logo

сиёсат

ИФТИТОҲИ БИНОИ НАВИ МАКТАБ ДАР ДЕҲАИ ГУЛБУТТА

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Рӯдакӣ ташриф оварданд.

Дар деҳаи Гулбуттаи ноҳияи Рӯдакӣ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар фазои тантанавӣ бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  рақами 59 барои 1280 ҷойи нишаст дар ду бастро ифтитоҳ намуданд.
Баъди мавриди истифода қарор додани мактаб Сарвари давлат бо шароити таълим ва ҳунаромӯзӣ дар ин муассисаи наву замонавӣ шинос шуданд.
Бинои муассиса 4 - ошёна буда, аз 27 синфхонаи таълимӣ, кабинетҳои фанни химия, физика, биология, география, технология барои писарону духтарон, синфхонаҳои компютерӣ, ҳуҷраҳои корӣ барои маъмурият, толори варзиш бо 190 ҷойи нишаст, ошхонаи мактабӣ бо 120 ҷой ва толори маҷлисгоҳ барои 360 ҷойи нишаст иборат аст. Биноҳои ёрирасон, аз қабили дегхона барои гармидиҳии биноҳо низ сохта шудаанд.
Корҳои сохтмонӣ дар иншоот соли 2015 оғоз гардида, моҳи августи соли 2017 ба анҷом расонда шуданд. Бинои муассиса бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва маблағгузории ширкати «ТВЕА» - и Ҷумҳурии Мардумии Чин бунёд гардид. Корҳои сохтмониро ширкати ватании Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Союз сохтмон” бо сифати ба талаботи меъёрҳои меъморӣ ҷавобгӯй ба анҷом расонд.
Мактаби куҳнаи дар шафати мактаби нав ҷойгирбуда ба талаботи рӯз ҷавобгӯй набуд ва бинобар афзоиши шумораи хонандагон дар ин ҷо дар маҷмӯъ беш аз 4000 нафар таҳсил мекард.
Бо дарназардошти шароити вазнини таълим ва нарасидани ҷойҳои нишаст бо дастури Президенти мамлакат дар деҳаи Гулбуттаи ноҳияи Рӯдакӣ мактаби наву замонавӣ қомат афрохт. Акнун мушкилии фарзандони сокинони ноҳия ҳал шуда, хонандагон имкон доранд дар синфхонаҳои замонавии барҳаво таҳсилро идома диҳанд.
Баъди шиносоӣ бо шароити таълим дар муассисаи муосир дар саҳни ҳавлии мактаб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолону сокинони ноҳия мулоқоти самимию созанда доир карданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 59 барои 1280 ҷойи нишаст дар ду бастро ба сокинони ноҳия муборакбод намуда, онро туҳфаи арзандаи Президент ва Ҳукумати ҷумҳурӣ ба хонандагони ин даргоҳи илму маърифат маънидод карданд.
Зимни суханронӣ Президенти мамлакат фаъолияти меҳнаткашони ноҳияро давоми 26 соли соҳибистиқлолӣ натиҷагирӣ карда, оид ба дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри мусоидат ба рушду пешрафти ҳамаи бахшҳои ноҳия андеша ронданд.
Сарвари давлат дар оғоз кулли кормандони соҳаи маорифи кишвар ва устодону омӯзгорони ноҳияи Рӯдакиро ба ифтихори Рӯзи омӯзгор, ҷашни касбии аҳли маориф, ки ҳамасола дар аввали моҳи октябр таҷлил мегардад ва Рӯзи забони давлатӣ, ки 5 - уми октябр ҷашн гирифта мешавад, табрик гуфта, ба онҳо барору комёбӣ орзу карданд.
Баъди суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот аз номи сокинони ноҳия кормандони касбу кори гуногун, фаъолон ва соҳибкорони ватандӯст баромад карда, ба Президент ва Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати таъмини зиндагии шоиста ва ваҳдату оромии сартосарӣ изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.10.2017    №: 206    Мутолиа карданд: 620

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед