logo

фарҳанг

ЗАБОН ДАР ПАНОҲИ ДАВЛАТ - ДАВЛАТ ДАР ПАНОҲИ ЗАБОН

Дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ - тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот мизи мудаввар дар мавзӯи «Забон – ҳастии миллат» баргузор гардид. Ҷаласаро директори пажӯҳишгоҳ Шариф Комилзода оғоз бахшида, дар бораи рушду инкишофи забони адабии тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ сухан кард.
- Аз воқеаҳои мудҳиши ҷаҳони нобасомон пайдост, ки як лаҳза дур шудани миллат аз асолату фарҳанги хеш чи оқибатҳои нангинеро дар пай дорад. Зеро заволи миллат аз заволи забону фарҳангаш оғоз меёбад. Аз ин рӯ, таваҷҷуҳи махсуси давлату Ҳукумат ба арзишҳоли олӣ, аз ҷумла забони давлатӣ нигаронда шудааст. Дар ин раванд иштироки фаъолонаи соҳибзабонон, бавижа олимону адибони ботаҷриба тақозо мешавад, то пояҳои маънавиву моддии забонро таҳким бахшанд, - изҳор дошт Шариф Комилзода.
Маърӯзаи номзади илми филология Бахтиёри Қутбиддин дар мавзӯи «Нақши Пешвои миллат дар таҳкими забони модарӣ» низ хидматҳои бедареғи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро дар роҳи мустаҳкам кардани қадру манзалати забон фаро гирифта, таъкид мешавад, ки «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини фаъолияташон ҳамчун роҳбари давлат бо такаллуми зебои тоҷикӣ ба хонаи дили ҳамдиёронашон роҳ ёфтанд, аз минбарҳои бонуфузтарини ҷаҳон бо ин забони шево ҳарф заданд ва дар ниҳоят фалсафаи «забон дар паноҳи давлат ва давлат дар паноҳи забон» - ро бо фаъолияти муваффақонаи хеш собит намуданд».
Устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қутбиддин Мухторӣ имкониятҳои воҳидҳои луғавии забонро дар ташаккули афкори омма таҳлилу баррасӣ намуда, таъкид дошт, ки пушту паноҳи забон ҳамон халқ аст. Номбурда асосан забон ва матлабҳои матбуоти солҳои 1991 - 1992 - ро асоси тадқиқоти худ қарор дода, мавқеъ ва корбурди гурӯҳи калимаву истилоҳҳои муайянеро дар он айём мушаххас намуд.
Бузургмеҳри БАҲОДУР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.10.2017    №: 207    Мутолиа карданд: 473

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад

Форуми байналмилалии сармоягузории «Кӯлоб – 2019» баргузор мегардад

Ёқубҷон Абдуманнонзода - соҳиби дипломи озмуни «Килки тиллоӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

29.05.2019


Путин бо нахустпрезиденти Қазоқистон вохӯрд

Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск ба Тоҷикистон меояд

Мусофири ҳавопаймо аз фурӯбарии 1,5 кг кокаин ба ҳалокат расид

Ҷаҳон дар як сатр

28.05.2019


Дар Қазоқистон ба бунёди ширкатҳои давлатӣ мораторий ҷорӣ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед