logo

фарҳанг

ВАЛӢ САМАД: "ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ТАВОНМАНД АСТ"

Марди наҷибу озода, номзади илми филология Валӣ Самад ҳамеша ба поккории забон кӯшидааст ва дар давоми зиёда аз 45 соли фаъолияти илмиаш дар Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ вожаҳои ноби тоҷикиро ҷустуҷӯ намуда, аз онҳо ба таври васеъ кор гирифтааст.
- Ба тавонмандии забони тоҷикӣ бовар дорам, ҳангоми фаъолияти илмиву эҷодӣ ва суҳбати мардуми одӣ борҳо шоҳид будаам, ки калимаҳои забони мо шаклу моҳият ва рангу бӯи ашё ва табиатро фаро мегиранд ва вижагиҳои онҳоро дар худ инъикос менамоянд. Аслан, хамирмояи забон дар баёни мардум нуҳуфтааст ва онро дуруст ташхис намуда, ба истифодаи умум супурдан аз вазифаҳои ҷониву виҷдонии ҳар як соҳибзабон аст, - баён мекунад Валӣ Самад.
- Вақте «Валиҷон Самадов» - ро ба «Валӣ Самад» иваз намудам, намояндагони мақомоти дахлдор маро ба миллатчигӣ айбдор карданд. Аммо имрӯз бубинед, ки бо гузашти айём қонуни вижае дар ин маврид қабул шуда, ном ва насабгузории тоҷикӣ ривоҷ ёфт ва орзуву ормонҳои деринаи устодон Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Абулқосим Лоҳутӣ, Носирҷон Маъсумӣ, Муҳаммадҷон Шакурӣ ва амсоли инҳо ҷомаи амал пӯшид. Дар сари ин иқдомҳо марди шариф, Сарвари кишвар Эмомалӣ Раҳмон истодааст ва маҳз аз тарафи давлат дастгирӣ ёфтани ормонҳои милливу фарҳангии рӯшанфикрон шодмонии касро меафзояд, - изҳор медорад, қаҳрамони мо.
Воқеан, ҳам дар дунё ҳамаи кишварҳои абарқудрат пинҳониву ошкоро ба тарғибу ташвиқи забони хеш мекӯшанд ва дар ин роҳ аз усулҳои гуногун истифода мебаранд. Зеро маҳз тавассути забон таъриху фарҳанг ва дигар вижагиҳои миллат муаррифӣ мешавад. Масалан, вақте ба омӯхтани забони фаронсавӣ ҳиммат мегуморед, ҳатман ба таърихи гузашта ва расму оинҳои халқи Фаронса руҷӯъ мекунед. Аз ин сабаб, забон ҳамеша ҳамчун таҷассумгари халқу миллат азизу арҷманд будааст.
Бино ба гуфтаи Валӣ Самад, забонро агар соҳибонаш сари вақт парасторӣ накунанд, вожаву ибораҳои онро аз ҳамлаҳои калимаву истилоҳҳои бегона ҳифз накунанд, фардо дер мешавад. Вақте ибораву ҷумлае бо вожаҳои мустақилу номустақили худӣ баён карда мешавад, чаро рӯи ниёз ба ибораву ҷумлаҳои бегона биёрем? Чун имконият ҳаст, бояд аз дороиҳои забону адабиёти худ истифода барем ва дар тарғиби ростини он камари ҳиммат бубандем.
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.10.2017    №: 208    Мутолиа карданд: 724

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед