logo

сиёсат

ТО ТАБАДДУЛОТ СЕ РӮЗ МОНДА БУД

Таҳти ҳамин унвон ҳафтаномаи “Тоҷикистон” (№ 39, 27.09.2017) мусоҳибаи рӯзноманигор Шарифи Ҳамдампур бо Шамс Азизов, судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро нашр намуд, ки дар он асосҳои ҳуқуқии Қарори Суди Олӣ дар бораи манъ кардани фаъолияти ҲНИТ ва ҳамчун ташкилоти террористӣ - экстремистӣ шинохтани он матраҳ шудааст. Бо назардошти аҳамияти мавзӯъ ва шинохти боз ҳам рӯшантари чеҳраи аслии собиқ ҲНИТ, амалҳои ҷинояткоронаи роҳбарону аъзои он тасмим гирифтем, ки фишурдаи ин суҳбатро манзури хонандагон намоем:

- Муҳтарам Шамс Одинаевич, тибқи қарори Суди Олӣ ҲНИТ ташкилоти террористӣ - экстремистӣ эълон гардид. Баъд аз гузашти вақт аъзо ва ҳаводорони ин ҳизб қонунӣ будани ин қарорро зери шубҳа гузоштанд ва ҳоло созмонҳои байналхалқиро мехоҳанд ба ин хулосаи худ мутмаин созанд. Шояд онҳо барои чунин хулоса баровардан асос доранд ва дар бастани фаъолияти ин ҳизб шитобкорӣ роҳ ёфт?
- Дар ин кор ҳеҷ шитобкорие роҳ наёфтааст. Вобаста ба ҳар  масъалаи мавриди баҳс назарҳо  гуногун мешаванд, аммо вақте сухан дар бораи тасмимҳои меъёрӣ - ҳуқуқӣ меравад, на ҳар кас ба онҳо баҳои дуруст дода метавонад. Хусусан, дар мавриде ки таҳлилу баҳогузорӣ хусусияти сиёсӣ, манфиатҷӯёна ва иғвоангезона пайдо мекунад. Исботашро дар баромаду суханрониҳои пайвастае, ки аз минбарҳои гуногун садо медиҳанд, мебинему мешунавем. Ин афкору андешаҳо саропо аз шиору даъватҳои  моҷароҷӯёна  иборат буда, мақсади асосиашон таҳрифи воқеият мебошад. Даъвоҳо пуч, холӣ аз санаду далелҳо буда, ягон асоси ҳуқуқӣ надоранд. Ҳол он ки сари баррасии чунин мавзӯъҳо бояд танҳо ба ҷанбаҳои ҳуқуқии  масъала такя карда шавад. Дар асоси моддаи 8 - уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ дар доираи Конститутсия ва қонунҳо таъсис меёбанд ва амал мекунанд.  Таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсие, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ,  хусумат,  бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд ва  ё  барои бо роҳи зӯрӣ сарнагун кардани сохтори конститутсионӣ ва ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ даъват менамоянд,  манъ аст.
ҲНИТ  4-уми декабри соли 1991 дар хориҷи мамлакат таъсис ёфт ва дар ҷумҳурӣ фаъолияташро оғоз  кард.  Яъне, дар ҳамон давра, гурӯҳе бо истифода аз ҳуқуқҳои конститутсионии хеш муттаҳид шуданд ва ҳизби сиёсӣ ташкил намуданд. Аммо раванди минбаъдаи иқдомоти сиёсии онҳо, дақиқтараш кирдору рафтори роҳбаронашон нишон дод, ки нияташон холисона, пок нест. Баррасии парванда собит сохт, ки онҳо бозичаи дасти дигаронанд ва аз берун идора мешаванд. Фаъолияти ҳизбии худро дар асоси дастуру супоришҳои бегонагон роҳандозӣ мекунанд.
Новобаста ба ин, дар ҳошияи имзои  Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, тибқи қарори Раёсати Суди Олӣ аз 12 августи соли 1999 фаъолияти ҲНИТ дар ҷумҳурӣ аз нав иҷозат дода шуд  ва  28 сентябри  соли 1999 дар Вазорати адлия ба қайд гирифта шуд. Ҳизб мебоист тибқи оинномааш - ҳифзи истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон, якпорчагӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ, таъмини ваҳдати миллӣ ва ҳамзистии бародаронаи халқҳои Тоҷикистон амал мекард.

- Магар ҲНИТ дар доираи оинномааш фаъолият надошт?

- Албатта не. Сабаби асосии аз ҷониби Суди Олӣ бастани фаъолияти ҲНИТ низ дар ҳамин буд.

-  Агар ин воқеият дорад, метавонед чанд далел пеш оред?

- Далелҳо зиёданд, ҳамаи онҳо дар парвандаҳои ҷиноятӣ нисбат ба амалҳои террористию экстремистии аъзои ҲНИТ оварда шудаанд. Танҳо дар 5 соли охир 45 нафар аъзои ҲНИТ ҷиноятҳои гуногуни вазнин ва махсусан вазнин содир намуда, нисбат ба кирдорҳои ғайриқонуниашон  қарорҳои  ниҳоии судӣ қабул  карда шуданд. 17 нафари онҳо бинобар даст доштан дар ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта, аз қабили ташкили иттиҳодияҳои ҷиноятӣ, иштирок дар иттиҳоди экстремистӣ, даъватҳои оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд.
Дар рафти тафтиши парвандаи ҷиноятӣ оид ба куштори 25 нафар хизматчии ҳарбии Вазорати мудофиа дар водии Рашт (соли 2010) аз ҷониби аъзои Иттиҳоди террористии “Ҷамъияти Ансоруллоҳ” таҳти роҳбарии Давлатов Аловуддин бо тахаллуси “Алии Бедакӣ” ва Раҳимов Абдулло бо тахаллуси “Мулло Абдулло” муайян гардид, ки раиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Рашт Давлатов Ҳусниддин шахсан ба иттиҳоди террористӣ шомил гардида, ҳангоми дастрас намудани моддаҳои кимиёвӣ барои гурӯҳи мазкур, баҳри омода сохтани воситаҳои тарканда, дастгир шудааст. Бо ҳукми суди шаҳри Душанбе ӯ аз 21 январи соли 2011 барои  иштирок дар иттиҳоди ҷиноятӣ гунаҳкор дониста шуда, ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 11 солу 6 моҳ маҳкум гардид.
Бо далелҳои раднопазир исбот гардид, ки Давлатов Аловуддин  фаъолтарин созмондиҳандаи ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ  дар водии Рашт буда, зери роҳбарии мулло Абдулло чандин амали  дастаҷамъонаи террористиро ба муқобили сохторҳои низомӣ ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ анҷом додааст. Аъмоли ӯ ва ҳаммаслаконаш бо азназаргузаронии ҷои ҳодиса, далелҳои шайъӣ, нишондодҳои ҷабрдидагон ва хулосаҳои ташхисҳои судӣ тасдиқи худро ёфт.
Раиси бахши ҲНИТ дар шаҳри Хоруғ Карамхудоев Шерик Елчибекович ба иттиҳоди муташаккили ҷиноятӣ шомил шуда, моҳи июли соли 2012 дар бетартибиҳои оммавӣ, ки дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои атрофи он сурат гирифтанд, бо истифодаи силоҳи оташфишон - автомати тамғаи “Калашников” ва норинҷак ба намояндагони ҳокимият муқобилияти мусаллаҳона нишон дод. Номбурда барои содир намудани амалҳои ғайриқонуниаш, яъне ташкил ва иштирок дар бетартибиҳои оммавӣ, иштирок дар иттиҳоди ҷиноятӣ, ғайриқонунӣ нигоҳ доштани яроқи оташфишон ва истифодаи зӯроварии ба ҳаёт хавфнок нисбат ба намояндагони ҳокимият ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда, бо ҳукми Суди Олӣ,  аз 10 майи соли 2013, ба муҳлати 18 сол аз озодӣ маҳрум карда шуд.
Роҳбари шуъбаи вилоятии ҲНИТ дар ВМКБ Маҳмадризоев Сабзалӣ бошад, 24 июли соли 2012 ҳангоми ҳуҷуми мусаллаҳона ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ безарар гардонда шуда, автомати  тамғаи “Калашников” ва таппончаи тамғаи “Макаров”-и ба ӯ тааллуқдошта мусодира шуданд. Иштироки фаъолонаи С. Мамадризоев дар амалҳои террористӣ, ҳамчунон, бо нишондоди шоҳидон, наворҳои видеоӣ ва дигар далелҳои эътимоднок дар парвандаи ҷиноятӣ тасдиқи худро ёфтаанд.
Аъзои фаъоли ҲНИТ дар шаҳри Исфара Шарипов Мукаррамхӯҷа, Шарипов Муссаямхӯҷа ва Турсунов Абдумубин моҳи январи соли 2008 аъзои Ташкилоти террористии “Ҳизби исломии Туркистон” Қаюмов Абдуфаттоҳ ва Бобоев Абдухолиқро, ки барои содир намудани куштори афсари милитсия ва дигар ҷиноятҳои махсусан вазнин дар кофтукови мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор доштанд, дар манзили истиқоматии худ пинҳон карда, худашон низ ба ин иттиҳоди ҷиноятӣ шомил шуда буданд. 6 ноябри соли 2009 Шариповҳо ва А. Турсунов дастгир гардида, бо ҳукми суди вилояти Суғд барои содир кардани амалҳои ҷиноятиашон маҳкум  карда шуданд.
11-уми августи соли 2015 даҳ нафар сокини шаҳри Норак дар кӯпруки деҳаи Чашма - 1 - и шаҳри Норак парчами ташкилоти террористию экстремистии "Давлати исломӣ" - ро овехтанд. Тафтишот муайян намуд, ки аз ин гурӯҳ 5 нафараш, яъне Саидов Д. Фозилов Д. Пиров Қ. Хоҷамуродов Т. ва Ҷ. Абдуллоев аъзои ҲНИТ буда, ин амалҳоро барои барангехтани кинаю адовати сиёсӣ ва динӣ, халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ ва тарсондани аҳолӣ содир кардаанд. Дар ин амалҳои ғайриқонунӣ Манонов Қурбон, роҳбари ҲНИТ дар шаҳри Норак, алоқаи бевосита дошт. Номбурдагон бо ҳукми суди вилояти Хатлон гунаҳкор дониста шуда, ба муҳлатҳои гуногун аз озодӣ маҳрум карда шуданд.
Аз ҷониби  Муҳиддин Кабирӣ, дигар аъзои раёсати олии ҲНИТ дар ҳамдастӣ бо собиқ муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Абдуҳалим Мирзо аз ҳисоби собиқ размандагони иттиҳоди неруҳои мухолифин ва ҷавонони фиребхӯрда зиёда аз 20 гурӯҳи ҷиноятӣ, ки ҳар кадомаш иборат аз 15 - 30 нафар буданд, таъсис дода шуд. Ин гурӯҳҳо тибқи нақшаи тарҳрезишуда вазифадор гардида буданд, ки ба иншооти махсусан муҳими давлатӣ ҳуҷуми мусаллаҳона намуда, фаъолияти онҳоро зери итоати худ қарор диҳанд. Ҳангоми баррасии ин парвандаи ҷиноятӣ нақшаҳои тарҳрезишудаи ҳуҷуми ин гурӯҳҳои ҷинояткор ба иншооти махсусан муҳими давлатӣ, аз утоқҳои кории муовинони раиси ҲНИТ Ҳисайнов Умаралӣ Фатоҳович ва Ҳаитов Маҳмадалӣ Раҳмонович, воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Борбад 1 дарёфт шуданд. Тибқи нақшаи мазкур, бояд як гурӯҳи 40 - нафараи мусаллаҳ аз ду тарафи бинои Қасри миллат, як гурӯҳи 25 - нафара ба бинои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, як гурӯҳи 30 - нафара аз се тарафи бинои Вазорати корҳои дохилӣ, як гурӯҳи 25 - нафара аз се тарафи бинои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, як гурӯҳи 40 - нафара ба фурудгоҳи шаҳри Душанбе ва дигар гурӯҳҳои ҷиноятӣ ба биноҳои Вазорати мудофиа, Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД ҶТ, Кумитаи телевизион ва радио, Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон, ТВ “Баҳористон”, Раёсат ва шуъбаҳои ВКД дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат ҳуҷуми мусаллаҳона анҷом медоданд. Ин магар наметавонад асос барои бастани фаъолияти ҲНИТ гардад?

- Шумо парвандаҳои ҷиноятиро зикр кардед, ки замина барои парвандаи шаҳрвандӣ - манъи фаъолияти ҲНИТ фароҳам оварданд. Ҳастанд далелҳои мушаххас, ки шаҳодат аз тасмими табаддулоти давлатӣ медиҳанд?

- Мисоли мустақими дигар меорам: ҳангоми кофтукови утоқҳои кории бинои марказии ҲНИТ зиёда аз 30 варақаи ҳизб, ки хусусияти даъвати оммавиро барои ба амал баровардани фаъолияти экстриместӣ ва террористӣ, табаддулоти давлатӣ  доштанд, мусодира гашт. Матни яке аз онҳо чунин буд: “Сабур бошеду мунтазир! Он рӯз дур нест, ки офтоби наҳзати мо пардаи абри тирагуни зулмотро медараду шуълаҳои ҷонбахши Худододаш бар тани мардуми Тоҷикистон неруи тоза мебахшанд. Се - чор рӯзи дигар монд.  Танҳо омода бошед. Ҳамин ки шурӯъ шуд, ба мо бипайвандед. Ҳам низомӣ дорему ҳам мулкию ҳам сиёсатмадорҳо. Дунёи ислом моро пуштибонӣ мекунад. Иншооллоҳ пирӯзӣ бо мост...”
Санадҳои дигаре, ки ҳокӣ аз амали ғайриқонунии ҲНИТ аст, зиёд мебошанд. Ҳатто мисоли одитарин хилофи қонун дар бораи танзим, ки нақши бузург дар ҳаёти иҷтимоии кишвари мо дорад, амал карда, дар масҷидҳо хӯрок додан, таблиғоти зиддидавлатӣ бурдан. Вазорати адлия борҳо дар ин хусус ҲНИТ - ро огоҳ кардааст. Аммо чун ҳадафҳо дигар буданд, эътибор намедоданд, худро  нодида мегирифтанд, афкори ҷомеаро алайҳи давлат сафарбар менамуданд, кӯшиш ба харҷ медоданд, ки ваҳдати миллӣ, якпорчагӣ, соҳибихтиёрӣ ва амнияти ҷамъиятиро дар Тоҷикистон тавассути содир намудани амалҳои экстремистиву террористӣ барҳам зананд.

- Агар шумо чунин далелҳо доред, ҳамаи онҳо дар парвандаҳо сабт шуда бошанд, сабаб чист, ки қарори Суди Олӣ дар бораи ҳизби террористӣ – экстремистӣ шинохтани ҲНИТ аз ҷониби дигар кишварҳо ва созмонҳои байналхалқӣ эътироф нагардид?

- Чӣ хел эътироф нагардид? Баъд аз қабули ҳалномаи Суди Олӣ (29 сентябри соли 2015 ред.), дар таърихи 29-уми январи соли 2016 Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай, дар мувофиқат бо  Феҳристи ягонаи созмонҳои террористӣ, экстремистӣ ва ҷудоихоҳ, ки фаъолияташон дар қаламрави давлатҳои узви СҲШ манъ аст, ҲНИТ-ро таҳти рақами 79 ба рӯйхати ташкилотҳои террористӣ ворид намуд. Яъне, 8 кишвари бузурги ҷаҳон бо қаламрави умумии  3,4 млн. км2 ва беш аз 4,4 млрд. аҳолӣ, ташкилоти террористӣ будани ҲНИТ-ро эътироф карданд.
8-уми июни соли 2016 ҷаласаи Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти давлатҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), ки таҳти раёсати Ҷумҳурии Арманистон дар шаҳри Ереван баргузор гардид, рӯйхати ташкилотҳоеро, ки дар кишварҳои узви СААД террористӣ ва экстремистӣ эътироф шудаанд,  мувофиқа намуда, ҲНИТ - ро дар қатори чунин  созмонҳои террористии байналмилалӣ, ба монанди «Ал-Қоида», «ДИИШ», «Ихвон-ул муслимин», «Ансоруллоҳ» ва ғайра, таҳти № 65 ба он ворид намуд.
Ҳамчунин, Маркази зиддитеррористии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҲНИТ - ро ҳамчун ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ ба махзани муштараки иттилоот дар самти мубориза бо ҷинояткории муташаккил дохил кард.

- Боз ҳам созмон ва кишварҳое ҳастанд, ки онро эътироф намекунанд.

- Аз лиҳози талаботи моддаи 1 - и Декларатсия «Дар бораи андешидани чораҳо оид ба барҳам додани терроризми байналмилалӣ», ки бо Қатъномаи Ассамблеяи генералии СММ №49/60 аз 9-уми декабри соли 1994 қабул карда шудааст, моддаи 5-уми Конвенсияи Шӯрои Аврупо «Дар бораи пешгирии терроризм» аз 16 майи соли 2005, қонунҳои қариб ҳамаи кишварҳои Аврупо дар мубориза бар муқобили терроризм ва экстремизм ҳаракатҳо ва амали ҲНИТ мутобиқ ба он аст, ки ҳамчун  ташкилоти террористӣ- экстремистӣ шинохта шавад. Аммо баъзе кишварҳо ва созмонҳо аз рӯи масали як бому ду ҳаво муносибат мекунанд. Ман сиёсатмадор нестам, вале як нуктаро мехоҳам зикр кунам: бозиҳои геополитикӣ, ҳимояи манфиатҳо аз ҷониби аксари ин кишварҳо муносибатҳои духӯраро ба миён овардааст. Агар чунин ҷинояте ҳамсони амалкардҳои наҳзатиҳо дар кишварҳои аврупоӣ содир гардад, ҳамоно бо вокуниши сахти мақомоти салоҳиятдор рӯ ба рӯ мегардад ва ҷазои сахттарин нисбат ба унсурҳои ҷинояткор татбиқ мешавад. Аммо тавре мебинем, дар доираи манфиатҳои худ ин кишварҳо ҳатто аз дастгирию пуштибонии омилони террористӣ рӯй намегардонанд. Маҳз муносиботи духӯра бо терроризм мардуми Афғонистон, Сурия, Ироқро бо мудҳиштарин бадбахтиҳо гирифтор кардааст. Дар ин ҷо бо тақдири халқҳо бозӣ мекунанд.
Филми ҳуҷҷатии Вазорати корҳои дохилиро ба хотир оред. Дар он ҷо факту далелҳои раднопазир оид ба даст доштани хадамоти махсуси кишвари хориҷӣ дар амалҳои террористии аз тарафи аъзоёни ҲНИТ анҷомёфта намоиш дода шуданд. Лекин чун муносибатҳо, тавре дар боло зикр шуд, дугона ҳастанд ва онҳо манфиатҳои худро аз муносибатҳои судманди муштарак болотар мегузоранд, ҳозир нестанд гуноҳи кардаашонро бипазиранд ва роҳҳои нави беҳбудии робитаҳоро ҷустуҷӯ кунанд. Айнан чунин ҳолатро мо дар ҳамоишҳое мебинем, ки бо иштироки ҲНИТ дар кишварҳои аврупоӣ баргузор мегарданд.

- Аслан нишасти онҳо ҷои нигаронӣ нест. Омаданду нишастанду гуфтанду рафтанд. Бюроҳои алоҳида низ ҳанӯз САҲА нестанд, онҳо танҳо минбар медиҳанд. Бигзор муроҷиаткунанда ҳатто муҳоҷири меҳнатӣ бошад. Минбар додан ҳанӯз маънии эътироф карданро надорад.
Мехостам дар як масъалаи дигар назаратонро фаҳмам. Шумо дар оғози суҳбат изҳор кардед, ки қарори Суди Олӣ бар манфиати давлат ва мардуми Тоҷикистон аст. Аммо ақидаи дигаре низ вуҷуд дорад. Мегӯянд, ки ҲНИТ бояд баста намешуд.

- Ин ҳаводорони ҲНИТ бояд бо парвандаҳои ҷиноятӣ шинос шаванд. Онҳо бо думи мор бозӣ доранд, вале ҳанӯз заҳри неши морро начашидаанд. Инро ман ҳамчун судяе мегӯям, ки парвандаи ҲНИТ- ро баррасӣ кардааст. Будани ҲНИТ фоҷиа барои миллат ва давлати тоҷикон буд.
- Бисёриҳо аз гуфтани ҳақиқат метарсанд, аммо шумо боҷуръатона сухан мегӯед.

- Вақте ки далел ҳаст, куҷо ҷои тарс аст. Санаде, ки мо қабул кардем, ба ҳукми қонун даромад. Агар нодуруст аст, чаро эътироз намекунанд. Созмонҳои байналхалқӣ ҳам ба мо муроҷиат карданд, мо посух додем ва онҳо лаб ба хомӯшӣ бастанд...


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.10.2017    №: 207    Мутолиа карданд: 731

21.11.2018


Аз таркиш дар Кобул беш аз 50 нафар ҳалок шуд

Ӯзбекистон нахустин намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии содиротӣ мегузаронад

Могерини: «Иттиҳоди Аврупо «артиши аврупоӣ» ташкил карданӣ нест»

Табобати гепатити С дар Беларус аз арзонтарин дар Аврупост

Ҷаҳон дар як сатр

ДУШАНБЕ. Таҷлили нахустин ҷашни занони соҳибкор

ДЕВАШТИЧ. Тантанаи Рӯзи Президент

Иштироки мунтахаби футболи бонувон дар CAFA

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед