logo

иқтисод

ДУШАНБЕ. ДАР ОБОДОНИИ ПОЙТАХТ БЕТАРАФ НАБОШЕМ!

Вусъати корҳои ободонӣ дар шаҳри Душанбе, ки рӯз ба рӯз симои шаҳрро тарҳу намои тоза мебахшад, сокинони пойтахти мамлакатро дар ростои ҳамраъйӣ ба иқдомоти созандаи шаҳрдорӣ қарор додааст. Таъмиру навсозии иншооти муҳими давлатӣ, гулгашту хиёбонҳо, марказҳои фароғатию истироҳатӣ, бунёди мактабу майдончаҳои варзишӣ, ки ахиран таваҷҷуҳ ба онҳо зиёд шудааст, қобили дастгирист. Зеро симои наву замонавӣ касб кардани шаҳри Душанбе боиси фараҳмандиву ифтихори ҳар фарди худогоҳ, бахусус сокинони пойтахти кишвар, буда, шинохти Тоҷикистон маҳз аз ҳамин ҷо оғоз мешавад. Ё ба ибораи дигар Душанбе ҳамчун пойтахти мамлакат симои Тоҷикистони соҳибистиқлол ба ҳисоб рафта, сатҳу сифати зиндагӣ ва маданияти шаҳрдории тоҷиконро ба меҳмонони хориҷӣ муаррифӣ месозад.

Ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ дар пойтахти мамлакат нишон медиҳанд, ки талошҳои роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ин самт муваффақонаву самарнок аст. Зеро дар ҳама бахшҳои шаҳрдорӣ, шурӯъ аз низоми таълим дар муассисаҳои таҳсилотӣ, хизматрасониҳои нақлиётӣ, коммуналӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, танзими нарху наво дар бозорҳои пойтахт пешравиҳои амиқу чашмрас ба миён омадаанд. Гулкориву сабзкориҳои бесобиқа дар кӯчаву хиёбонҳои пойтахт, назди бинову иншооти таъйиноташон гуногун ба чашми ҳар бинанда, бахусус меҳмонони пойтахт, Душанберо ба сурати зеботару гул - гулшукуфон ба ҷилва меорад.
Ин раванд аз ҳар сокини пойтахт, масъулони сохтору идораҳои дахлдор тақозо мекунад, ки дар тозаву озода нигоҳ доштани кӯчаву маҳаллаҳо ва гирду атрофи коргоҳҳои хеш таваҷҷуҳ намуда, дар маҷмӯъ ба ободонии шаҳр саҳмгузор бошанд. Вале мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки на ҳама дар иҷрои ин амр аз худ масъулият нишон медиҳанд. Дар ҳоле ки ҳар рӯз аз бунёду навсозии ин ё он муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, майдончаҳои варзишӣ гузориш мерасад, мавҷуд будани як бино ё муассисаи харобшуда, ки дар натиҷаи бемасъулиятӣ ба миён омадааст, ҳусни шаҳри дилорои Душанберо мекоҳонад.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 46 - и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ки манзараи ногувор дорад, гӯё аз назари роҳбарони сохторҳои дахлдор дур мондааст. Бинои муассиса куҳнаву фарсуда ба назар расида, саҳни ҳавлии он аз сабзкориҳои ахир бенасиб мондааст. Ба гуфтаи Ориф Шодмонов, директори муассисаи мазкур, ин бино соли 1967 ҳамчун мактаби ҳаштсола сохта шуда, бо сабаби зиёд шудани хонандагон ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ табдил гардид. Бино ба гуфтаи директор, айни ҳол дар муассиса 40 омӯзгор ба 712 хонанда таълим медиҳад.
Хуллас, то кунун ин муассисаи таълимӣ ба таври зарурӣ навсозӣ нагардидааст. Дар ҳоле ки мо аз ин макон дидан мекардем, дар рӯ ба рӯи муассиса партови зиёд ҷамъ шуда буд, ки ба тозагии муҳити зист бетаъсир нахоҳад буд. Шояд дар чанд соли пеш чунин камбудӣ аслан ба чашм намехӯрд. Вале чун шаҳри Душанбе рушди босуръате касб карда, симояшро ба куллӣ дигар кардан дорад, ин камбудӣ акнун ба чашм мехӯрад ва бояд ҷиҳати бартараф намудани он тадбирҳои судманд андешида шаванд.
Сарвиноз ШОДМОНОВА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.10.2017    №: 206    Мутолиа карданд: 468

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!

08.11.2018


ШАҲРИСТОН. Бунёди 68 иншооти нав

ГУЛИСТОН. Бунёди майдони Парчами давлатӣ ва навсозии кӯдакистони “Дилноз”

Вусъати созандагӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

ХУҶАНД. Ифтитоҳи маҷмааи фитнеси занона

НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. Муассисаҳои таълимӣ ба фасли сармо омодаанд

“АРБОБОНИ ИЛМИ ТОҶИК”

Бо хоҳиши Макрон вохӯрии муфассали Путин ва Трамп баргузор намешавад

Толибон нияти иштирок дар музокироти сулҳи Москваро доранд

Дар 40 соли ислоҳот савдои берунаи Чин 670 маротиба афзуд

Деҳлӣ ҳавои ифлосро бо борони сунъӣ тоза карданист

Ҷаҳон дар як сатр

МАРҲИЛАИ ИНТИХОБИИ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2020. Ҳарифони мунтахаби Тоҷикистон (U-23) муайян шуданд

07.11.2018


Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия

Мулоқоти Рамазон Раҳимзода бо Абдулазиз ибни Сауд

Пулҳои миллӣ бо такмили унсурҳои ҳимоя


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед