logo

фарҳанг

ПОЙДОРИИ ЗАБОН ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ АСТ

Сарнавишти забони тоҷикӣ ба тақдири фарзандони барӯманди миллат иртиботи қавӣ дорад, ки дар тӯли таърих барои асолату покӣ, ҳифз ва нигаҳдошти он хизматҳои шоистае кардаанд. Дар давоми таърихи зиёда аз ҳазорсолаи забони тоҷикӣ, замони соҳибистиқлолӣ марҳилаи гулгулшукуфоии он ба ҳисоб меравад, ки дар ин ҷода нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҷаста аст. Президенти мамлакат аз рӯзҳои аввали Сарвари давлат интихоб шуданашон дар баробари таъмини сулҳ ба фарҳанг эътибори махсус доданд, ки забон як рукни он мебошад. Перомуни ин мавзӯъ, бо профессор Абдуғаффор Ҷӯраев суҳбате оростем, ки фишурдаи онро манзури хонандагон мегардонем.
- Пойдории давлату миллат аз бақои забони он вобастагии амиқ дорад. Яъне, забон мисли Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ аз муқаддасоти давлат ба шумор меравад. Аз ин рӯ, муайян кардани муносибати давлат бо забон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати давлатдорӣ мебошад. Дар ин росто, нақши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар нигаҳбонии забони тоҷикӣ барҷаста аст ва 22 июли соли 1996 дар суханрониашон ба муносибати Ҷашни забон барҳақ таъкид карда буданд: «Забон рукни асосии миллат ва давлат аст. Миллату давлат соҳиб ва пуштибони забонанд. Забон омили асосии рушду камоли миллат ва давлат аст. Ин аст, ки забон ва давлату миллат дар паноҳи якдигаранд».
Рушди забони тоҷикӣ ба Истиқлолияти давлатӣ алоқамандии зич дорад, ки вижагиҳои онро дар ин давра чунин метавон арзёбӣ намуд: 
1. Таркиби луғавии забони адабии тоҷик сифатан тағйир ёфта, аз калимаву истилоҳоти нави сиёсӣ саршор гардид.
2. Забон дар паноҳи давлат қарор гирифта, сиёсати забон ҷузъи сиёсати фарҳангии давлат шуд.
3. Соли бузургдошти забони тоҷикӣ эълон гардидани  соли 2008 яке аз ташаббусҳои наҷиби Сарвари давлат ба шумор меравад. 
Дарвоқеъ, агар ба таърихи 20 соли ахир нигарем, тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакатро барои рушду такомули он ба хубӣ эҳсос мекунем, ки  назирашро дар тӯли зиёда аз ҳазор сол надида будем. Муҳимтарин тадбир дар ин самт қабули Қонуни забон мебошад,  ки ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода, дар баробари ин, инкишофи озодонаи забонҳои дигарро дар қаламрави кишвар кафолат дод. Боиси ёдоварист, ки забони тоҷикӣ дар даҳсолаи ахири асри гузашта дар вазъияти ногувор ва чаҳорчӯби танг  қарор дошт. Ҳамин буд, ки баъд аз барқарор гардидани ҳукумати қонунӣ бо вуҷуди нобасомониҳои дохилӣ масъалаи забон дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат, бахусус, Сарвари  давлат қарор гирифт. Аз ҷумла, соли 1995 бо ташаббуси бевоситаи Президенти мамлакат Комиссияи татбиқи Қонуни забон дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки дар танзими сиёсати забон ба Ҳукумат ёрӣ расонда, ба ҷараёни иҷрои Қонуни забон такони ҷиддӣ бахшид. Комиссияи мазкур соли 1996 ба фаъолият оғоз кард. Яке аз вазифаҳояш тарғибу ташвиқи забон буд. Барои ҷоннок кардани кор дар вилояту шаҳру ноҳияҳо ва вазорату идораҳо гурӯҳҳои назоратӣ таъсис ёфтанд. Ба ин восита татбиқи Қонуни забон хусусияти оммавӣ пайдо карда, забони тоҷикӣ дар коргузорӣ низ мавриди истифода қарор гирифт.
Масъалаи дигаре, ки пас аз соҳибистиқлолӣ дар маркази таваҷҷуҳ қарор гирифт, омӯзиши забонҳои байналмилалӣ, хусусан забонҳои русию англисӣ мебошад. Зеро ҳамкориҳои байналмилалии кишвар рӯз ба рӯз вусъати тоза пайдо мекунад. Дар ин самт барномаҳои давлатӣ қабул шуда, ба натиҷаҳои назаррас ҳам ноил гардидаем. Дар баробари ин, ба инкишофи озодонаи забонҳои хориҷӣ шароит фароҳам оварда шуд, ки яке аз нишонаҳои давлати ҳуқуқбунёду дунявӣ аст. Ба ин восита ба дигар қавму миллатҳо шароит фароҳам оварда шуд, ки бо забони модариашон таҳсил кунанд ва давомдиҳандаи расму оину анъанаҳои миллии худ бошанд. Дар ин замина тарбияи тафаккури миллӣ ва эҳсоси хештаншиносӣ яке аз омилҳои муваффақ шудани қонуни забон мебошад. Донистан, ҳифз ва пойдории забон аз худшиносӣ сарчашма мегирад.  Маҳз худшиносӣ боис гашт, ки забони тоҷикӣ дар давраи Сомониён дар мақоми забони илм истифода гардад. Сарвари давлат дар ҳамаи суханрониҳояшон роҳбарону масъулони соҳаро водор месозанд, ки нисбат ба забони давлатӣ бетафовут набошанд.
Забони тоҷикӣ таҷассумгари таърихи халқ, иқтидори давлат, обрӯи миллат буда, дурдонаи гаронбаҳои тамаддуни умумибашарӣ маҳсуб меёбад. Ин забонро Рӯдакиву Фирдавсӣ, Ҳофизу Саъдӣ, Синову Хайём, Айниву Турсунзода ва дигар нобиғагонамон бо осори гаронбаҳои хеш сиккаи безаволӣ задаанд. Ба таъбири Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Имрӯз ба касе пинҳон нест, ки забони давлатӣ мақоми устувор гирифтааст ва ба он ҳеҷ чиз таҳдид намекунад».
Меҳрангез ҚОДИРОВА,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.10.2017    №: 208    Мутолиа карданд: 477

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед