logo

сиёсат

САФАРИ КОРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ БА НОҲИЯИ ХУРОСОН

1 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии сокинон ва рафти корҳои саҳроӣ ба ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Боздиди кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст аз Боғи намунавии интенсивии ба номи “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат” оғоз гардид.
Мавриди зикр аст, ки боғи мазкур аз тарафи Президенти мамлакат 23 феврали соли 2016 дар майдони 160 гектар дар ҳудуди хоҷагии фермерии “Асадулло” бунёд шудааст. Бо таъсиси боғи нав беш аз 300 сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кор гашт.
Бунёди боғҳои наву барқарор кардани боғҳои куҳна дар доираи татбиқи “Барномаи давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016 - 2020” амалӣ шуда, ин тадбир омили муҳими расидан ба яке аз ҳадафҳои асосию стратегӣ - таъмини амнияти озуқаворӣ дар ҷумҳурӣ ва бо ин роҳ мусоидат ба беҳбудии сатҳи иқтисодию иҷтимоии зиндагии аҳолӣ мебошад.
Мавзеи Фахрободи ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон солҳои пешин бо иқтидори азими истеҳсолӣ ва фаъолияти намунавии худ хеле машҳуру овозадор буд ва тайи солҳои охир бо супоришу раҳнамоии бевоситаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барқарорсозии боғу токзори харобгаштаи он дубора оғоз ёфта, боғу токзори нави намунавӣ бунёд меёбанд. Яке аз тадбирҳои муҳиме, ки Президенти мамлакат бо амалӣ кардани он ба беҳбудии сатҳи зиндагии сокинони ин минтақа заминаи мусоид фароҳам оварданд, бунёди ҳазорон гектар боғи нав ва таъсиси ҳазорҳо ҷойи корӣ мебошад. Танҳо дар заминҳои хоҷагии фермерии “Асадулло” солҳои охир бо афзоиши майдони боғу токзор зиёда аз ҳазор нафар бо кор таъмин шудааст.
23 феврали соли 2016 дар Боғи намунавии интенсивии ба номи “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат”  бо иштироки Сарвари давлат ниҳолҳо себ ва 4 марти соли 2017 дар 6 гектари ҳамин боғ 3000 ниҳоли олу шинонда шуда буд.
Аз бештар аз 200 гектар боғи интенсивии себ 80 гектараш ба боғи “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат” мансуб буда, ниҳолҳо нашъунамои хуб доранд.
Дар хоҷагии фермерии «Асадулло» давоми шаш соли охир беш аз 1700 гектар боғу токзори нав бунёд гардид. Дар боғи интенсивии себ 30 намуди ниҳоли себ, аз ҷумла "Новелла", "Даря", "Эрлимак", "Редфри", "Дейтон", "Прима", "Флорина", "Либерти", "Голдраш", "Чемпион", "Пинова", "Фуджи", "Гранни Смит" ва ғайра шинонда шудааст. Дар маҷмӯъ боғу токзори хоҷагӣ беш аз 2000 гектарро ташкил медиҳад. Таваҷҷуҳ ба боғи интенсивӣ бештар буда, дар маҷмӯъ боғи интенсивии себ дар ин хоҷагӣ беш аз 200 гектарро ташкил медиҳад. Дар 5 соли оянда меҳнаткашони хоҷагӣ мақсад доранд боз садҳо гектар боғи нав бунёд намоянд.
Дар ин хоҷагӣ бо ҳидояту маслиҳатҳои муфиди Президенти мамлакат беш аз 10 намуди ангур ва дар ҳазорҳо гектар навъҳои содиротии себ, нок, зардолу, шафтолу, гелос, олу, олуболу, олуча, чормағз, бодом, анҷир, анор, тут, писта, биҳӣ, челон, лимӯ ва дарахтони сояафкану ороишӣ шинонда шудаанд. Хоҷагӣ дар ихтиёри худ қитъаи ниҳолпарварӣ дорад ва имкон аст, ки худ ва дигар хоҷагиҳои боғутокпарвариро бо навниҳолҳои хушсифат таъмин намояд. Боғу токзор ва зироатҳои обталаби ин мавзеъ бо истифода аз технологияҳои муосир ба тариқи қатрагӣ обёрӣ карда мешаванд.
Хоҷагии фермерии “Асадулло” бисёрсоҳа буда, бо дастури Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷо парвариши чорво ба роҳ монда шудааст ва кишти зироатҳои гуногуни гандум, ҷав, наску нахӯд, зағир, кунҷит, мушунг, картошка, каду ва полизиҳо барои рушди ин соҳа имкони хубро фароҳам овардааст. Ҳамчунин, бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хоҷагӣ 60 оилаи занбӯри асал дастрас карда шуд. Дар ҳудуди хоҷагӣ ду сардхонаи калон бо иқтидорҳои 300 ва 1000 тонна мавҷуд аст. Айни ҳол меҳнаткашони хоҷагӣ ба ҷамъоварии ҳосили олу, себ, челон ва ангур машғул мебошанд ва ба хотири талаф наёфтани ҳосил онро дар сардхонаҳо захира менамоянд.
Сарвари давлат ҳангоми суҳбат бо хоҷагидорон дастур доданд, ки ҳар як ваҷаб заминро самаранок истифода баранд. Бино ба таъкиди Президенти мамлакат, дар ноҳияи Хуросон имкон фароҳам аст, ки ба хориҷи кишвар ба ғайр аз меваю сабзавоти тару тоза ва хуштамъ, инчунин маҳсулоти консервшуда, содирот гардад. Аз ин хотир, Пешвои миллат дастур доданд, ки дар ҳудуди ноҳия корхонаҳои коркарди меваю сабзавот ташкил карда шаванд.
Мавриди зикр аст, ки табиат ва иқлими Тоҷикистон барои парвариши на танҳо зироатҳо, балки барои рушди боғу токпарварӣ хеле мувофиқ мебошад. Бо мақсади таъмини амнияти озуқаворӣ дар доираи татбиқи “Барномаи давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016 - 2020” дар саросари кишвар бо дастуру ҳидоят ва иштироки бевоситаи Сарвари давлат бунёди боғҳои наву барқарор кардани боғҳои куҳна бомаром идома доранд.
Дар маъракаҳои умумии ниҳолшинонӣ бо иштироки ҳазорон нафар мардуми меҳнатқарини ҷумҳурӣ ҳамасола ниҳолҳои гуногуни мевадиҳанда, сояафкан ва ороишӣ шинонда мешаванд. Солҳои охир ба хотири беҳтар намудани иқтисодиёти кишвар бештар ба бунёди боғи дарахтони меваҳои содиротӣ таваҷҷуҳ зоҳир мегардад, зеро дар бозорҳои кишварҳои хориҷ талабот ба меваҳои хуштамъи сарзамини мо зиёд аст.
Корҳои ободонию бунёдкорӣ ва сабзу хуррам гардондани муҳити атроф дар пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе низ бомаром идома доранд. Дар гӯшаву канори ноҳияҳои пойтахт дар боғҳои фарҳангию фароғатӣ ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ ва гулу буттаҳои гуногун шинонда мешавад, ки ба симои марказҳои фарҳангию истироҳатӣ таровати тоза мебахшанд. Ҳамаи ин тадбирҳои ободонию кабудизоркунӣ, ки аз аҷдодони пурифтихор ба мо мерос мондааст, бо роҳнамоию ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат сурат мегиранд ва он аз завқи баланди зебоипарастии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.10.2017    №: 206    Мутолиа карданд: 615

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед