logo

иҷтимоиёт

КАМОНГАРОН. МУШКИЛИҲО ҲАНӮЗ ҲАМ ҲАСТАНД!

Маҳаллаи Камонгарони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар давоми як соли охир симояшро ба куллӣ тағйир додааст. Дар ин давра дар маҳалла  корҳои ободониву созандагӣ ҷоннок гардида, сокинон ба як қатор дастовардҳои чашмрас ноил шудаанд. Чароғонсозии кӯчаҳо, сабзкории сари роҳҳо, асфалтпӯшкунии кӯчаю тангкӯча ва иваз кардани пояҳои барқии садамавӣ аз ҷумлаи корҳои ба анҷомрасида мебошанд.
Асрор Тӯраев, раиси маҳаллаи мазкур, гуфт, ки дар қатори дигар пешравиҳо, аз моҳи марти соли ҷорӣ дар маҳалла сохтмони ду майдончаи варзишии футболу волейбол ва боғчаи бозии наврасон низ оғоз гардида, то имрӯз навад дарсади кор иҷро шудааст. Умед аст, ки ҳафтаҳои наздик корҳои сохтмонӣ дар ин майдончаи варзишӣ пурра ба охир расанд.
- Дар кӯчаи Ғаффор Мирзо 7 пояи барқие, ки солҳо дар ҳолати садамавӣ буд, иваз шуд. Ба ҷои симҳои луч, ки ҳангоми шамоли сахт ва барфу борон садамаҳои барқиро дар пай доштанд, кабел, ки бехатар аст, насб гардид. Дар маҷмӯъ мушкилоти ҷойдошта оҳиста-оҳиста ҳалли худро ёфта истодаанд, - илова кард А. Тӯраев.
Дар баробари мушкилоти бартарафшуда то ҳол баъзе камбудиҳои ҳалталаб низ боқӣ мондаанд. Яке аз ин мушкилӣ надоштани хати пасоби баъзе сокинони кӯчаи Камонгарони Боло мебошад, ки сокинони маҳаллаи Шаҳраки 12-ро нигарон кардааст.
Зумрат Сангова, сокини Шаҳраки 12, дар суҳбат гуфт: «Пасоби ҳаммоми чанд нафар сокини маҳаллаи Камонгарон то новаи назди бинои истиқоматии мо омада, аз сабаби баланд будани қисмати поёнии нова об ҷамъ шуда аз маҷрои худ мебарояд. Барои ҳалли ин проблема 10 сол боз ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва идораҳои масъул шикоят мебарем, аммо касе ба додамон намерасад.
Ҳолати мазкур мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва масъулони дигар идораҳои дахлдорро ҳушдор медиҳад, ки барои ҳалли камбудии ҷойдошта ҷораҷӯӣ намоянд. 
Сафаргул АЛИМОВА,
Лашкар ШАРИФ, “Ҷумҳурият”   


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.10.2017    №: 206    Мутолиа карданд: 700

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед