӯ дар шигифт монд ва ӯро ба шогирдии худ пазируфт ва дар тарбияташ кӯшид.
Омӯзгор дар тамоми давру замон шахси иззатманд буд. Замоне маҳз ӯ ягона шахси босавод дар ҷомеа, бавижа дар деҳот ба шумор мерафт  ва зеҳни варзидаи вай сарчашмаи асосии иттилооту донишҳо дониста мешуд. Имрӯз дигар акнун радиову телевизион,  расонаҳои хабарии дигар сарчашмаҳои муҳими иттилоот мебошанд, ки гӯё  омӯзгорро  аз ин мартабааш  маҳрум сохта бошанд. Маҳз барои ҳамин ҳам омӯзгорро мебояд бисёр заҳмат кашид, то ки бештар аз пештар ба такмили донишҳои худ  машғул шуда, на танҳо дар пеши  шогирдон, балки барои падару модарони онҳо низ сарчашмаи донишҳову иттилоот бошад.
Аз ин гуфтаҳо метавон натиҷагирӣ кард, ки  дар назди донишгоҳу донишкадаҳои олии омӯзгорӣ,  дар баробари вазифаҳои пурмасъулияти дигар, омода намудани  педагогҳои  бодонишу варзида, дар миёни омӯзгорон ва аҳли ҷамоатчигӣ  паҳну интишор намудани донишҳои педагогӣ хеле муҳим дониста шудааст. Омӯзгор алоқамандии ҷомеа бо насли наврасро таъмин менамояд ва ҷараёни азхудкунии таҷрибаи ҷамъиятӣ аз тарафи ҷавонон дар зери роҳбарии ӯ амалӣ мегардад.
Набояд аз ёд бурд, ки мо -  падару модарон талаботи бисёре дар назди омӯзгорон мегузорем, аммо гоҳе фаромӯш низ мекунем, ки бояд худамон  ба омӯзгор эҳтирому меҳри хосса дошта бошем, барои заҳмати вазнини ӯ аз самими дил сипосгузор бошем. Охир, омӯзгор ба мо дари ҷаҳони донишу маърифат-ро мекушояд, ба ҳамдигар рафоқату меҳрварзӣ, дар ҳамдастӣ  бо ҳам кору пайкор карданро меомӯзонад, ҳалли масъалаҳои душвори донишандӯзӣ ва муносибат бо ҳамсолонро ёд медиҳад. Аз ин рӯ:
Ҳаққи устод аз падар беш аст
В - аз падар устод дар пеш аст.

Абдулло ҲАБИБУЛЛО,
ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, доктори фанҳои физикаю математика, профессор, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.09.2017    №: 205    Мутолиа карданд: 758
07.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 443 БЕМОРИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ШИНОСОИИ АЗИМ ИБРОҲИМ БО ҶАРАЁНИ КОР ДАР ИНШООТИ ҶАШНӢ

КМИР. НАҚШАИ ТАҚВИМИИ ЧОРАБИНИҲОИ ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНРО ТАСДИҚ КАРД

ЛИГАИ БОНУВОН. «ХАТЛОН» ҒОЛИБИ МАРҲИЛАИ АВВАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 399 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

СУҒД. МАҲСУЛОТИ АРЗОН ЗИНДАГИРО БАРАКАТ МЕБАХШАД

АГЕНТӢ. ШУМОРАИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ АЗ ҲИСОБИ ЗАНОН КОҲИШ ЁФТААСТ. ЧАРО?

СЕРИЯ ПРО. МУБОРИЗАИ "СОРО - КОМПАНИЯ" ВА "СИПАР" ШИДДАТ МЕГИРАД

05.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 356 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

АЗ «АМОНАТБОНК» СИПОСГУЗОРЕМ

ЛИГАИ ОЛӢ. МАРҲИЛАИ ДУЮМ 8 АВГУСТ ОҒОЗ МЕЁБАД

04.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 317 БЕМОРИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ОМОДАГИҲО ҶИҲАТИ БАРӮЙХАТГИРИИ АҲОЛӢ ВА ФОНДИ МАНЗИЛ ИДОМА ДОРАНД

АГЕНТИИ СОДИРОТ. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ АФЗУД

83 КОРХОНАИ НАВИ САНОАТӢ МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

ВКД. САТҲИ ҶИНОЯТ КОҲИШ ЁФТ

SARS – CoV – 2. ТАДҚИҚОТИ ОЛИМОН ХАТАРИ НАВИ ОНРО ОШКОР СОХТ

ФАЙЗРЕЗ Ё СЕСАД ХАРБУЗА АЗ ЯК КАФ ЗАМИН

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҶУФТҲОИ ДАВРИ 1/4 - ФИНАЛӢ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

03.08.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС 83,7 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОН СИҲАТ ШУДАНД

АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶИРО БА ТАҲСИЛ ҶАЛБ КАРДАНИСТ

ҲИСОР. БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ ИДОМА ДОРАД

ГУМРУК. СОДИРОТИ МОЛУ МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ 19,1 ДАРСАД АФЗУД

КУМИТАИ АНДОЗ. ПАНДЕМИЯ БА ИҶРОИ НАҚША БЕТАЪСИР НАМОНД

ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 103 БЕМОРИ COVID - 19 СИҲАТ ШУД

СУҒД. РӮНАМОИИ КИТОБНОМАИ ҲАШТҶИЛДАИ “ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ЭМОМАЛӢ РАҲМОН”

САРҲАД. ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ 127 ҶИНОЯТ БА ҚАЙД ГИРИФТА ШУД

ИҶРОИ НАҚШАИ АНДОЗИ ИҶТИМОӢ 101 ДАРСАД ТАЪМИН ГАШТ

БАЛҶУВОН. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ КОҲИШ ЁФТ

МАҲАЛ. ҶАЛБИ НИЁЗМАНДОН ВА ТИҶОРАТИ КИШОВАРЗӢ

ВМКБ. БОЗДИДИ РАМАЗОН РАҲИМЗОДА АЗ РАФТИ БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

МОЛИЯ. МАБЛАҒГУЗОРИИ СОҲАҲОИ ИҶТИМОӢ АФЗУД

ФУТБОЛ. ТИМИ МИЛЛӢ МОҲИ СЕНТЯБР ДУ БОЗИИ САНҶИШӢ МЕГУЗАРОНАД

ЧИН ВАКСИНАИ АЛАЙҲИ КОРОНАВИРУСРО ДАР БРАЗИЛИЯ ВА АМА МЕОЗМОЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед