logo

фарҳанг

БОЗТОБИ ЧЕҲРАИ УСТОД АЙНӢ ДАР МАВОДИ ОЗМУНИИ РӮЗНОМАИ "ҶУМҲУРИЯТ"

Ба хотири арҷ гузоштан ба хизматҳои устод Айнӣ дар инкишофи забон ва илму адаби тоҷик Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» аз 5 июни соли равон озмун эълон намуда буд. Дар он беш аз 100 мавод пешниҳод гардид, ки 50 - тои он ба табъ расид.
Ин озмунро, ки дар арафаи Рӯзи забони давлатӣ ҷамъбаст гардид, метавон иқдоми муҳим дар арафаи Ҷашни 140 - солагии Садриддин Айнӣ низ номид. Аз матолиби нашргардида дар бораи бисёр паҳлуҳои норавшани эҷодиёт ва забони асарҳои устод Айнӣ маълумоти муфид пайдо кардан мумкин аст. Албатта, дар доираи як мақола тамоми маводи ба озмун пешниҳодгардидаро мавриди баррасӣ қарор додан ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, мо тасмим гирифтем, дар он роҷеъ ба се мақолаи нашргардида ибрози андеша намоем. Муаллифони мақолаҳо шахсиятҳои шинохта, намояндагони номвари илму адаб мебошанд.
«Сипари ҷовидон» ба қалами Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад тааллуқ дошта, 21 июли соли равон нашр гардидааст. Муаллиф ҷабру ситами ба миллати тоҷик раводидаи аҷнабиёнро бо сарнавишти забони тоҷикӣ муқоиса намуда, сарнавишти забонро бо ин ҷабру ситам «ҳамзод» меҳисобад ва таъкид медорад, ки ҳадафи «ғосибони хуношом… решакану нобуд кардани ин мардуми тамаддунофар ва ба нестӣ расондани забони шаҳдбори тоҷикӣ» будааст. Ӯ барҳақ ёдовар мешавад, ки: «Ба бахти мардуми мо дар авҷи тохтутозу шиканҷаи аҷнабиён забони модарии мо чун таҳамтани пойдор дар дифои ҳастии миллату расму оинҳояш сина сипар кард ва бо вуҷуди ҳама шикасту нокомӣ дар шебу фарози таърих ба ҳайси забони ҳокимон дар минбар ва ҳуҷҷатҳои давлатӣ пазируфта шуда, ҳамеша дар маснади воло устувор истода, …доман густурд. Ғосибон аз худ зулму асорат ёдгор гузоштанд, забони мо ниҳоли ишқу дӯстӣ, муъҷизаи ҳикмат, нафосату зебоӣ парварид».
Мақолаи дигари ба озмун пешниҳодгардида «Айнӣ ва «коргоҳ» - и забони модарӣ» ном дошта, ба қалами Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар тааллуқ дорад, ки 15 сентябри соли равон нашр гардидааст. Дар мақола зикр мешавад, ки устод Айнӣ бо тамоми вуҷудаш мубориза мебурд, то исбот намояд, ки миллати тоҷик дорои забон ва фарҳанги қадима мебошад ва аз ин рӯ, «ҳаққи будан ва бунёд кардан дорад». Хизматҳои Айнӣ дар самти ба ҳам овардани ҳаммиллатони парешону аз ҳам дурафтода таъкид карда мешавад. Ба ҷуз ин, зикр мекунад, ки устод ба тоҷикони кӯҳистон муносибати махсус дошт ва беҳуда нест, ки бештари қаҳрамонҳои бадеии асарҳои устод аз байни тоҷикони кӯҳистон интихоб гардидаанд. Бар рағми баъзе душманони миллат, ки аҳолии кӯҳистонро бесавод мепиндоштанд, устод Айнӣ навишта буд: «Аҳолии кӯҳистон нисбат ба сойири ҷоҳои Туркистон бисёртар соҳиби хату савод ҳастанд. Дар аҳди куҳна мадрасаҳои Бухоро ва Самарқандро бисёртар тоҷикони кӯҳистон ишғол кардаанд. Аҳолии кӯҳистон, умуман, соҳиби заковат ва зеҳни софе буда, ба хондан зиёда муҳаббат доранд. Шеъру адабро дӯст медоранд».
Мақолаи сеюми озмунӣ, ки мавриди таваҷҷуҳи ҳакамон қарор гирифт, ба қалами доктори илмҳои филология, профессор Мурод Муродӣ тааллуқ дошта, таҳти унвони «Забон ва фарзонафарзандони тоҷик»  21 июн нашр шудааст. Муаллиф дар ибтидо дар се марҳилаи сарнавиштсози таърихӣ мавриди таваҷҷуҳ ва сарпарастӣ қарор доштани забони тоҷикиро таъкид намуда, дар ин замина хизматҳои Исмоили Сомониро дар асри Х, Садриддин Айниро дар ибтидои асри  ХХ ва Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро дар замони соҳибистиқлолӣ ёдрас мекунад. Хизмати ин шахсиятҳои таърихӣ барои пойдории давлатдорӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ ва рушди забони тоҷикӣ беназир арзёбӣ мешавад. Муҳаққиқ устод Айниро ҳомии фарҳанг ва забони тоҷикӣ меҳисобад, ки ҳамчун фарди худогоҳу дилсӯз ҳамеша масъалаҳои забон ва мактабу маорифро ба миён гузошта, мисли табиби ҳозиқ «роҳҳои пешгириву давои дардҳоро баён мекард». Барои саводнок гардидани оммаи мардум низ хизматҳои устод Айнӣ беназир ҳисобида мешаванд. Ба масъалаи забон зиёд таваҷҷуҳ намудани Садриддин Айниро ба ду омил – ба «ҳуҷумҳои беасоси равияҳои пантуркистӣ, ки мавҷудияти халқи тоҷик ва забони адабии онро инкор мекарданд» ва «камсаъйиву бепарвоӣ, бехабариву беҳавсалагии ҳаммиллатон» вобаста медонад. Мақолаҳои публисистии дар рӯҳияи худшиносӣ навиштаи устод Айнӣ агар, аз як тараф, ба решаи пантуркистон теша мезаданд, аз тарафи дигар, боиси баланд гардидани рӯҳияи худшиносиву худогоҳии ҳаммиллатон гашта, афкори умумро ба вуҷуд меоварданд. Таъкид карда мешавад, ки риояи меъёрҳои забон ва содаву оммафаҳм гардондани забон, ҳарчанд ба тамоми аҳли қалам тааллуқ дошт, аммо барои матбуоти даврӣ муҳимтар менамуд, зеро дар он давру замон доираи имконоти матбуот зиёд ва таъсираш васеътар буд. Бесабаб нест, ки устод Айнӣ рӯзномаро забони ҳар қавм номида, таъкид дошта буд, ки забони тоҷикӣ худ ҳамон забон аст, ки қисман ба майдони матбуот ва адабиёти навини тоҷикӣ қадам мондааст. Ба андешаи муаллиф «маҳз ба шарофати ғамхорию раҳнамоиҳои устод Айнӣ ва ҳаммаслаконаш забон пояи устувор пайдо намуд ва самтҳои рушди худро муайян кард» ва матбуоти тоҷик низ дастуру меъёрҳои доир ба забон муқаррарнамудаи устод Айниро сармашқи кор қарор дода, дар ғанӣ ва рангоранг гардондани таркиби луғавии забони тоҷикӣ, ташаккули услуби публисистӣ ва илмиву оммавӣ нақши бориз гузошт. Аз он изҳори қаноатмандӣ карда мешавад, ки андешаву афкори забоншиносии Айнӣ тадриҷан вусъат пайдо карда, мактаби бузургеро ба вуҷуд овард, ки аз ғановати маънавии он ағлаби адибону публисистон ва рӯзноманигорони тоҷик истифода менамоянд. Умуман, аз мутолиаи ин  се мақолаи озмунӣ хулоса баровардан мумкин аст, ки хизматҳои устод Айнӣ барои ҳамчун миллат шинохта шудани тоҷикон ва рушду инкишофи забони тоҷикӣ беназир мебошанд ва аз ин рӯ, ҳамчун чеҳраи мондагор дар шаҳкитоби таърихи миллат сабт гаштааст.
Меҳроб ҶУМЪАЕВ,
ходими илмии Пажӯҳишгоҳи
илмӣ - тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.10.2017    №: 208    Мутолиа карданд: 678

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед