logo

иҷтимоиёт

ҲАР ГУЛУ ГИЁҲИ ВАТАН ДОРУСТ!

Ба гуфтаи олимони гиёҳшинос, дар Тоҷикистон беш аз 1,5 ҳазор гиёҳи шифобахш мавҷуд аст, ки айни замон 40 - 50 намуди он барои истеҳсоли дору истифода мешавад. Зарфиятҳои мавҷуда ва истифоданашударо ба инобат гирифта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳибкорон ва масъулони соҳаро ба эҳёи саноати дорусозӣ ва ташхиси дору ҳидоят намуданд. Дар ин замина, роҳбарони вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, саноат ва технологияҳои нав ва мақомоти дигари масъули ҷумҳурӣ, бо назардошти имкониятҳои фаровони табиӣ ва ашёи хом, доир ба рушди саноати дорусозӣ супориш гирифтанд.

Соҳибистиқлолӣ ба рушди соҳа замина гузошт
Султон Бекмуродзода, сардори Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ, бар ин назар аст, ки солҳои охир дар ҷумҳурӣ истеҳсолоти маводи доруворӣ ба пешравиҳо ноил гаштааст.
- Ба шарофати такмили қонунгузорӣ соҳибкорони ватанӣ дар бозори фармасевтии мамлакат мавқеъ пайдо карданд. Дар мавзеъҳои наздик ба манбаъҳои ашёи аввалия ва бозори истеъмолӣ коргоҳҳои хурди истеҳсолӣ сохта шуданд. Ҳоло ширкатҳои «Кӯҳҳои Тоҷикистон», «Ёрии Аввал», «Фароз», «Шаҳром 2010», «Авитсенна», ширкати муштараки тоҷикистонию эронии «Ориё Сурангмедикал ЛТД», маркази таълимӣ - истеҳсолии дорусозии коллеҷи тиббии ҷумҳуриявии Душанбе, «Вежа Фармасевтикалс», «Ясмина Мед», «Тиб барои шумо», «Сино - 2013», «Муъмин», «Амон - Ш», «Аввалин», «Мину фарм», ҶСК «Фароз», «Сафар фарма», «Сахо К», «Салом» ва «Казфарма» маҳсулоти доруворӣ, омехтаи гиёҳҳои шифобахш, маҳлули антисептикӣ, маснуоти санитарию гигиенӣ ва тиббӣ истеҳсол менамоянд, ки чанде аз онҳо ба хориҷи мамлакат низ фурӯхта мешаванд. Дар ин корхонаҳо зиёда аз 200 номгӯй маводи доруворӣ истеҳсол мешавад, ки ин беш аз 10 дарсади талаботи мамлакат ба маҳсулоти тиббиро ташкил медиҳад. Ин раванд тадриҷан ривоҷ ёфта истодааст.
Аслиддин Имомзода, мудири озмоишгоҳи минтақавӣ дар вилояти Хатлон, бар ин андеша аст, ки аз ҷиҳати сифат маҳсулоти ватанӣ аз маҳсулоти воридотӣ ягон камӣ надорад, танҳо тарғибу ташвиқи онҳоро дуруст ба роҳ мондан даркор аст. Бо ҳамин роҳ метавонем номгӯй ва миқдори маҳсулоти истеҳсолшавандаро зиёд намуда, воридоти онҳоро коҳиш диҳем.
Ғолиб Отахонов, директори ҶДММ «Тиб барои шумо», мегӯяд, ки ширкати онҳо 91 номгӯй маводи дорувории навъҳои тазриқии давоӣ, аз қабили новокаин, витаминҳои гуногун, ҳалкунандаҳо, маҳлулҳои инфузионӣ (глюкоза, хлориди натрий, фуратсиллин), маҳлулҳои спиртӣ (йод, бриллианти сабз, маҳлули антисептикӣ), малҳамҳо, ҳабҳо, маводи таъйиноти тиббиро дар асоси гиёҳҳои доруии мамлакат истеҳсол мекунад ва талабот ба онҳо зиёд мебошад. Аз гиёҳҳои шифобахш 18 номгӯй маводи доруӣ омода шуда, дастраси муштариён мегардад. Инчунин, 3 намуди маводи дорувориро ба Қирғизистон, Қазоқистон ва кишварҳои дигар содирот менамоем.

Дар дорухати табибон номи доруҳои ватанӣ сабт намешавад
Чун ба дорухати тавсиянамудаи табибон назар мекунем, ҳама давоҳои навишташуда истеҳсоли Ҳиндустону Покистон, Русия ва Олмон мебошанд. Имрӯзҳо бештари мардум аз мавҷуд будани доруҳои ватанӣ огоҳӣ надоранд. Онҳо намедонанд, ки дар кишвар доруи табобатӣ истеҳсол карда мешавад ё не.
Таваралӣ Ёқубов, сардори шуъбаи стандартонии КВД «Экспертиза ва озмоиши маҳсулоти фармасевтӣ ва тиббӣ» - и Хадамоти назорати фармасевтӣ, гуфт, ки ҳоло дар мафкураи муштариён беҳтар будани маводи дорувории воридотӣ аз маҳсулоти дохилӣ мустаҳкам ҷой гирифтааст. Духтурон ба беморон доруҳои хориҷиро тавсия медиҳанд ва худ аз ин нафъ мебинанд, яъне аз ширкатҳои дорурасон ҳақ мегиранд. Бемор гумон мекунад, ки дар ҳақиқат, маводи дорувории хориҷӣ беҳтар аз ватанист. Ҳол он ки сифати доруи ватанӣ нисбат ба маҳсулоти хориҷӣ аз ҳар ҷиҳат беҳтар аст. Баъзан арзиши аслии доруи истеҳсоли ватанӣ қиматтар меафтад ва он ба рақобати бозор тоб оварда наметавонад. Мо пешниҳод дорем, ки ба истеҳсолкунандагони маводи доруворӣ сабукиҳо (имтиёзҳо) дода шаванд. Тоҷикистон барои истеҳсоли дору аз нарасидани мутахассисон ва техника ягон мушкилӣ надорад. Агар барои роҳ ёфтани доруҳо аз гиёҳҳои шифобахш ба бозори фармасевтии дохилӣ ба соҳибкорон сабукиҳо (хусусан дар мавриди андозбандӣ) пешбинӣ шаванд, бовар дорам, ки маҳсулоти худӣ ҷойи дигар доруҳои воридотиро гирифта метавонад.

Аммо…
Баланд будани тарифи андозҳо, гаронии фоизи қарзҳои бонкӣ, маҳдуд будани муҳлати баргардондани қарзҳои бонкӣ, ба талаботи рӯз ҷавобгӯй набудани тафаккури соҳавии мутахассисон, бо кундӣ татбиқ гардидани равзанаи ягонаи муроҷиати соҳибкорону ширкатҳои фармасевтӣ ба муассисаю мақомоти ваколатдор аз мушкилоти соҳаанд. Инчунин, моил набудани табибон ба тавсия додани давоиёти ватанӣ мушкили асосии рушд наёфтани истеҳсолоти фармасевтӣ маҳсуб меёбанд.
Барои дастгирӣ ва имтиёз додан ба соҳибкорон мутахассисон чунин омилҳоро, назири маҳдуд кардани воридоту содироти рустаниҳои давоӣ ва омехтаи онҳо, рушд додани воридоти маводи бандина ва гигиенӣ (аз қабили пахтаи тиббӣ, дока, маҳлулу малҳамҳо ва маводи сермасрафе, ки имконияти дар дохил ба роҳ мондани истеҳсолоташон мавҷуд аст), кам кардани андоз аз воридоти маводи аввалияи тиббӣ, тарғиби бештари маҳсулоти ватанӣ ва бартарӣ додани онҳо барои дастрасӣ ба истеъмолкунандагонро пешниҳод менамоянд.
Ҳамаи ин боис мегардад, ки неруи тавлидотӣ дар мамлакат афзун ва мутахассисони соҳа бо ҷои кор таъмин шаванд. Ҳамзамон, назорат аз болои сифат, судмандӣ, бехавфии дору беҳтар ба роҳ монда шавад. Истеҳсоли доруи ватанӣ ба иқтисод ва соҳаи тандурустии мамлакат таъсири мусбат мерасонад ва дар оянда бо муҳайё гардидани шароит ба бозорҳои хориҷа роҳ ёфтани маҳсулоти «Made in Tajikistan» имконпазир мешавад.
Шаҳбоз АБРОР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.10.2017    №: 207    Мутолиа карданд: 954

23.04.2019


ДЗЮ – ДО. Медали нуқраи Темур Раҳимов аз Чемпионати Осиё

Тиб. Муваффақияти камназири ҷарроҳони рус

Пирӯзии Зеленский дар интихоботи Украина

Фоҷиа дар Шри-Ланка Теъдоди қурбониён ба 300 нафар расид

Лукашенко Россияро ҳомии истиқлолияти Беларус номид

Ёрии низомию техникии Қазоқистон ба Тоҷикистон

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2019


НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. Фенти Тилахан дар мақоми аввал

Ваҳдат ҳусни тоза мегирад

ХОРУҒ. Бунёди бинои шабакаи ёрии таъҷилӣ

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед