logo

иқтисод

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. САМАРИ ЯК ҲАМКОРӢ

Аз  чинаки якуми пахтаи 1 гектар қитъаи таҷрибавӣ, ки дар Наврӯзи байналмилалӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кишти он асос гузошта буданд, 2750 килограмм ҳосил ғундоштанд. Олимону мутахассисони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва роҳбари ҶДММ «Агросаноат»-и шаҳри Турсунзода аз натиҷаи бадастоварда қаноатманд буда, мехоҳанд ин иқдоми пупсамарро идома диҳанд.
21 марти соли равон бо ҳидояти Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон олимону мутахассисони АИКТ дар Ҷамоати деҳоти Регари шаҳри Турсунзода зери плёнка дар 1 гектар чигит кишт карданд. Обёрии он тариқи лӯлаҳо (қатраӣ) сурат гирифт. Парвариши ниҳолҳо аз неш задани чигит то ҷамъоварии ҳосил зери назорати қатъӣ қарор дошт.
- Дар қитъаи таҷрибавӣ ҳамагӣ 25 килограмм тухмии навъи селексияи ватании «Дӯстӣ - ИЗ» коштем, ки нисбат ба кишти муқаррарӣ 5 – 6 маротиба кам аст, - гуфт ба хабарнигори «Ҷумҳурият» муовини президенти АИКТ, доктори илмҳои кишоварзӣ Саидҷамол Саидов. – Истифодаи технологияи нав самараи хуб дод. Дар ин қитъа техника ва қувваи дастӣ истифода нашуд, ки боиси коҳиш ёфтани арзиши аслии пахта хоҳад гашт. Дар давраи мубориза ба муқобили ҳашарот ва касалиҳои пахта се маротиба аз усули биологӣ, аз ҳашароти фоидаовар (энтимофакҳо, тиллочашмак ва ғайра) истифода бурдем.
Ба замин 700 кило нуриҳои азотию фосфорӣ ва калийгӣ пошидем, ки ба ҳосили фаровон замина гузошт. Агар деҳқонон аз ин усул пурмаҳсул истифода бурда, нигоҳубини ниҳолҳоро дар асоси қоидаҳои агротехникӣ ба роҳ монанд ва сари вақт обу ғизо диҳанд, ниҳолҳо бақувват, ба касалиҳо ва ҳашарот тобовар мешаванд.
Таҷрибаи кишти зери плёнка ва обёрии қатраӣ дар ноҳияҳои Данғара ва Дӯстии вилояти  Хатлон низ гузаронда шуд. Ин намуди кишту обёрӣ технологияи пешрафта буда, дар пахтакорӣ хеле самар медиҳад.
Олимони академия бо дастгирии Вазорати кишоварзӣ ин таҷрибаро густариш дода, ба натиҷаҳои беҳтар ноил шуданианд.
Барои ин дар кишвар шароиту имкониятҳо мавҷуданд. Пеш аз ҳама, тухмиҳои селексияҳои ватании ба обу хок ва шароити Тоҷикистон мутобиқ ва ба касалиҳо тобовар зиёданд. Аз ин рӯ, ба олимону селексионерони мо лозим меояд, ки кори ба вуҷуд овардани  навъҳои навро вусъат диҳанд.
Кӯшиши нахустин нишон дод, ки ҳанӯз дар бобати истифодаи дастгоҳи обёрии қатраӣ камбудиҳо ҳастанд. Чунончи, дастгоҳ бо оби лойолуд дуруст кор карда наметавонад. Оби лой дар лӯлаҳо такшин шуда, мушкилот пеш меорад.
Роҳбари ҶДММ «Агросаноат» Шуҳрат Раззоқов чунин иброз дошт:
- Мо 145 гектар замини корами обӣ дорем. Вақте масъалаи ҷудо кардани замин барои кишти зери плёнка пеш омад, мо бо олимони академия ҳамкориро оғоз кардем. Натиҷаи таҷрибаи соли аввал хурсандибахш аст. Ҳам ҳосили қитъа ва ҳам сифати пахта нағз мебошад. Мо натиҷаи имсоларо дида, мақсад дорем, ки ҳамкориро бо олимону мутахассисон ривоҷ дода, майдони кишти зери плёнкаро зиёд намоем.
Мирзои ФИРӮЗ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.10.2017    №: 208    Мутолиа карданд: 460

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед