logo

фарҳанг

ДУШАНБЕ – САНКТ – ПЕТЕРБУРГ. РОБИТАҲОИ БАРОДАРШАҲРӢ ҚАВИТАР МЕШАВАНД

Дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки маъракаҳои ботантанаи ифтитоҳу анҷоми он дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ баргузор шуд, соҳибкорони шаҳри Санкт – Петербург низ ба кишвари мо омада, бо Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе, ҳамтоён ва аҳли ҷомеаи шаҳрвандӣ вохӯриҳо доир намуданд. Дар вохӯрии соҳибкорони Санкт – Петербург ба Рустами Эмомалӣ дурнамои ҳамкориҳои ду шаҳри бузург дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, бунёди корхонаҳои саноатии муштараки истеҳсоли маҳсулоти бозоргир, коркарди маҳсулоти агросаноатӣ, ҷалби сармояи соҳибкорони Санкт – Петербург барои татбиқи барномаҳои фарохдомани иҷтимоию иқтисодӣ, хусусан дар соҳаҳои манзилию коммуналӣ, маишӣ, нигоҳдорию навсозии инфрасохтори шаҳрӣ, беҳсозии шароит барои касбомӯзии муҳоҷирони меҳнатӣ дар Душанбе ва фароҳам овардани шароити арзанда барои будубоши онҳо дар Санкт – Петербург, таҳлилу баррасӣ гардида, созишномаҳои нав ба имзо расиданд. Дар вохӯрии ҳайати соҳибкорони Санкт – Петербург бо ҳамтоён ва аҳли ҷамоатчигии Душанбе, ки дар маҷмааи «Душанбе – плаза» баргузор гардид, ҳамкорӣ оид ба амалисозии имконоти рушди пойтахти Тоҷикистон ва  шукуфоии он мавзӯи  меҳварӣ қарор ёфт. Меҳмонон иқтидори иқтисодию тиҷоратии шаҳри Санкт – Петербург ва вилояти Ленинград-ро рӯнамоӣ карданд. Сипас, раванди рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар 9 моҳи соли равон мавриди гуфтугӯю баҳогузорӣ қарор гирифт.
Зимни вохӯриҳо таъкид гардид, ки ҳамкориҳои пайвастаи бародаршаҳрӣ ба беҳтар шудани раванди муҳоҷират ва шароити кору будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ дар шаҳри Санкт – Петербург ва вилояти Ленинград таъсири мусбат расонд. Бо мусоидати мақомоти дахлдори ин минтақаҳо дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои кишвар ҳоло дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа марказҳои машваратӣ ва бо кор таъмин кардани хоҳишмандон дар корхонаю муассисаҳои Санкт – Петербург фаъолият доранд.
Дар доираи барномаи Рӯзҳои фарҳанги Россия дар Тоҷикистон соҳибкорони Санкт – Петербург бо ҳамтоёни тоҷик вохӯрда, хоҳони тақвият бахшидан ба робитаҳои мустақими корӣ шуданд. Барои рӯнамоии иқтидорҳои сармоягузорӣ биржаи робитаҳои кории ташкилоту корхонаҳои Санкт – Петербург ва Душанбе, ҳамчунин, ярмаркаи ҷойҳои корӣ дар корхонаҳои Санкт – Петербург доир гардиданд. Дар ярмарка соҳибкорон бо корҷӯён оид ба ихтисос, шароит ва ҷузъиёти дигари корӣ гуфтугӯ карданд. Ҷиҳати дарёфти шарикони корӣ соҳибкорони рус  бо фаъолияти чанде аз корхонаҳои саноатии Душанбе шинос шуда, тарҳи тақвияти ҳамкориҳои нави ба нафъи ҳар ду ҷонибро кашиданд. Меҳмонон, инчунин, аз тамошои ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, манзараҳои зебои табиат ва арзишҳои дигари сайёҳии Тоҷикистон лаззати маънавӣ бардоштанд.
Робитаҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистону Федератсияи Россия бар пояи шарокати стратегӣ ва таваҷҷуҳи хоссаи сарони ду давлати дӯст асос ёфта, рушди робитаҳо тайи солҳои охир суръату сифати тоза  касб намудааст.
С. АЗИЗӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.10.2017    №: 207    Мутолиа карданд: 377

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед