фарҳанг
ВАТАН ВА СЕҲРИ ҚАЛАМ
Сафҳоти таърихи ҳар халқу миллат: болоравии иқтисодиёт, рушди илму техника, адабиёт, таназзул, сатҳи рӯзгори мардум, рӯҳияи онҳоро маҳз дар асарҳои эҷодокорон дармеёбем.
Тамошо аз намоиши маҳсули эҷодии рассомон, дизайнерон ва меъморони касбӣ ва донишомӯзони Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни шаҳри Душанбе, Хуҷанд ҳар бинандаро ба чунин хулоса меоварад.
Бори нахуст бо ташаббуси Иттифоқи рассомон, дизайнерон ва меъморони мамлакат чунин намоиш дар маркази вилояти Суғд - шаҳри Хуҷанд дар Арт-галлереяи «Сомониён» созмон дода шуд.
Оғози он ба таҷлили Рӯзи шаҳри Хуҷанд рост омад. Бо ифтитоҳи он Маъруф Муҳаммадзода, раиси шаҳр, таъкид дошт, ки дар ободии диёри азизамон саҳми одамони касбу корашон гуногун, бавижа меъморону рассомон ва дизайнерон басо назаррас мебошад. Ба шарофати фаъолияти босамари онҳо кӯчаву хиёбонҳо, гулбоғҳои шаҳрамон боз ҳам ободу назаррабо, сарсабзу гулпӯш гашта, иншоотҳои ҷолибу замонавӣ қомат меафрозанду мавриди истифода қарор мегиранд.
Баҳром Юсуфов, раиси Иттиҳоди меъморони Тоҷикистон, аз ҳадафи асосии чорабинӣ ёдовар шуд:
- Ватани ободу озод, зиндагии осудаву осоишта манбаи илҳоми эҷодкорон дар ҳамаи самтҳост.
Имрӯз рӯзгори худро бе ороишгарон-дизайнерҳо тасаввур наметавон кард. Фаъолияти онҳо фарогири тамоми паҳлуҳои рӯзгору зиндагии мо буда, хеле ҷолибу нотакрор ба назар мерасанд.
Яке аз толорҳо пурра ба санъати меъморӣ бахшида шудааст. Ин ҳама аз самари даврони соҳибистиқлолӣ, аз муҳити ободу осудаи кишвар мебошад.
Авҷи созандагӣ ҳамоно идома дорад. Меъморони кишвар бо илҳом аз иқдомҳи созандагӣ лоиҳаҳои иншоотеро меофаранд, ки аз лиҳози тахайюлоти эҷодӣ рангин, афсонавӣ падидор мешаванд. Чандин офаридаҳои меъморони ҶДММ «Суғдшаҳрофар», ки ба маъраз гузошта шудаанд, диққатҷалбкунанда мебошанд. Лоиҳаҳои меъморони ин корхона Р. Собиров, Ф. Машарипов ва С. Муҳаммедов замонавӣ ва ҷолибанд.
Асарҳои офаридаи ин эҷодкорон бинандаро ба фардои дурахшони кишвар мебаранд. Дар ин ҳол кас бовар ҳосил хоҳад кард, ки Тоҷикистон - Ватани азизи моро шукуфоӣ, сарсабзӣ ва ободии бештар дар пеш аст.
Ҷовиди АШТӢ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 04.10.2017 №: 207 Мутолиа карданд: 518