logo

иқтисод

ШОҲРОҲ. АГАР СИФАТ ХУБ БОШАД...

Шоҳроҳи Душанбе – Кӯлоб –Дарвоз – Хоруғ – Мурғоб – Қулма пайвандгари пойтахти Тоҷикистон бо шаҳру ноҳияҳои ВМКБ ва кишварҳои Чину Қирғизистон мебошад. Дар харита он бо аломати М 41 нишон дода шудааст. Он ҳамлу нақли дохилӣ ва байналмилалиро таъмин намуда, ҷиҳати аз бунбасти коммуникатсионӣ баромадани Тоҷикистон нақши муҳим дорад. Ғайр аз ин, ҳамасола садҳо сайёҳи хориҷӣ аз кишварҳои дуру наздик бо ин роҳ сафар менамояд, ки барои иқтисодиёти кишвар муфид арзёбӣ мегардад. 

Қисмати роҳи Душанбе – Хоруғ ҳанӯз соли 1940 давоми 110 рӯз сохта шуда буд. Ин қисмат яке аз роҳҳои қадимаи корвонӣ буда, ба Шоҳроҳи бузурги абрешим дохил мешуд. Соли гузашта маҷаллаи маъруфи ҷуғрофии National Geographic шоҳроҳро ба даҳгонаи роҳҳои беҳтарини ҷаҳон шомил намуд. 
Ба гуфтаи Хушназар Абдураҳимов, сармуҳандиси муассисаи давлатии идораи хоҷагии роҳҳои ВМКБ, тибқи барномаи рушди комплексӣ то соли 2025 таҷдиди тамоми роҳҳои аҳамияти байналмилалидоштаи вилоят тарҳрезӣ гардидааст. Барои таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе – Кӯлоб – Хоруғ – Қулма, хосса қитъаи Қалъаихумб то сарҳади ноҳияи Рӯшон, дар назар дошта шудааст, ки маблағи он 1 миллиарду 300 миллион сомониро дар бар мегирад. Вале ҳоло, бинобар ёфт нашудани маблағгузор, сохтмон оғоз наёфтааст.
Боиси қаноатмандист, ки роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалии кишвар давра ба давра таҷдиду навсозӣ шуда истодаанд. Даҳаи аввали моҳи сентябр сохтмони қитъаи Шамсиддин Шоҳин – Шоҳон дар роҳи автомобилгарди Кӯлоб – Қалъаихумб ба охир расид. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи автомобилгарди Шамсиддин Шоҳин – Шоҳон дар шоҳроҳи Кӯлоб – Хоруғро бо буридани лентаи рамзӣ расман ифтитоҳ намуд. Мутобиқи талабот дар ин қитъаи роҳи мошингард зиёда аз 1600 аломати роҳ насб гардид. Қисмати роҳи Шамсиддин Шоҳин – Шоҳон идомаи бунёди шоҳроҳи мошингард ба самти шарқии мамлакат буда, дорои аҳамияти бузурги иқтисодиву иҷтимоӣ ва стратегӣ мебошад. Бо таҷдиду навсозии ин қитъаи роҳ рафтуомади доимии сокинон дар тамоми фасли сол таъмин гардида, интиқоли молу маҳсулот афзоиш хоҳад ёфт.
Масъулони сохтмони роҳ иброз доштанд, ки ҳадаф аз бозсозӣ ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ намудани роҳи байналмилалӣ, таъмини бехатарӣ, зудҳаракатӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ бо роҳи таъмини ҷойҳои нави корӣ мебошад.
Тибқи иттилои Валӣ Махсумов, сармуҳандиси Маркази татбиқи лоиҳаҳои «Шоҳон – Зиғар»-и Вазорати нақлиёт, татбиқи лоиҳаи «Сохтмони роҳи автомобилгарди Кӯлоб – Қалъаихумб», қитъаи  Шамсиддин Шоҳин – Шоҳон асосноккунии техникиву иқтисодии лоиҳа, сохтмони 40 километр роҳи автомобилгард бо иншооти сунъӣ, аз ҷумла, 10 пул бо дарозии умумии  1121 метр, харидории техникаву таҷҳизоти роҳдорӣ, хизмати мушовирӣ ва санҷиши аудитиро дар бар гирифт. Сохтмон моҳи декабри соли 2011 оғоз ёфта, бо назардошти муҳлати тамдидшуда моҳи сентябри соли ҷорӣ ба итмом расид.
Ба гуфтаи В. Махсумов, нигоҳдории роҳ баъди анҷоми корҳои сохтмонӣ аҳамияти асосӣ дорад, бинобар ин дар доираи лоиҳаи мазкур харидани техникаву таҷҳизот барои нигоҳдории роҳ ба назар гирифта, барои интихоби таҳвилгар озмуни байналмилалӣ баргузор шуд, ки дар он ширкати маҳаллии ҶДММ «Мумтоз» ғолиб омад. Таҳвилгар дар семоҳаи аввали соли гузашта ба муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳри Кӯлоб техникаву таҷҳизоти заруриро ворид намуд.
Бояд гуфт, ки роҳи мошингарди Кӯлоб – Қалъаихумб бо дарозии умумии 168 км барои пайвасти ин ноҳияҳо нақши муҳим дорад. Қитъаҳои он, аз ҷумла Кӯлоб - Шамсиддин Шоҳин бо дарозии 32 км ва  Шкев – Қалъаихумб бо дарозии 26 км азнавсозиро талаб мекунанд. Маблағи умумии лоиҳа 114 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барои оғози корҳои сохтмонӣ дар ин роҳ санги асос гузоштанд.
Феълан лоиҳаи созишномаи қарзӣ байни Бонки исломии рушд ва Вазорати  молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расидааст. Созишномаҳои дигари қарзӣ дар ҳоли баррасӣ қарор доранд. Инчунин, ба Фонди Абу – Дабӣ  ҷиҳати пешниҳоди лоиҳаи созишномаи қарзӣ дархост ирсол шуд.
Дар доираи лоиҳа корҳои хокканӣ, хобондани лӯлаҳои обгузар, ҷӯйборҳои бетонӣ, сохтани пойдеворҳо, зерқабати роҳ, гузоштани таҳкурсӣ ва мумфаршсозии роҳ дар назар дошта шудаанд.
Маврид ба зикр аст, ки маҳз дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ аз ҳисоби маблағгузориҳои хориҷӣ ва дохилӣ аз соли 2008 то 2016 барои беҳтар сохтани роҳҳои Бадахшон ва таъмини рафтуомади озод, рушди ин минтақаи кишвар лоиҳаҳои зиёди сармоягузорӣ амалӣ шудаанд. Инҳо роҳҳои Мурғоб – Қулма, Шоҳон – Зиғар (марҳилаи 1,2,3), Шкев – Зиғар, пулҳо дар ноҳияҳои Ишкошим, Дарвоз, Ванҷ, Шамсиддин Шоҳин, шаҳри Хоруғ, нақбҳои «Озодӣ», «Дӯстӣ», «Хатлон», пулҳои байналмилалии байни Тоҷикистону Афғонистон дар мавзеъҳои Тем, Рӯзвай, Ишкошим, Ванҷ мебошанд.
Бо итминон метавон гуфт, ки бо беҳтар шудани сатҳу сифати роҳҳо ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон имконпазир гашта, рушди бемайлони ҳамлу нақли дохилию байналмилалӣ ва рушди соҳаи сайёҳӣ таъмин хоҳад шуд.
Шаҳноз ҚУРБОН,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.10.2017    №: 206    Мутолиа карданд: 533

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед