logo

сиёсат

ШУҒНОН. ҚУДУМИ МУБОРАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ФАЙЗУ БАРАКАТ ДОРАД

Шуғнон  яке аз ноҳияҳои калонтарини Вилояти  Мухтори  Кӯҳистони  Бадахшон  маҳсуб  меёбад. Номи  ин мавзеъ  дар  сарчашмаҳои  таърихии  пеш  аз  милод  бо  номи  Сакнон  ё  Шикнон  ёдрас  мешавад  ва  дар  “Шоҳнома” - и  Фирдавсӣ  ҳам  қаҳрамониву  накукориҳои  Барзу  ном  ҷавони  шуғнонӣ   васф  шудааст, ки  аз  таърихи чандҳазорсола  доштани  ин  сарзамин  дарак  медиҳад. Ноҳияи  Шуғнон  27  октябри  соли  1932   дар  ҳайати   Ҷумҳурии  Тоҷикистон ташкил  ёфтааст. Имрӯз  ноҳияи  Шуғнон  дар  се  тарафи маркази  вилоят - шаҳри  Хоруғ  доман  густурда,  7  ҷамоати  деҳоту 62  деҳаро  дар  бар  мегирад.
Азиз Гиёҳзода, раиси  ноҳия,  зикр  кард, ки   Шуғнон  калонтарин  ноҳияи  вилоят  бошад  ҳам,  то солҳои  наздик  маркази маъмурии худро надошт. Танҳо ба  шарофати  Истиқлолияти  давлатӣ ва қудуми  мубораки  Президенти  кишвар Эмомалӣ  Раҳмон  соҳиби   маркази  маъмурии  худ  гардид. Пешвои  миллат  соли  2009  зимни  сафари  кории  навбатӣ  ба  Вилояти   Мухтори  Кӯҳистони  Бадахшон  ҳангоми  боздид  аз  ноҳияи  Шуғнон аз  мақомоти  иҷроияи маҳаллии  ҳокимияти  давлатии  ноҳия, ки  он  вақт  дар як  бинои  назарногиру  садамавии  солҳои   30 - юми  асри  гузашта сохта шуда, дар   маҳаллаи   Бархоруғи  шаҳри  Хоруғ  ҷой  дошт, дидан  ба  амал  оварда,  ба   вазорату  кумитаҳои  дахлдори  ҷумҳурӣ, мақомоти  иҷроияи  маҳаллии  ҳокимияти  давлатии  вилояту  ноҳия  дастур  доданд, ки барои  сохтмони  бинои  нави  маъмурии  мақомот  дар  ҳудуди  ноҳия  ҷои  мувофиқ  ҷудо  карда, сохтмони  он  бо  тарҳи  меъмории  муосир  фавран   шурӯъ  гардад.  Тобистони  соли  2010    Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафари 38-умин ба Бадахшон хишти аввали шаҳраки Ваҳдат -  маркази  маъмурии  ноҳияи  Шуғнонро гузоштанд. Дар муддати кӯтоҳ дар маркази маъмурии ноҳияи Шуғнон дигаргуниҳои азим ба вуқӯъ пайвастанд. Соли  2012  мақомоти иҷроияи маҳаллии  ҳокимияти  давлатии  ноҳия  ва  боз  чанд сохторҳои  ноҳиявӣ  ба  маркази  навбунёд  кӯчиданд.
Бо  гузашти панҷ сол аз оғози сохтмони шаҳрак то ба имрӯз дар ин ҷо бештар  аз  20 бинои  маъмурӣ,  чандин  иншооти   самти  хизматрасонӣ  қомат афрохта, бунёдкорӣ рӯз ба рӯз авҷи тоза мегирад. Барои ин  ва дигар  бунёдкориҳо аз хазинаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   қариб  300 миллион сомонӣ  масраф шудааст. Айни  ҳол  дар  шаҳрак  сохтмони  қасри фарҳанг  ва  хати  оби  нӯшокӣ  идома   дорад.
Бунёдкорӣ танҳо дар шаҳрак маҳдуд нашуда,  тамоми  ноҳияро  фарогир  аст.  Дар  ин  давра  сохтмони наҳр байни маҳалҳои Мун-Сижд ба маблағи 1,7 миллион сомонӣ  анҷом  дода  шуд, ки  он    бештар  аз  60  га  замини  лабташнаи  дашти  Сиждро  шодоб  мегардонад. Дар  17  деҳа  барои  шодобсозии  заминҳои  нав лӯлаҳои  обгузар  кашида  шуданд, ки  аз  ин  ҳисоб  истеҳсоли  маҳсулоти  кишоварзӣ  сол  ба  сол  афзоиш  меёбад.
Раис бо  ифтихору  хушнудӣ зикр  намуд, ки соли гузашта дар  ҳузури  Пешвои  миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  бинои  нави  дуошёнаи  мактаби рақами 11  дар Ҷамоати деҳоти Поршинев    мавриди баҳрабардорӣ  қарор  гирифт, ки  он  то  ҳол  дар  ҳудуди  вилоят   камназир  аст.  Бо  чунин  тарҳи  замонавию  муҷаҳҳаз  бо  тамоми  асбобу  анҷом  ва  лавозимоти  зарурӣ,  дорои  толори  варзишӣ   сохтмони  бинои  мактаби   рақами  28 барои 460 хонанда дар Ҷамоати деҳоти Навобод  идома дорад. Дар  ноҳия  13  маркази  саломатӣ  ва  бунгоҳҳои  тиббӣ  аз  нав  бунёд  ва  мавриди  баҳрабардорӣ қарор  гирифтанд.  
Маориф чун  соҳаи  афзалиятноки  кишвар   дар  ин  давра  хеле  пешрафт  кард. Қариб  ҳамаи   55  муассисаи  таҳсилотӣ дар  биноҳои  нави  таълимӣ  фаъолият  дошта, бо  кадрҳои  омӯзгорӣ  таъмин  мебошанд. Ҳамасола  қариб  90  дарсади хатмкардагони   ноҳия   ба  мактабҳои  олии  кишвар  ва  берун  аз  он  дохил  шуда,  чун  кадрҳои маҳаллии   ҳаматарафа  тайёр барои  кор  ба   зодгоҳ бармегарданд. Ба  ин  раванд  ташкили  Квотаи  президентӣ  барои  ноҳияҳои  дурдаст, ки  ноҳияи  Шуғнон  низ  ба  он  шомил  аст, хеле  мусоидат  кард.
Дар  солҳои  истиқлолият вазъи   иттилоотӣ    низ беҳтар гардида, айни ҳол сокинони деҳоти дурдасттарин, ба мисли Бадчору  Ҷелондеҳ ба хизматрасонии алоқа дастрасӣ пайдо намудаанд.  Намоиши  барномаҳои телевизионии ҷумҳуриявӣ ҳам  хеле  густариш ёфтааст. Дар  назар  аст, ки   соли  оянда пахши  рақамии  ин  барномаҳо  аввал  дар  маркази  ноҳия  ва  сипас  дар  тамоми  деҳоти  он  ба  роҳ  монда  мешавад.
Ба  гуфтаи  Азиз  Гиёҳзода,  эътимоди   сокинони  ноҳия  ба  Ҳукумати  кишвар, хосса  ба  Сарвари  маҳбуб, Пешвои  миллат  Эмомалӣ  Раҳмон,  бахусус,  баъди  ҳодисаҳои  фалокатбори  табиии  соли  2015, ки  81  хоҷагиро  дар  як  дам  бехонаву  дар  карду  онҳо   дигар  умеди  соҳиби  кулбаи  фақирона  шуданашонро  ҳам  надоштанд, даҳчанд  афзуд.  Дар  он  лаҳзаи  душвор  аввалин  шуда  Сарвари  давлат онҳоро  тасалло  доданд ва  гуфтанд, ки  мо   шуморо  танҳо  намегузорем. “ Мардуми шарифи ноҳияи Шуғнон бовар дошта бошанд, - таъкид  карданд  Президенти  мамлакат   Эмомалӣ  Раҳмон, - ки Ҳукумати мамлакат онҳоро дар бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ танҳо намегузорад ва зарардидагон  бо манзил ва ҳама  ашёҳои зарурии рӯзгор, аз  сӯзан  сар  карда  то  телевизору  компютер  ва  дигар лавозимоти  рӯзгор   таъмин мешаванд”. Аз  лаҳзаҳои  нахустини   фоҷиа   корҳои  бартарафсозии  оқибатҳои  офати  табиӣ   бо  иштироки  масъулин  аз  сатҳи  ноҳия  то  раиси  вилоят   ва   муовини   Сарвазири  мамлакат, ки  шабу  рӯз  дар  ҳамин  ҷо  қарор  доштанд,  бо   суръати   кайҳонӣ  пеш  гирифта  шуданд.  Дар  дашти  лабташнаи Питов, ки  пеш машқгоҳи  ҳарбиён  буду  касе  бовар  надошт, ки  як  вақт  ба  ин  ҷо  об  меояду  ободонӣ  мешавад,  82  хонаи  истиқоматӣ    қомат  афрохт, ба  дашт  лӯлаҳои  оби  полизӣ  ва  нӯшокӣ  кашида  шуданд.  Баъди  2  моҳ   зарардидагони   офати  табиӣ   соҳиби  хонаҳои  нави  барҳаво  бо  шароитҳо  ва  муҷаҳҳаз  бо  тамоми  лавозимоти  зарурӣ,  қитъаи   наздиҳавлигӣ, оби  ошомиданӣ  ва полизӣ гардиданд. Биноҳои   замонавии як муассисаи   таҳсилоти  миёнаи  умумӣ  барои 240 хонанда, маркази  саломатӣ,  нуқтаи  фурӯши  ҷамъияти  матлуботи  вилоят,  мағозаи  хусусии  моли   ниёзи  мардум,  ҳаммом  ва сехи  блокбарорӣ  дар  ихтиёри   480  нафар  сокини   деҳа  қарор  дода  шуданд.  Сокинони  деҳа  аз  он  хушнуданд  ва  ифтихор  доранд, ки   пешниҳоди   онҳо  ба  хотири  арҷгузорӣ  ба  ғамхориву лутфу  марҳамати   Президенти  кишвар  дар  ҳаққашон  дар  бораи   Раҳмонобод  номгузорӣ  кардани  деҳаи  навбунёдашон   аз   ҷониби   Сарвари  давлат    маъқул  дониста  шуд.  Ин иқдоми  Сарвари  давлат,  аз  як  тараф,  далели  бебаҳси  ғамхории  Пешвои  миллат  нисбати  мардуми  кишвар  бошад, аз  ҷониби  дигар, бозгӯи  тавону  қудрати   мамлакат  ҳам  мебошад, ки  дар  як  муддати  кӯтоҳ  тавонист пайи  зарареро, ки ба  миллионҳо  сомонӣ мерасид, барҳам занад, балки  беҳ  аз  пештара  кунад.   
- Ин ҳама  пешравиҳоро, - мегӯяд  раиси  ноҳия, - мардуми  мо  ба  Истиқлолияти   давлатӣ, ваҳдати  миллӣ  ва   сиёсати  дурандешонаи  Пешвои  миллат  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон   ҳам дар самти  густариши  муносибатҳо бо  мамолики  дунё  ва  ҳам  дохили  кишвар марбут  медонанд. Афзоиши  тавоноии давлат ҳам, бешак, ба  ин  омилҳо  рабт  дорад.  Ин    аст, ки рушди устувори тамоми соҳаҳо  новобаста  ба  буҳрони  ҷаҳонӣ   дар  мамлакат  суръати бештарро  касб  мекунад. Ноҳияи  Шуғнон  ҳам дар  радифи  дигар  манотиқи  кишвар  дар  ҳамаи  самтҳо  пешравиҳои  назаррасро  соҳиб  гардида, сокинони  он баҳри  гулгулшукуфоии  Тоҷикистони  воҳид саҳми  босазо  мегузоранд.
Раҳмони  ГУЛЗОР,  “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.10.2017    №: 207    Мутолиа карданд: 604

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед