logo

фарҳанг

ҶАВЛОНГОҲИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

Дар ибтидои асри бист бар қасди он ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис наёбад, пантуркистон ва ҳомиёнашон бо ҳар роҳу восита хостанд, ки ҳастии миллати тоҷик ва забону таъриху фарҳанги онро инкор намоянд.
Ин садои устод Айнӣ буд. Медонистанд, ки устод Айнӣ муҷассамаи зиндаи на танҳо забон ва адабиёти тоҷик, балки тамоми Осиёи Миёна мебошад. Бо ӯ баҳсу баробарӣ кардан, мисли он буд, ки шахси ноогоҳе панҷа ба Рустами Дастон бизанад.
Устод Айнӣ дар рӯ ба рӯи ин гурӯҳи нотавонбин ва ҳавохоҳонашон истода, ошкоро ба ин маънӣ мегуфт:
- Агар намедонед, бидонед, ки фарзанди тоҷик устод Рӯдакӣ аввалин шахсе буд, ки бо қувваи забони тоҷикӣ истиқлолияти фарҳангии давлати Сомониён – нахустин давлати миллии тоҷиконро пойдор намудааст. Ҷавлонгоҳи ин забон ҳадду канор надорад.
Дар тақвияти ин суханон устод Саид Нафисӣ садо баланд мекард: «Пояи забони порсиро Рӯдакӣ дар гуфтаи худ гузошт ва агар Фирдавсӣ тавонист кохе баланд барафрозад, аз он буд, ки пеш аз вай ин Абуабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммад омада буд. Забони мо бе гуфтаи ӯ чун фарзанде бе модар аст».
Ба шарофати сиёсати фарҳангии Сомониён забони мо ончунон неруманд гашт, ки чун шаҳбозе ба парвоз омад ва бар сари бисёр мамлакатҳо соя афканд ва мардумон аз шевоӣ ва шириниҳои он ба ваҷд омаданд.
Ба қавли академик Абдулғанӣ Мирзоев беш аз панҷ ҳазор шоирон бо ин забон соҳибдевон гардидаанд. Теъдоди шоироне, ки девон мураттаб насохтаанд, аммо ашъори беҳад зиёде сурудаанд, ҳадду ҳисоб надорад. Шояд аз нисф зиёди кишварҳои ҷаҳон ба ин миқдор шоир надошта бошанд, чуноне ки мо дорем. Табиати забони тоҷикӣ чунин аст, ки аз нафаси чун боди сабо форам ва аз савтиёти дилангези он шеър чун оби чашмасорон ҷорӣ мегардад.
Агар ба ҳар тазкираи асрҳои пешин назар афканем, аз сафҳаи онҳо садои садҳо шоирон ба гӯш мерасад. Волаи Доғистонӣ дар тазкираи худ «Риёзушшуаро» оид ба 2594 шоири тоҷикзабон маълумот дода, намунаи ашъорашонро овардааст. Ва таърих шоҳид аст, ки тазкираи устод Айнӣ «Намунаи адабиёти тоҷик» дар сарнавишти миллати тоҷик чӣ нақши тақдирсозе бозида, нақшаҳои шуми иғвогаронро ба боди фано додааст. Дар ин хусус устод Мирзо Турсунзода баён доштаанд: «Ман ба устод Айнӣ қоил ва ҳар кас ҳам бояд қоил шавад. Устод деҳ ба деҳу хона ба хона қаландарвор гашта, санад ғун карданд, бо нӯги сӯзан аз зери хоку вайронаҳо зар пайдо карда, китоби «Намунаи адабиёти тоҷик» - ро мураттаб сохтанд. Ба ин хел одам, ки барои миллаташ ҷон ба гарав мемонад, чӣ хел қоил намешавед?! Таъзим бояд кард»!
Устод Айнӣ то охири умр сарпараст, сароҳанг ва хӯшачини забони тоҷикӣ буд. Забонеро, ки онро Рӯдакиву Айнӣ ва ҳазорон – ҳазор алломаҳо бо ишқу муҳаббат парваридаанд, имрӯз ба авҷи аъло расида, дар партави хуршеди истиқлолият чаман – чаман шукуфта, дар чаҳор фасли сол гулафшонӣ мекунад.
Раҷабалӣ ҚУДРАТОВ,
Корманди шоистаи Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.10.2017    №: 208    Мутолиа карданд: 435

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед