logo

фарҳанг

ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО!

Аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ, бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди забони давлатӣ, мақом ва истифодаи ҳамаҷонибаи он тадбирҳои муассир андешида шуданд. Ин буд, ки забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ гирифта, дар паноҳи давлат қарор ёфт.
Президенти кишвар дар яке аз суханрониҳои худ чунин қайд карданд: “Забони миллӣ рукни муҳимтарини давлатдорӣ буда, ҳифз кардани он, риоя намудани меъёрҳо ва аз забони халқу осори гаронбаҳои пешин бой гардондани захираи луғавии ин забони нобу шоирона вазифаи ҳар як соҳибватан мебошад».
Таърих собит намудааст, ки устуворӣ ва пойдории ҳар миллату давлат, пеш аз ҳама, аз пойдории забони миллӣ вобаста аст. Миллату давлатҳое, ки дар давоми мавҷудияти таърихии худ ба иллати аз даст додани рӯҳи миллии хеш, яъне забони модарӣ, аз байн рафтаанд, кам нестанд.
Аммо забони тоҷикӣ тӯли ҳазорсолаҳо арзи ҳастӣ дошту соҳибонаш шеър мегуфтанду асарҳо эҷод мекарданд, миллати тоҷику забони онро ба оламиён муаррифӣ менамуданд. Ҳарчанд ин забони тамаддунофар дар масири таърих борҳо зери фишор қарор гирифта бошад ҳам, аммо аз байн нарафт ва асолати хешро то имрӯз ҳифз намуд.
Аз ҷумла, пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва оғози кашмакашиҳои дохилӣ хавфи парокандашавии миллати тоҷик ва аз байн рафтани забони он ба миён омада буд. Дар чунин як марҳилаи ҳассосу тақдирсоз  шахсияти бузурги таърихӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо талошҳои пайваставу пайгиронаи худ миллату забони тоҷикро аз парокандагиву нестшавӣ наҷот доданд. Пешвои муаззами миллат ба тамоми ҷаҳониён  тоҷиконро ҳамчун миллати соҳибфарҳангу тамаддунсоз муаррифӣ намуданд. Ба ҷаҳониён собит сохтанд, ки ин забону ин миллат пуштибону ҳомии худро пеш аз ин низ дошт ва имрӯз ҳам дорад.
Пас моро зарур аст, ки ин дурри гаронбаҳои хешро аз вожаҳои бегона эмин нигоҳ дорем ва онро ба фарзандон ва насли оянда ба мерос гузорем.
Фирдавс ҲАЁТЗОДА,
сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ, мониторинги қонунгузорӣ ва маркази матбуотии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири адлияи дараҷаи 2


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.10.2017    №: 208    Мутолиа карданд: 657

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед