logo

фарҳанг

РИСОЛАТИ АЗАЛӢ ВА ҚАРЗИ ШАҲРВАНДӢ

Озмуни "Ҷумҳурият" ҷамъбаст гардид
Барои гузаштагони мо ифтихор аз Ватан ва забон ҳамеша ангезандаи эҳсоси олӣ буда, дар ҳама давру замон аз ҷумлаи мафҳумҳои муқаддас арзёбӣ мегардид. Забони тоҷикӣ ба замми ин, таҷассумгари таърихи пуршебу фарози халқи куҳанбунёди мо низ гаштааст.
Дар кишварамон бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил шудани Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мақоми волоро соҳиб будани он дар фарҳангу тамаддуни миллатамон гувоҳӣ медиҳад. Он ба тақвияти андешаи давлатмеҳварӣ нигаронда шуда, дар ниҳоди ҳар фарди ҷомеа ҳисси худогоҳии миллӣ, ҳифзу гиромидошти арзишҳои волои маънавиро қавӣ мегардонад.

Ин матлаб дар маросими бошукӯҳи ҷамъбасти озмуни Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият»  якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ, ки бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба хотири гиромидошти Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ эълон шуда буд, баён гардид.
Ҷамъбасти озмун, ки 2 октябр дар Қасри фарҳанги ноҳияи Айнӣ ба номи Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ баргузор гашт, доираи васеи илмию адабӣ, шоирону нависандагон, олимону рӯзноманигорон ва  аҳли зиёро ба ҳам овард.
Нахуст меҳмонон ва иштирокдорони озмун аз деҳаи Зосун дидан карда,  бар пояи пайкараи Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ гулчанбар гузошта, дар боғи шоир сайругашт намуданд. Суҳбати гарму маҳфили шеърии  барпонамудаи меҳмонон дар хонаи шоир идома ёфт. Сипас, меҳмонон ба маркази ноҳия – шаҳраки Айнӣ омада, бар пояи пайкараи асосгузори адабиёти навини тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ гул гузоштанд. Гулгашти атроф ва пайкараи ин фарзанди фарзонаи тоҷик дар доираи чорабиниҳои вобаста ба Рӯзи забони давлатӣ ва баргузории озмун таъмиру навсозӣ шуда, ба маркази ноҳия ҳусну намои тозае зам намуд. Аҳли илму адаб ин иқдомро муҳиму судбахш унвон карданд.
Ҷаласаи тантанавии ҷамъбасти озмун ба ҷашни сухан табдил ёфт. Неъматулло Раҳматуллозода, раиси ноҳияи Айнӣ, меҳмонон ва иштирокдорони озмунро хайрамақдам гуфта, зимни суханронии хеш зикр намуд, ки: “Яке аз хидматҳои шоистаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин арҷгузорӣ ба хизматҳои донишмандону сиёсатмадорон ва адибону шоирони тоҷик монанди Исмоили Сомонӣ, Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Имоми Аъзам, Абуалӣ ибни Сино, Абдураҳмони Ҷомӣ, Камоли Хуҷандӣ, Нақибхон Туғрал, Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Бобоҷон Ғафуров, Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум ва садҳо нафари дигар мебошад.
Имрӯз маҳз ба шарофати таваҷҷуҳи хоссаи   Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони тоҷикӣ ба ҳайси забони миллӣ ва давлатӣ дар мақоми забони сиёсат, илму фарҳанг, қонунгузорӣ, робитаҳои дипломатӣ, тиҷорат ва дигар воситаҳои иртибот қарор дорад. Муҳимтар аз ҳама, имрӯз забони давлатӣ дар кишвари азизамон ба рамзи ҳамбастагӣ ва иттиҳоди воқеии тамоми сокинони Тоҷикистон мубаддал гардидааст. Дар даврони истиқлолияти кишварамон доираи истифодаи забони давлатӣ чӣ дар корҳои давлатдорӣ ва чӣ дар арсаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ вусъати бесобиқа ёфт”.
Абдуллозода Масрур Аҳмад, мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, таъкид сохт, ки: «Забон муҳимтарин унсури ҳастии миллат буда, маҳз ба воситаи забони миллӣ асолату ҳувияти миллӣ устувор будааст. Аз ин лиҳоз, барои ҳар яки мо ҳифзу гиромидошти забони миллӣ ҳам аз аҳамияти фарҳангӣ ва ҳам аз аҳамияти сиёсӣ бархӯрдор мебошад. Устод Айнӣ дар он солҳое забони тоҷикиро дифоъ кардааст, ки дар Осиёи Марказӣ ягон рӯзномаи тоҷикӣ вуҷуд надошт ва чуноне ки медонед, баъд аз бастани «Шуълаи инқилоб» дар соли 1924 аввалин рӯзномаи тоҷикӣ – «Овози тоҷик» ва «Бедории тоҷик», ки имрӯз ҳамин «Ҷумҳурият» аст (соли 1925) ташкил шуд. Айнӣ дар мақолаи машҳури худ «Қавми тоҷик ва рӯзнома» гуфта буд, ки: «Қавми берӯзнома гӯё қавми безабон аст». Баъд аз таъсиси рӯзномаҳои «Овози тоҷик» ва «Бедории тоҷик» миллати тоҷик соҳиби забон, яъне соҳиби рӯзнома гашт ва баъдан соҳиби ҷумҳурӣ ҳам шуд.
Рӯзномаи «Ҷумҳурият» аз рӯзҳои нахустин рисолати худро дар ташаккули ҳувияти миллӣ сарбаландона адо карда истодааст. Он аз оғоз як рӯзномаи ҳувиятсоз ва барои бедор кардани эҳсоси миллии тоҷикон таъсис ёфта буд. Имрӯз рӯзнома ифодагари сохти давлатдории дунявию мардумсолории Тоҷикистон  мебошад. Он таърихи дирӯзи моро ҳифз намуда, ҳамоно дар хизмати боло бурдани худшиносиву худогоҳии миллат қарор дорад».
Қурбоналӣ Раҳмонзода, сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷумҳурият», иброз дошт, ки мақсад аз ташкили озмун фарогирии фарохтари масоили марбут ба вазъи имрӯза ва дурнамои забони тоҷикӣ, мақому манзалати он дар тамаддуну фарҳанги миллӣ, хидматҳои мондагори қаҳрамонҳои Тоҷикистон – Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва устод Садриддин Айнӣ дар ҳимоя ва таҳкими забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ буд. Муаллифони мо аҳамияти таърихии забони тоҷикиро дар фарҳангу тамаддуни миллатамон таъкид намуда, сарнавишти пурмоҷарои он ва, билохира, дар замони истиқлолият дар паноҳи давлат қарор гирифтанашро бозгӯ, нақши Пешвои муаззами миллатро дар роҳи ҳимоя ва густариши он матраҳ ва хизматҳои мондагори Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айниро дар ин роҳ хеле ҷолибу нишонрас бозтоб намуданд.
Дар озмун, ки аз 5 июн то 15 сентябри соли 2017 идома дошт, 100 матолиб дар қолаби жанрҳои гуногуни журналистию публисистӣ ворид гардида, 50 адади он бо салоҳдиди ҳайати эҷодӣ рӯи чоп омад. Баррасии маводи пешниҳодшуда муайян намуд, ки идораи рӯзнома ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ҳамчун ташкилкунандагони он дар иҷрои ҳадафҳои худ маваффақ гардиданд. Ҳайати доварон баъд аз омӯзиш ва баррасии воқеъбинонаи матолиби нашршуда, Абдулҳамид Самад, Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва муаллифи маводи «Сипари ҷовидон» - ро ғолиби озмун донистанд.
Адиби шинохта Муҳтарам Ҳотам барои матлаби «Забон ва ҳувияти миллӣ» сазовори ҷойи дувум ва собиқадори матбуот Мирзо Набот барои матлаби «Бардамида дирафши кишвари дил» ба гирифтани мақоми сеюм мушарраф гардиданд. Ғолибон бо диплом, мукофоти пулӣ ва туҳфаҳои хотиравии рӯзномаи «Ҷумҳурият» ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ қадр карда шуданд.
Барои нашри матлаби «Айнӣ ва «коргоҳ» - и забони модарӣ» Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар ҷоизаи махсуси Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» - ро соҳиб шуд. Бо ҷоизаи махсуси мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ барои нашри матлаби «Дар раванди глоттогонии Айнӣ ва пайравони ӯ» Бобо – Назар Ғафор сарфароз гардид. Ҳамчунин, Муҳаммад Ғоиб ва Ҳақназар Ғоиб,   шоирони халқии Тоҷикистон, барои иштироки фаъолона дар рафти озмун бо ҷоизаҳои вижаи муассисон сарфароз гардиданд.
Барои нашри матолиби ҷолиб Камол Насрулло, Шоири халқии Тоҷикистон, донишмандон Мурод Муродӣ, Зафари Мирзоён, Рустам Ваҳҳобзода, Нуралӣ Нурзод, Мӯсо Олимҷонов ва Сайрам Бақозода, рӯзноманигорони шинохта Раҷабалӣ Қудратов, Мансур Суруш ва Муҳаммадносири Насрулло, омӯзгор Фатҳиддин Баҳриддинов бо «Ифтихорнома», мукофоти пулӣ ва туҳфаҳои хотиравии  муассисон қадр шуданд.
Дар хотима, ҳунармандони ноҳияи Айнӣ бо пешниҳоди барномаи ҷолиби фарҳангӣ хотири ҷамъомадагонро шод намуданд. Ба ҳозирин, махсусан ҳунарнамоии Ҳофизи халқии Тоҷикистон Аслиддин Сатторов, ҳунармандон Луқмони Шариф, Истамқул Шоев, Урунбек Норов, Аскархӯҷа Фатҳуллоев, Озар Шарифов ва Эҳсон Саидов хеле хуш омад. Толибилмон Меҳрангез ва Фараҳноз Ҷаббороваҳо ҳангоми қироати шеърҳои шоирони муосири тоҷик маҳорати хос зоҳир намуда, бо лаҳни зебои худ табъи мухлисони каломи бадеъро шод намуданд.
Шоирони халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб, Гулназар, Камол Насрулло, Ҳақназар Ғоиб, Аҳмадҷони Раҳматзод ва шоирон Озарахшу Бузургмеҳри Баҳодур аз ашъори хеш намунаҳои беҳтаринро ба самъи ҳозирин расонда, ба чорабинӣ шукӯҳу шаҳомати хосса илқо намуданд.  
Мардуми шарафманди Айнӣ баргузории чунин як чорабинии муҳташаму хотирмонро дар ноҳияашон боиси сарфарозии хеш арзёбӣ намуданд. Хурду калони шаҳраки Айнӣ аз ташрифи шахсиятҳои шинохтаи ҷумҳурӣ ба диёрашон ва шиносоӣ бо аҳли қалами «Ҷумҳурият» хеле хушнуд буданд.
Аз ҷумла, аҳли фарҳанг ва маорифи ноҳия аз иқдоми Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият», ки  дар ҳамбастагӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия тавонистанд муҳимияти бузургдошти забони модарӣ ва қадршиносӣ аз фарзонафарзандони миллатро дар баланд бардоштани ҳувияти миллӣ ва ҳисси ватандӯстию хештаншиносӣ хеле нишонрас инъикос намуд, хушнуд буданд.  Аз ҷумла, Муллоғиёс Шарифзода, мудири шуъбаи маорифи ноҳия, изҳор намуд, ки дар расми ҷамъбасти озмун, ҳамчунин, як қатор чорабиниҳои илмию фарҳангӣ сурат гирифтанд. Вохӯрии зиёиён ва омӯзгорону толибилмони ноҳия бо адибон, олимон ва қаламкашони шинохтаи кишвар дар таълиму тарбияи ҷавонон ва насли наврас дар рӯҳияи худшиносии миллӣ нақши муассир гузошт. Дар сафар ба деҳаи Зосун, сайр дар боғу хонаи Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ ва маросими гулгузорӣ бар пояи пайкараҳои Туғрали Аҳрориву устод Садриддин Айнӣ ҷавонону наврасони ноҳия олимону шоирон ва рӯзноманигоронро ҳамроҳӣ намуданд.  Аз оғоз чорабинӣ фазои идонаро ба худ касб намуд.  Барои ҷавонон ёд овардан аз заҳмату талошҳои устод Садриддин Айнӣ ба хотири ҳифзи забони тоҷикӣ дарси таърих гардида бошад, гиромидошти он дар замони Истиқлолияти давлатӣ ва хидматҳои мондагори Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар паноҳи давлат қарор додани забони модариамон дар ниҳоди ҳар шахс ҳисси ифтихори миллиро меафзояд.
Яке аз барандагони озмун Фатҳиддин Баҳриддинов бо арзи сипос ба ташкилкунандагони он ва ҳисси қаноатмандӣ аз натиҷаҳояш изҳор дошт, ки вазифаи ҷонии мо, омӯзгорон ва волидон, аз он иборат аст, ки дар раванди таълиму тарбияи фарзандон ба эҳтироми забони модарӣ диққати махсус диҳем, забони гуворою ноби тоҷикиро аз  унсурҳои бегона пок сохта, софу беолоиш нигоҳ дорем.
Ғолиби озмун Абдулҳамид Самад таассуроти хешро аз чорабинӣ чунин баён намуд: «Агар наворҳо ва расмҳои гирифтаамон набошанд, мо ба Душанбе рафта, аз пазироии самимонаи мизбонон, суҳбатҳои гарму дӯстонаи баргузоргардида, мулоқоту дидорбиниҳои хотирмонамон ҳикоят кунем, касе ба гуфтаҳои мо шояд бовар накунад. Ин ҳама аз самараи ҷаҳду талошҳои фарзонафарзандони миллат дар гиромидошти муқаддасоти миллӣ ва аз фазои сулҳу оромиши дар кишвар ҳукмрон дарак медиҳад. Агар дар ҳифзу гиромидошти забонамон хидмати  қаҳрамонҳои Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон ва Садриддин Айнӣ хеле зиёд бошад, дар нигаҳдории миллату давлатамон забонамон саҳмгузор аст. Забони тоҷикӣ худ қаҳрамонеро мемонад, ки аз зуҳуроти воқеаҳои фоҷиабори таърихӣ сарбаландона берун омада, асоси ҳастии миллатамонро ташкил додааст. Бесабаб ҳам нест, ки Сарвари давлатамон  забонро дар паноҳи давлат ва давлатро дар паноҳи забон қарор додаанд».
Арҷгузорӣ ба мақоми забони давлатӣ, татбиқи сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифзу гиромидошти арзишҳои фарҳангӣ, ормонҳои миллӣ, шинохти чеҳраҳои мондагори таърихӣ ҳадафи аслии ташкил ва баргузории озмуни мавриди назар буд. Рӯзномаи “Ҷумҳурият” ба сифати нашрияи милливу мардумӣ дар иҷрои ин амр муваффақ шуда, дар доираи баргузории озмун матолиби зиёди илмиву оммавиро манзури хонандагон намуд, ки дар шинохти асолати таърихии забон аз аҳамият холӣ нест. Зеро ба эътирофи доираи васеи хонандагону муҳаққиқон маводи нашршуда, метавонад минбаъд дар пажӯҳишҳои илмии забоншиносӣ ҳамчун сарчашма мавриди истифода қарор гирад ва дар рушди минбаъдаи забони тоҷикӣ хидмат намояд.
Муҳаммадуллоҳи ТАБАРӢ, “Ҷумҳурият”
Душанбе – Айнӣ – Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.10.2017    №: 208    Мутолиа карданд: 839

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед