logo

фарҳанг

ЗАБОН ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми мулоқоташон бо фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии кишвар ба муносибати 10-умин солгарди амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баробари таҳлили вазъи иҷрои қонуни мазкур давоми даҳ соли амал ва таъкиди зарурати ворид намудани тағйироту иловаҳо ба он бо назардошти талаботи рӯз, ҳамзамон, ба ду масъалаи муҳими дигар: вазъи забони давлатӣ ва муносибат ба либоси миллӣ изҳори назар карданд.
Пешвои миллат таъкид намуданд: “Забони миллӣ рукни муҳимтарини давлатдорӣ буда, ҳифз кардани он, риоя намудани меъёрҳо ва аз забони халқу осори гаронбаҳои пешин бой гардондани захираи луғавии ин забони нобу шоирона вазифаи ҳар як соҳибватан мебошад. Махсусан, дар маъракаву чорабиниҳо, маҳфилу суҳбатҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ бо забони адабӣ сухан гуфтан ва риояи бечунучарои талаботи меъёри забони тоҷикӣ қарзи виҷдонии мо мебошад. Мо бояд дар шароити кунунӣ ба рушди забонамон эътибори ҷиддӣ диҳем ва онро аз таъсири манфии ҳар гуна унсурҳои бегона эмин нигоҳ дорем”.
Дар ҳақиқат, забон аз рукнҳои асосии давлати соҳибистиқлол буда, дар пойдории давлати миллӣ нақши ниҳоят бузург дорад. Вале, мутаассифона, баъзан мушоҳида мешавад, ки мо падидаи бузургу арзишмандро нодида мегирем. Дар муносибат ба забони давлатӣ ба тақлид роҳ медиҳем ва дар натиҷа, гуфтору навиштамон бо услуби бегона омезиш меёбад, тарзи саҳеҳи навишт ва парҳез аз олудагиҳои калимаву ибораҳои бегонаро сармашқи кори худ қарор намедиҳем, ки ин ба шеваи фикрронӣ ва ифодаи ақлии мо таъсири зиёд мерасонад. Ин ҷо як нуктаи муҳимро набояд фаромӯш кунем, ки тафаккур ба забон робитаи бевосита дорад ва тафаккури миллӣ бар асоси забони миллӣ шакл гирифтаву инкишоф меёбад. Бо назардошти муҳимияти масъалаи мазкур доир ба чанд паҳлуи он ибрози назар мекунем.
Интернет, ки имрӯзҳо дар ҷомеаи мо ҷараёни густурда пайдо намуда, барои аксарият дастрас шудааст, яке аз омилҳое мебошад, ки раванди ҷаҳонишавиро метезонад. Махсусан, мавҷудияти шабакаҳои иҷтимоӣ барои амалишавии ин ҳадаф созгор гардидаанд. Ҳарчанд он расман воситаи ахбори омма маҳсуб намешавад, зеро ба талаботи воқеии воситаи ахбори омма будан ҷавобгӯ нест, вале бо вуҷуди ин, фавҷи маълумоте, ки дар дохилаш иттилои бардурӯғу таҳрифшудаи зиёд дорад, диққати миллионҳо нафарро ҷалб мекунад.
Шабакаҳои иҷтимоӣ дар кишвари мо зуҳуроти тоза бошанд ҳам, корбарони сершумореро фаро гирифтаанд. Шеваи истифода аз имкониятҳои ин шабакаҳо яксон нест; эҳсос мешавад, ки қисме аз корбарон ин имконотро дуруст ва ба манфиати хеш, яъне барои пурра намудани маълумоти зарурӣ барои худ, баҳри дарёфти ғизои маънавӣ ва ё таблиғи кору хизматрасонии қонунии хеш истифода мебаранд ва гурӯҳе бо ҳадафҳои ғаразноку гумроҳона.
Мо ба шеваи баёни фикр дар ин шабакаҳо ва гурӯҳҳои алоҳида дар онҳо таваҷҷуҳ мекунем. Риоя накардани одоби сухан, агар яке аз паҳлуҳои доғи масъала бошад, аз ҷониби дигар, тарзи баёни фикр бо забони модарӣ дар баъзе аз ин гуна баҳсҳо ғашовар аст; эътибор надодан ба меъёрҳои забони адабӣ, бо шева, бо “забони махсус” изҳори назар кардан ҷиҳати дигари нигаронкунанда мебошад. Гӯишҳои шевагиро ба шакли навишторӣ овардан як навъ “ихтироот” аст, ки ба унсурҳои забони адабӣ хатар ворид мекунад; ҳатто дар асарҳои алоҳидаи фолклоршиносӣ ба хотири фаҳмо будани мақсад талаффузи қисме аз ифодаҳоро мутобиқи талаботи меъёрӣ ворид кардаанд. Дар муқоиса, он гунае, ки имрӯз мушоҳида мешавад, воқеан ҳам, боиси нигаронист.
Дар яке аз забонҳои аврупоӣ барномаи махсуси электроние ба хотири ҳифзи меъёрҳои забони адабӣ ҳангоми роҳ ёфтани зиёда аз се хатои имлоӣ ба корбар ҳуқуқи ибрози назарро дар шабакаҳои иҷтимоӣ намедиҳад. Агар ҳол чунин бошад, гумон мекунам, мо низ ба чунин барнома эҳтиёҷ пайдо мекунем...
Он ки забони мо ба тарҷумон ниёз надорад, агар аз як ҷониб боиси ифтихор бошад, аз ҷиҳати дигар, сабаби афзун гардидани масъулияти мо мегардад. “Ба тарҷумон ниёз надорад” гуфтани мо ба он хотир аст, ки бузурге чун Саид Нафисӣ (аввалин муҳаққиқи шахсияту осори устод Рӯдакӣ, олими бузурги эронӣ) ҳангоми ташриф оварданаш ба Тоҷикистон аз шеваи гуфтори мардуми тоҷик ба ваҷд омада, гуфта буд, ки дар Эрони имрӯза “Шоҳнома”-ро бидуни луғат наметавон фаҳмид, вале ман ин ҷо забони зиндаи Рӯдакию Фирдавсиро мебинам...
Мутаассифона, чун акси ин ҳолат, дар баъзе воситаҳои ахбори оммаи чопӣ ва электронии фазои иттилоотии кишвари мо раванде ҷараён дорад, ки забони моро водор ба доштани тарҷумон мекунад, яъне барои фаҳмидани мазмуни матнҳо бояд ба луғат рӯй овард.
Зебою гӯшнавоз, нобу шоирона будани забони модарии мо танҳо як тавсифе нест, ки мо ҳамчун соҳибзабон зикр мекунем, балки ҳақиқати илмӣ дорад; аз нигоҳи махсусиятҳои фонетикии забон ин сухан собит мешавад. Мутаассифона, бо вуҷуди соҳиби забони шевою ноб, хушоҳангу гӯшнавоз будан чунон амал мекунем, ки ин нобию шевоӣ нонамоён мегардад. Ин ҳам яке аз паҳлуҳои масъалаи мазкур аст, ки масъулиятнокии ҳар яки моро тақозо дорад.
Ин чанд пораандешае буд, ки дар ҳошияи як таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар зеҳни мо бедор гардид ва бо изҳори он зарурати масъулиятшиносии ҳар як соҳибзабонро таъкид кардан хостем.
Хушдил РАҲИМҶОНОВ,
номзади илмҳои филология


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.10.2017    №: 206    Мутолиа карданд: 420

22.11.2018


Баррасии таҳкими мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм

Вохӯрии Ҷамолиддин Убайдулло бо Патрис Вершер

Бахшида ба 25 - солагии баимзорасии аҳдномаи дӯстӣ намоишгоҳ доир мегардад

Баргузории машварати Шӯрои Конфедератсияи байналмилалии иттифоқҳои касабаи роҳиоҳанчиён

МАСТЧОҲ. Рӯ ба рушд

Ҳукми абад ба гунаҳгоршавандаи асосии парвандаи куштори сайёҳони хориҷӣ дар Тоҷикистон

Кишварҳои ИДМ мубодилаи маълумот оид ба террористон мекунанд

Назарбоев: «Мактабҳоро аз тафтишҳои бешумор ҳимоя бояд кард»

Дар Чин миқёси ислоҳоти моликияти давлатӣ густурдатар мегардад

Москва ва Пекин барои парвоз ба Миррих якҷоя мушак месозанд

Ҷаҳон дар як сатр

21.11.2018


Аз таркиш дар Кобул беш аз 50 нафар ҳалок шуд

Ӯзбекистон нахустин намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии содиротӣ мегузаронад

Могерини: «Иттиҳоди Аврупо «артиши аврупоӣ» ташкил карданӣ нест»

Табобати гепатити С дар Беларус аз арзонтарин дар Аврупост

Ҷаҳон дар як сатр

ДУШАНБЕ. Таҷлили нахустин ҷашни занони соҳибкор

ДЕВАШТИЧ. Тантанаи Рӯзи Президент

Иштироки мунтахаби футболи бонувон дар CAFA

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед