logo

фарҳанг

ҶОЙГОҲИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ДАР ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

Таҳти ҳамин унвон дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ «мизи гирд» баргузор гардид. Дар ин ҳамоиши илмиву амалӣ донишмандони варзидаи риштаи забоншиносӣ, адибони маъруф, коршиносон ва намояндагони васоити ахбори оммаи ватанию хориҷӣ ширкат доштанд.

Муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфулло Сафаров мавзӯи «Нақши Пешвои миллат дар таҳкими забони давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол» - ро ба риштаи таҳлил кашид. Мавсуф аз кӯшишу талошҳои зиёиёни кишвар барои мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ, дар охири солҳои ҳаштодуми асри гузашта, ёдовар шуда, таъкид намуд, ки ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва иқдоми наҷиби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони тоҷикӣ дар кишварамон мақоми ҳақиқии давлатӣ гирифт ва рушду нумӯи тоза пайдо кард.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» маҳз бо дастуру ҳидоятҳои судманди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи зинаҳо амалӣ гашт. Тадбиру чораҳое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар боби мақоми давлатӣ касб кардани забони тоҷикӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ татбиқ гардиданд, тайи 70 соли шӯравӣ амалӣ нагардида буданд. Имрӯз дар кишвари соҳибистиқлоли мо барои рушди ҳамаҷонибаи забони давлатӣ тамоми шароит фароҳам оварда шудааст.
Иштирокдорони ҳамоиш ба ин назар буданд, ки Ватанамонро беш аз ҳарвақта дӯст дорем, вуҷудамонро покиза нигоҳ дорем ва забонамонро аз олудашавӣ ҳифз намоем.
Д. РӮЗИЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.10.2017    №: 208    Мутолиа карданд: 494

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед